logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БУҶЕТҲОИ МАҲАЛЛӢ НИЗ ПЕШРАФТ ДОРАНД
 
Ба иттилои вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, тайи шаш моҳи соли равон ҳаҷми ММД қариб 40 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиши он 8,7 дарсадро ташкил дод. Рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, асосан, аз ҳисоби гардиши савдои хориҷӣ 42,8 дарсад, саноат 23,4, сохтмон 22,1, гардиши мусофирон 16,9 ва кишоварзӣ 8,1 дарсад таъмин гардид. Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ 13,2 миллиард сомониро ташкил дод, ки 106,5 дарсади нақшаро дар бар мегирад. Воридоти даромади буҷетӣ нисбат ба нақша беш аз 809 миллион ва нисбат ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 3,4 миллиард сомонӣ зиёд аст. 
Номбурда зимни посух ба суоли хабарнигори рӯзнома оид ба манбаъҳои даромади буҷетҳои маҳаллӣ изҳор дошт, ки тадриҷан сафи ноҳияҳои дотатсионӣ дар мамлакат коҳиш ёфта истодааст. 
- Вақти он расидааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо тавассути ташкили корхонаҳои саноатию хизматрасонӣ манбаъҳои даромади буҷети маҳаллиро зиёд намуда, ба худтаъминкунӣ гузаранд. Аллакай, ин раванд беҳбудӣ ёфтааст. Масалан, ноҳияи Сангвор яке аз минтақаҳои кӯҳсор ва дурдасти ҷумҳурӣ дар ҳоли баромадан аз дастнигарии молиявӣ аст. Бовар аст, ки баъди як сол ноҳия дар таъмини буҷети маҳаллӣ ва сарфи маблағҳои он ба соҳаҳои гуногун худкифо мегардад, - гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода. 
 
 
 
МИНБАЪД «FACEBOOKE» ВА «YANDEX» ҲАМ АНДОЗ МЕСУПОРАНД
Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода дар робита ба андозситонӣ аз шахсони хориҷӣ дар намуди «андоз аз Google» изҳор дошт, ки тайи нимсолаи аввали соли равон 18 шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла «Facebooke», «Yandex» дар кумита барои супурдани андоз ба қайд гирифта шуданд. Дар ин давра субъектони соҳибкории тиҷорати электронӣ беш аз 14 миллион сомонӣ даромад намуданд, ки аз ҳисоби онҳо 1,2 миллион сомонӣ андоз пардохта шуд.  
Номбурда иттилоъ дод, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон даромад аз ҳисоби андоз ба буҷети давлат ба ҷойи 6 миллиарду 454,9 миллион сомонӣ 6 миллиарду 545,9 миллион сомонӣ, яъне 101 дарсад иҷро шуд. Ҳамчунин, пешниҳоди эъломияҳо тариқи электронӣ аз ҷониби андозсупорандагон, аллакай, ба 144,5 ҳазор адад расидааст, ки барои пурра электроникунонии низоми андозӣ заминаи мустаҳкам мегузорад. Ҳоло дар заминаи портали кумита 63 намуди хизматрасонӣ ба таври электронӣ сурат мегирад, ки дар қиёс ба кишварҳои дигари ИДМ дар сафи пеш қарор дорад. Дар ин муддат бақияи пардохтҳо ҳам коҳиш ёфта, ба 783,6 миллион сомонӣ баробар гардид. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
БОРИ АВВАЛ ДАР 15 СОЛИ ОХИР ҲАҶМИ СОДИРОТ АЗ ВОРИДОТ БЕШТАР ГАШТ
 
Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар нимсолаи аввал гардиши тиҷорати хориҷии мамлакат ба 2 918,7 миллион доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 773,8 миллион доллар зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии гардиши мол 1 870,2 миллион доллар ба воридот ва 1 048,5 миллион ба содирот рост омада, мутаносибан воридот 365,5 миллион ва содирот 408,3 миллион доллар афзоиш ёфтааст. 
Дар ин давра аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷии кишвар бо 111 мамлакати ҷаҳон амалиёти содиротию воридотӣ ба анҷом расонда шуд. Дар содироти молҳои ватанӣ вазни қиёсии асосиро маъданҳо ва консентратҳо (15,4 дарсад), нахи пахта (7,1), алюминий  (6,9), семент (2,6), ресмони пахтагӣ (2,4) ва маҳсулоти меваю сабзавот (1,2 дарсад) ташкил медиҳанд. Аз ҳаҷми умумии содирот 23 дарсад ба кишварҳои хориҷи наздик ва 77 дарсад ба кишварҳои дур рост меояд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
 
 
 
СОДИРОТ 92,2 ДАРСАД АФЗУД
 
Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки сарфи назар аз пайомадҳои ногувори пандемияи коронавирус Тоҷикистон бо беш аз 100 мамлакати хориҷӣ додугирифт дорад. Дар шашмоҳаи аввал ба маблағи 1231,6 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти ватанӣ содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 577,5 миллион доллар зиёд мебошад. 
- Содироти маҳсулоти саноатӣ бошад, 1219,3 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 92,2 дарсад бештар аст, - гуфт Шавкат Бобозода.
Зикр шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ дар шашмоҳаи аввал 12256,9 ҳазор доллар маҳсулоти кишоварзӣ интиқол ёфт. Аз рӯи ҳаҷм содироти маҳсулоти кишоварзӣ 106,4 ҳазор тоннаро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4 ҳазор тонна афзуд. 
 
А. Кароматулло, 
«Ҷумҳурият»
 
 
 
ДАСТРАСИИ КИШОВАРЗОН БА ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ
 
- Дар нимсолаи аввали соли равон барои кишти саривақтӣ, ҷамъоварии ҳосили хӯроки чорво, инчунин, таъмиру таҷдиди роҳҳои чорвогузар дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо - II» ба ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳҳо 2 трактор, 3 экскаватор, 2 ядаки тракторӣ, 35 тухмитозакунаки ғалладона ва 130 мошинолоти гуногуни кишоварзӣ (испор, алафтойкунак, сихмола, чизел) дода шуд, - гуфт дар нишасти хабарӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода.
Дар ин давра бо истифода аз 125 инкубатори дастрасгардида беш аз 22 ҳазор чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 108 ҳазор чӯҷаи мурғи марҷон истеҳсол шуда, ба 497 зани ниёзманди деҳаҳои зерҳадафи лоиҳа 3300 чӯҷаи мурғи хонагӣ ва марҷон ройгон дода шуд. 
Ба гуфтаи Абдулаҳад Хоҷазода ҳадафи асосии лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо - II» баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор тавассути идоракунии самараноки чарогоҳ ва беҳтар намудани маҳсулнокии чорво мебошад. 
 
Кароматулло АТО,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1238
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед