фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Гулмаҳмадзода Д. Қ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 августи соли 2021, № 217
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
озод намудани Сатторов И. М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сатторов Имомуддин Мирзоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва, ҳамзамон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон ва Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 августи соли 2021, № 218
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова
озод намудани Холбобоев Ф. С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Холбобоев Файзулло Самадович аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 августи соли 2021, № 219
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
таъйин намудани Гулмаҳмадзода Д. Қ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таъйин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 августи соли 2021, № 220
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова
таъйин намудани Назризода Д. Ҳ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Назризода Давлаталӣ Ҳайдар сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина, ҳамзамон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова таъйин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 августи соли 2021, № 221
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.08.2021 №: 153 Мутолиа карданд: 4851