logo

Хабарҳо

Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

Дар Душанбе иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Вазирони мудофиа бо ҳамгироии тарафайн изҳор доштанд, ки таҳияву ҳамоҳанг намудани амалиёти муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои СҲШ дар ташкилу баргузории машқҳои дастаҷамъонаи зиддитеррористии Ситодӣ - фармондеҳӣ таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна - 2021» ба сайқали таҷриба ва маҳорату малакаи касбии ҷузъу томҳо дар самти безарар гардондани ташкилоти байналмилалии террористӣ ва дигар зуҳуроти хатарзои ҷомеаи муосир мусоидат менамояд.
Бо нигаронӣ аз бадшавии босуръати вазъ дар Афғонистон, зарурати пешгирии ташаннуҷи вазъ дар фазои СҲШ - ро тазаккур дода, афзоиши назарраси фаъолияти ташкилоти террористиро дар минтақа пас аз хуруҷи неруҳои СПАШ ва кишварҳои дигар аз Афғонистон таъкид намуданд.
Қарор шуд, ки ҷаласаи навбатии шӯро соли 2022 дар Ӯзбекистон гузаронда шавад.
 
 
Мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон бо вазири молия ва иқтисоди Туркманистон
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо вазири молия ва иқтисоди Туркманистон Мухаммедгелди Сердаров мулоқот намуд. 
Вохӯрӣ дар ҳошияи баргузории ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ доир гардид.
Ҷонибҳо атрофи масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.
 
 
Бонки миллӣ дархости «Тоҷиксармоягузор» - ро қонеъ накард
Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади устувории молиявии низоми суғуртаи кишвар дархости КВД суғуртавии «Тоҷиксармоягузор» ҷиҳати тамдид намудани муҳлати амали иҷозатнома, бинобар ҷавобгӯ набудани фаъолияти он ба талаботи қонунгузории соҳавӣ, қонеъ карда нашуд.
Қарори  мазкур мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» қабул гардидааст.
Дар робита ба иҷрои қарори мазкур Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдор ворид намояд.
 
 
Азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ
Аз 11 то 14 август дар Маркази миллии тестӣ азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ гузаронда мешавад. Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки интихоби дурусти худро ба роҳ монанд. Зеро дар давраи озмуни тақсимоти такрорӣ довталаб аз рӯи баллҳои бадастовардааш ба гурӯҳи ихтисоси такрории интихобнамудааш номнавис мешавад. 
Марказ ба диққати довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосии довталабон роҳ ёфта, лекин дар озмуни тақсимоти мазкур аз рӯи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардиданд, мерасонад, ки азнавбақайдгирии чунин довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ аз рӯи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказондаи дохилшавӣ дар соли 2021 холӣ мондаанд, дар якчанд нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.
 
 
COVID - 19. 78 ҳолати нави сироят
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 78 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID - 19 қайд гардид. Ҳамчунин, 86 нафар аз ин беморӣ табобат ёфт.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 31 июл дар кишвар 15082 нафар гирифтори COVID-19 сабт шуда, аз ин шумора то санаи мазкур 14556 кас (96,5%) шифо ёфт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 876
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед