logo

иқтисод

ОБЁРӢ. АЗ ЗАРУРАТИ ОБЁРИИ ҚАТРАГӢ ТО ТАҚСИМОТИ НОБАРОБАР

Бо вуҷуди он ки ҳамасола ҷиҳати беҳдошт ва обёрии заминҳо корҳои мушаххас анҷом меёбанд, сол ба сол вазъи дастрасии заминҳои корам ба об  душвор мегардад. Аз ҷумла, соли гузашта дар ноҳияи Нуробод кишти 2006 гектар картошка ба нақша гирифта шуда буд, ки бо сабаби камчинии об тақрибан 1400 гектари он кишт  нашуд. Чунин ҳол, бе шубҳа, ба амнияти озуқаворӣ бетаъсир нахоҳад монд.
Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ, бо оби полизӣ таъмин намудани заминҳои киштро яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳа арзёбӣ намуда, ба ин нукта ишора кард:
- Қатъи назар аз он ки мо дар саргаҳи дарёҳоем, аз оби полизӣ танқисӣ мекашем. Агар хоҳем, ки соҳаи кишоварзӣ пеш равад, баробари сохтану барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ, марҳила ба марҳила кандани чоҳҳои амудӣ лозим аст. Масалан, дар ноҳияи Нуробод имкон ҳаст, ки канал канда, об орем. Бо соҳибкорон дар ин самт кор карда истодаем. Ҳангоми гузарондани кишти такрорӣ низ ноҳияҳое ҳастанд, ки аз беобӣ танқисӣ мекашанд. Агар дар оянда бо ворид намудани технологияи ҳозиразамон обёрии қатрагиро ба роҳ намонем, таъминоти об барои парвариши зироатҳо бениҳоят душвор мегардад. Ҳадди ақал, обёрии боғу ангурзорро бояд бо тарзи қатрагӣ роҳандозӣ кард.  Ҳоло аз 177 ҳазор гектар пахта, 7700 гектараш бо усули қатрагӣ обёрӣ мешавад, ки қариб 50 дарсад талабот ба обро дар кишти пахта кам менамояд. Бо Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 58 миллион доллари ИМА лоиҳаи рушди соҳаи кишоварзиро ба имзо расондем, ки дар доираи татбиқи он, аз ҷумла, обёрии қатрагӣ пешбинӣ гардидааст. 
 
ЧОҲҲОИ АМУДӢ АЗ КОР БАРОМАДА ИСТОДААНД
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 393 пойгоҳи обкашӣ вуҷуд дорад, ки аксари онҳо мероси замони шӯравию муҳлати истифодаашон кайҳо боз гузаштааст. 
Ба таъкиди муовини якуми Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода, аз норасоии оби полизӣ беш аз ҳама кишоварзони минтақаи Суғд азият мекашанд. Аз ҷумла, заминҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Ашт ва Айнӣ ба воситаи чоҳҳои амудӣ шодоб мегарданд, ки онҳо низ аз кор баромада истодаанд. 
- Чоҳҳои амудие, ки аз тарафи агентӣ бо чуқурии 60 – 80 метр канда  шуда буданд, корношоям гашта истодаанд. Зеро барои он ки об барояд боз 100 метри дигар кандан зарур меояд. Лоиҳаи обёрии чор ноҳияи болозикрро бо маблағи 118 миллион доллар ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод кардем, ки дастгирӣ ёфт. Дар навбати аввал пойгоҳҳои обкаширо иваз хоҳем намуд.  Бо ин беш аз 70 ҳазор гектар замин шодоб мегардад. 
 
ХОҶАГИҲО БОЯД МУТТАҲИД ШАВАНД
Кишоварзони аксари шаҳру ноҳияҳо низ тақсимоти нобаробари обро яке аз мушкилоти соҳа арзёбӣ менамоянд. Хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар қисмати охири каналҳоянд, бештар дучори камобию талаф додани зироатҳояшон мегарданд. Дар ин маврид печидагии кор миёни ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва идораҳои беҳдошти замину обёрии шаҳру ноҳияҳо сардаргумии зиёдро ба бор меорад. Зеро бархе аз роҳбарони ассотсиатсияҳо мутахассиси соҳа нестанду тақсимоти дурусти обро сарфаҳм намераванд. 
Роҳбарияти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ аз ин проблема огоҳанд ва чунин мешуморанд, ки дар баробари таъмини ассотсиатсияҳо бо мутахассисон муттаҳидсозии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба манфиати кор хоҳад буд. Барои мисол, 1000 гектар заминро як нафар роҳбарӣ кунад, дар қатори дигар бартариятҳо, дастрасӣ ба об низ беҳтар мегардад. Ин таҷрибаи санҷидашуда дар Хитой самараи хуб ба бор овард. 
- Афзалияти баҳамоии хоҷагиҳо дар он аст, ки ҳоло деҳқон 60 сотих замин дошта бошад, дар 50 сотих зироат кишт мекунаду дар 10 сотих боғ бунёд менамояд. Оё харидор, бахусус хориҷиён,  барои 1 тонна зардолу ё помидор ба он хоҷагӣ меравад? Не, албатта. Дар Туркия ё Хитой як вилоят танҳо қаланфур мекорад. Тоҷирон, аллакай, медонанд, ки макони қаланфур дар куҷост ва интихобашон низ муайян аст. Агар ин таҷрибаро дар ҷумҳурӣ ба роҳ монем ва хоҷагиҳо муттаҳид шуда, як навъи маҳсулот, аз ҷумла себу ангур, пахта ё помидорро, кишт намоянд, ҳам ҳосилашон ба фурӯш мераваду ҳам тақсимоти об танзим мешавад, - гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Чуноне мутахассисон иброз медоранд, дар ҷумҳурӣ имкони зиёдкунии майдонҳои кишт мавҷуд несту зарур аст заминҳоеро, ки дар ихтиёр дорем, самаранок истифода барем. Дар ин самт татбиқи лоиҳаҳое, ки мақомоти масъул рӯи даст доранд, то куҷо мушкилоти соҳаро бартараф хоҳанд сохт, вақт нишон медиҳад. Вале, оё Вазорати кишоварзӣ муттаҳидсозии хоҷагиҳои ба истилоҳ «карлик»-ро зарур мешуморад, модоме ки яке аз бартариҳояш беҳсозии вазъи обёрист? 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.08.2021    №: 154    Мутолиа карданд: 1872
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед