logo

фарҳанг

«СОАТИ МОДАРИ МАН ХУРШЕД АСТ». ТАНТАНАИ ШЕЪРИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР СУҒДИ БОСТОН

Дуюми августи соли равон дар толори хуштарҳу барҳавои Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич бо иштироки васеи намояндагони илму адаби шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан,  Панҷакент ва ноҳияи Мастчоҳ таҳти унвони «Соати модари ман хуршед аст» нахустбазми эҷодии шоири ҷавон, корманди Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» Бузургмеҳри Баҳодур баргузор гардид. 
 
Ин чорабинии дилнишинро раиси ноҳияи Деваштич Ашӯралӣ Ҷалилзода  оғози силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни муқаддаси миллӣ – 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номида, ҳамчун фоли нек арзёбӣ кард. «Тараннуми зебоиҳои Ватан, шукргузорӣ аз фазои сулҳу озодии дар он танинандоз ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар рушду нумӯи он, ки асоси эҷодиёти барандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бузургмеҳри Баҳодурро ташкил медиҳад, баёнгари эҳсосоти ҳар кадоми мо дар ин рӯзҳост», - иброз дошт А. Ҷалилзода. 
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зуфар  Исмоилзода  аҳамияти  тарбиявӣ доштани шеърҳои Б. Баҳодурро махсус таъкид дошта, саҳми онҳоро дар боло бурдани ҳисси ватандӯстии ҷавонон муҳим арзёбӣ намуд. 
Муҳаққиқон Анзурати Маликзод, Субҳони Аъзамзод ва Баҳром Раҳматзод паҳлуҳои мухталифи эҷодиёти Бузургмеҳрро мавриди таҳқиқу таҳлил қарор дода, доир ба тозагӯиҳояш дар шеър, мавқеи муҳими эҷодӣ ва шаҳрвандиашро дар ҳамбастагӣ бо публитсистиаш таъкид доштанд.  Зикр гардид, ки номи дафтарҳои шеъраш низ баёнгари қисмати шоиронаву ифодагари эҳсосоти отифааш ҳастанд. Ӯ бо турнаҳо бол бароварда, ба сӯи чаманистони шеъри ҳамешабаҳори тоҷику форс роҳ пеш гирифтааст. 
Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Субҳони Аъзамзод таъкид дошт, ки: «Бузургмеҳрро, ҳарчанд тафаккур ва қаламаш дар эҷоди соқаи нимоӣ ҳам хеле чашмрас аст, бо вуҷуди ин, дилбаставу ишқварзи сабки куҳан мебошад, бо гоме устувор, хаёлоте тоза ва диди мутафовит куҳангароӣ ва куҳансароӣ дорад ва бо вежагии табъу назараш байни шоирони ҷавон ҷойгоҳи хос пайдо кард».
Бузургмеҳри Баҳодур, ки худ гардонандаи ин маҳфили пурмеҳр буд, пораҳо аз ашъорашро бо маҳорат ва лаҳни ба худ хосу ифтихори олӣ аз Ватану ватандорӣ қироат  намуд. Овозхонони Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Иброҳимзода, дастаи мақомсароёни «Нури Хуҷанд» Дамирбек Олимов бо шавқу шӯри зиёде сароидаҳои хешро бар ашъори шоир манзури ташнагони маърифат намуданд. Ҳамчунин, сарояндагони хушово Инъомҷон Каримов, Хуршед Қобилзода ва Фирӯз Отабоев  намунаҳои ба оҳанг бастаи ашъори Бузургмеҳри Баҳодурро бо маҳорати хос иҷро намуда, табъи сомеонро хуш намуданд. 
Дар ин маҳфили зебои шеър чун ба ҳар паҳлуи эҷодиёти шоир даст мезаданд, исми рӯзномаи бонуфузи «Ҷумҳурият» ба забон меомад. Аз ин ҷост, ки суханронии намояндагони рӯзнома Муҳаммадуллоҳи Табарӣ ва Ҷовиди Аштиро мардум хеле хуш пазируфтанд.  - «Бузургмеҳри Баҳодур аз он шеър мегӯяд, ки бо шеър нафас мегираду зиндагӣ мекунад. Ӯ аз он шеър мегӯяд, ки дар муҳити шеъру сухани воло кору зиндагӣ дорад, - гуфт М. Табарӣ. 
 
Шаҳбоз АБРОР, Комрон САФАР,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.08.2021    №: 154    Мутолиа карданд: 3283
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед