logo

Хабарҳо

РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

Дар маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия” - и Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино  шакли капсулаи равғани моҳӣ, кунҷит, сиёҳдона ва баъзе доруҳои дигар дар шакли қурс истеҳсол мегардад. Дар ин бора Ёраҳмад Қаландарзода, директори марказ, ба мо хабар дод.
 
Бино ба иттилои ӯ, ба ин хотир аз ҳисоби маблағҳои донишгоҳ ва ҳам гранти кишварҳои Чин, Русия ва Беларусия ба марказ таҷҳизоти муосир ворид гардидааст.
- Қарор аст, ки марказ 18 август дар  Рӯзи кормандони соҳаи тиб ба истеҳсоли маводи дору шурӯъ намояд, - афзуд Ё. Қаландарзода.  
Зимнан, маркази “Фарматсия” дар донишгоҳ соли 2016 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва рушди саноати дорусозӣ таъсис ёфтаст.
 
 
 
ЗАМИН ТО САТҲИ РЕКОРДӢ ТАФСОН МЕШАВАД
Дар ин бора сомонаи “Sputnik” бо истинод ба “Axios” иттилоъ додааст.
 
“Дар даҳ соли оянда эҳтимол Замин бо гармии ғайримуқаррарӣ рӯ ба рӯ гардад”, - ҳушдор додааст сомона.
Тавре дар сомона омадааст, дар сурати идома ёфтани партоби зиёди газҳои  гулхонаӣ ба атмосфера, эҳтимол то соли 2050 ҳарорати ҳаво аз 2 то 7  ва то соли 2080 аз 3 то 21 маротиба зиёд гардад. 
Зимнан, муҳаққиқони иқлим барои тағйири вазъ коҳиш додани  партоби газҳои  гулхонаиро зурур мешуморанд.
 
 
 
ДОНИШМАНДОНИ ОЛМОН РОҲИ НАВИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО КАШФ НАМУДАНД
Олмони Донишгоҳи Ҳеттингенси Олмон наноҷисме ихтироъ намуданд, ки коронавирус ва навъҳои нави онро масдуд мекунад. Натиҷаҳои ин бозёфт дар маҷаллаи  “The EMBO Journal”  нашр шудааст.
“Наноҷисм версияи хурди потан (антитела) буда, ба вирус мепайвандад ва онро безарар менамояд. Он, аслан, бар зидди S-сафедаи коронавирус, ки дар пайвастани вирус ба ҳуҷайра ва дохил шудани он ба организм мусоидат мекунад, равона гардидааст. Яъне наноҷисм пеши роҳи сироятёбиро мебандад”, - омадааст дар маҷалла.
Гуфта мешавад, ки таҳқиқгарон ба воситаи наноҷисмҳо ҳайвоноти гуногунро эмгузаронӣ карда, дар натиҷа, беш аз як миллиард антителаи гуногун ҷудо намуданд.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 908
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед