logo

Хабарҳо

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

Дар толори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» - и Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» барои солҳои 2019 - 2020 баргузор гардид.
 
Озмуни мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни аҳолӣ, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварони ҷумҳурӣ,  ҳамчунин, ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид. Ба озмун 51 нафар бо пешниҳоди 117 ихтироъ барои иштирок дар озмун ҳуҷҷат пешниҳод намуданд.
Тибқи қарори комиссияи озмун устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Зумрат Ғайбуллоева ҳамчун ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2019 - 2020 сазовори медали тиллои Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СҶМЗ) шуд. Номбурда дорандаи 7 нахустпатент, 1 патенти Авруосиёгӣ, 4 аризаи Авруосиёгӣ ба ихтироъ мебошад. Инчунин, Суҳбатҷон Баҳриев бо ҷоизаи олии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ - медали тиллоии ба номи В. И. Блинников сарфароз гардид. Ӯ дорандаи 1 патент, 15 нахустпатент, 2 патенти Авруосиёгӣ, дастурамал барои фермерҳо ва деҳқонҳо мебошад. 
Илова бар ин, се нафар бо ҷоизаи олии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» - «Нишони фахрии МД ММПИ» ва се  нафар бо ҷоизаи «Нишони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ва чор нафар бо дипломҳои дараҷаи аввал, дуюм, сеюм ва олӣ қадр шуд. Ба ихтироъкорони дигар дипломҳои иштирокчии озмун ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. 
Боймурод Бойзода, сардори раёсати иттилооти илмӣ - техникӣ ва патентии МД "Маркази миллии патенту иттилоот", - изҳор дошт, ки бо истифода аз имкониятҳое, ки Ҳукумати мамлакат фароҳам овардааст, муассисаҳои илмӣ ва истеҳсолӣ, ширкатҳои хусусӣ, олимону ихтироъкорон бояд мунтазам бо роҳи татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ дар истеҳсолот, кашфиёту ихтирооти нав анҷом дода, усулҳои инноватсионии техника ва технологияи муосирро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ҷорӣ намоянд.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 921
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед