logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. АВЛАВИЯТ БА ТАЪСИСИ ҶОЙИ НАВИ КОР

 
Бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандони корҷӯ, расондани ёрии молиявӣ ба шахсони бекор ва ташкили ярмаркаҳо аз ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Саодат Буҳоваддинова оид ба тадбирҳои дар самти мазкур татбиқшаванда зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин гуфт:
 
Тайи шаш моҳи аввали соли равон 2241 шаҳрванд ба раёсати агентӣ барои пайдо намудани ҷойи кор муроҷиат карда, аз онҳо 1186 кас, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», ба қайд гирифта шуд. Дар ин давра 991 кас дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуд. 
Мувофиқи талаботи бозори меҳнат аз ҳисоби бекорони дарқайдбуда, 185 хоҳишманд аз рӯи ихтисосҳои гуногун ба омӯзиши кӯтоҳмуддат, аз ҷумла муҳосиб – оператор, муҳосиб, ҳунари кафшергарӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, қаннодӣ ва барқкор фаро гирифта шуд, ки 123,3 дарсади нақшаро ташкил медиҳад". 
Инчунин, 355 шаҳрванд тариқи худмаблағгузорӣ соҳибкасб гардид. Бо мақсади боз ҳам бештар ба шуғл фаро гирифтани корҷӯён раёсати агентӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода карда, дар шаш моҳ бо иштироки 41 корхонаю ташкилот ҳашт ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор карданд. Тавассути ярмаркаҳо 88 кас бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардид.
Ба 30 шаҳрванд барои пешбурди соҳибкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба маблағи 99 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд. 98 нафар, аз ҷумла сарбозони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргашта ва нафарони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда ба маблағи беш аз 76 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ гирифтанд. 
- Қатъи назар аз муваффақиятҳои нимсолаи аввали соли равон, моро зарур аст, ки фаъолиятро тақвият бахшида, дар мавриди ташкили ихтисосҳои зарурӣ тибқи дастури Пешвои миллат тадбирҳои мушаххас андешем. Илова бар ин, роҳбарияти ташкилоту муассиса, корхонаву дигар ниҳодҳо бояд, ки бо мақсади таъминоти аҳолӣ бо ҷойи кор ва ба ин васила, коҳиш додани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамкориро тақвият бахшанд, - илова кард Саодат Буҳоваддинова. 
 
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.08.2021    №: 153    Мутолиа карданд: 1877
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед