logo

Хабарҳо

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

Дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши VIII геологҳои ҷавон дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020 - 2040» ва Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.

Зикр гардид, ки «Слёти геологҳои ҷавон» бори ҳаштум аст, ки гузаронда шуда, ҳадафи он ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои бунёдӣ, кашфи истеъдодҳои нодири геология ва тақвияти раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад.  
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори  Саридораи геология, иброз дошт, ки дар ҷомеаи имрӯза барои пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст. Чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тоза ва неруи пешбаранда буда, истифодаи васеи фановарии муосирро дар истеҳсолот ба хубӣ таъмин карда метавонанд. Муҳим он аст, ки бо ҷалби насли наврас ва ҷавонон ба соҳаи геология муносибати онҳо ба табиат, ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои табиӣ ва аз ҳама муҳим муҳаббат ба Ватани хеш комилан тағйир меёбад. 
Ҷамъомади геологҳои ҷавон ҳамасола дар сатҳи баланди ташкилӣ доир мешавад, вале имсол бо сабаби пандемия дар сатҳи маҳдуд гузашт. Дар он асосан мактаббачагони ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ таваҷҷуҳдошта иштирок намуда, бо маҳорату кордонӣ дар соҳаи геология қувваозмоӣ карданд. 
Аъзои ҳакамон аз байни онҳо беҳтаринҳоро интихоб намуда, ғолибон ба «Слёти геологҳои ҷавони ИДМ», ки баргузории он моҳи августи соли равон дар нақша аст, роҳхат гирифтанд. Ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиши геологҳои ҷавон бо медал, диплом ва сипосномаи Саридораи геология сарфароз гардонда шуданд.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1131
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед