logo

иҷтимоиёт

БРУНО ЯСЕНСКИЙ – ДӮСТИ СОДИҚИ ТОҶИКИСТОН

 
Бруно Ясенский аз дӯстдорон ва тарғибгарони Тоҷикистон ва адабиёту фарҳангу адибони кишварамон маҳсуб мешавад. Дар ин хусус адабиётшинос  Элвира Султонова таҳқиқоти муфассал анҷом додааст. Китобаш бо номи «Бруно Ясенский ва Тоҷикистон» ба забони тоҷикӣ низ дар тарҷумаи Бурҳон Салмон нашр ва дастраси алоқамандон гардид. Хонандагони тоҷик ӯро бо асари «Одам пӯсташро иваз мекунад» хуб мешиносанд.
Ин адиб нахустин бор ба Тоҷикистон соли 1930 омада буд. Пеш аз ин ташриф адабиёти зиёдро дар бораи кишвари мо ва умуман Осиёи Марказӣ, расму оинҳои миллатамон хонда, маълумот ба даст овард. Аз навиштаи ӯ дар бораи пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе аст: «Қишлоқи Душанберо тақдири аҷибе пеш омад, дар он тарҳи бунёди шаҳр – дар пойтахти ҷумҳурии шӯравии сотсиалистӣ пайдо шуд; дар он рӯз дар фазои он тайёраҳо бо лаклакҳои беқарор ба парвоз омада буданд, лаклакҳо дар болои деҳаи хокӣ пару бол зада, намедонистанд, ки аввалин чархҳои тайёра ба замин бархӯрдааст. Имрӯз ҷодаҳои бидуни ном, вале бо гарду хок аз ду тарафи хонаҳои зиёде имтидод ёфта, хонаҳо монанди заноне, ки аз офтобу гармо хаста шудаанд, зери чатри дарахтон, ки тарҳи боғҳоро гузоштаанд, ба назар мерасанд. Се сол пеш роҳҳо ҳолати харобе доштанд. Аробаҳо чуқуриҳоро базӯр убур менамуданд, мошинҳо ҳангоми ҳаракат ба шикасту рехт мувоҷеҳ шуда, мушкилиҳои зиёд ба назар мерасид... Ҳар баҳор дарахтони шаҳр шабеҳи ҷангал ба назар меомад. Тирамоҳ ин ҷангалҳоро бурида дар сохтмони маҳаллаҳои нав истифода мекарданд. Деворҳои лойиро бо тарҳи нав чаппа карда, майдони хиёбони ояндаи марказӣ нишонагузорӣ мешуд. Шаҳр пеш мерафту рушд дошт...»
Ин нависандаи дӯстдори кишвари мо пас аз соле, яъне соли 1931, бригадаи дувуми нависандагони пролетариро, ки ба ин сарзамин омада буданд, сарварӣ дошт. Мақсад аз ин ташриф инъикоси ҳақиқии пешрафти кишвари мо дар соҳаҳои гуногун буд.
Барои пешрафт, рушду нумӯи адабиёти миллии тоҷик тадбирҳо андешида, маслиҳатҳо додааст. Ҳамзамон, забони ашъори шоиронро камбағал арзёбӣ мекунад ва изҳор медорад, ки «образҳоро дар чаҳорчӯбаи маводи газетаҳо меофаранд». Аммо агар дигарон аз берун ба шеъри тоҷик эрод мегирифтанд, аксуламал нишон медод. Аз ҷумла, ба андешаи шоир Павел Василев зид мебарояд. Ӯ ба шоирони ҷавони кишвари мо пешниҳод намуда буд, ки ба шеърҳояшон «Либоси миллии Тоҷикистон»-ро бипӯшонанд.
Ҳамсари ӯ Анна Берзин дар бораи муҳаббати шавҳараш ба Тоҷикистон навишта буд: «Вай ин мамлакатро дӯст медошт, хеле ҳам огоҳ буд, ки тараққиёти он чӣ гуна мушкилиҳо дорад. Баъзан барояш вонамуд мешуд, ки ба ин мушкилиҳо пирӯз шудан имкон надорад, аммо боварӣ ба оянда ва неруи коммунизм илқо менамуд, ки ин масир бебозгашт аст, пирӯзиҳо муяссар мегардад. Ясенский савора кӯҳу дара ва пуштаҳоро убур намуда, ҳатто дар ин сафар пояш ҳам шикаста бошад, зери офтоби сӯзон аз сафар мунсариф нашудааст... Ва ӯ аз ҳар маконе, ки қаҳрамононаш мезистанд, убур кард, худаш ҳама чизро дид, ҳама чизро таҷриба кард ва дарк намуд.»
Бо устод Садриддин Айнӣ робитаи дӯстӣ дошт. Аз ин устоди забардаст дар бораи урфу одат, расму оинҳои тоҷикон маълумот ҷамъ меовард.
Бо устод Лоҳутӣ низ робита дошт ва ин робитаҳо ба дӯстӣ табдил ёфтанд. Дар таҷлили 30 – солагии  фаъолияти эҷодии ин устод бо ифтихор изҳор дошта буд: «Шоир бо ашъори баландпарвоз ва суруду таронаҳои худ ба дили ҳазорон- ҳазор одамон роҳ ёфта, чун деҳқон дар нигоҳубину кишти мазраи инқилоб саҳми бориз гузошт». 
Бруно Ясенский ба  хонаи адиб, драматург Ғанӣ Абдулло меҳмон мешуд. Он замон Ғанӣ Абдулло чун шоири ҷавон қадамҳои аввалини худро ба майдони адабиёт мегузошт ва чун имрӯз шуҳрат надошт. Бруно Ясенский шеърҳои ӯро ба Москва бурда, ба табъ мерасонад.
Ян Годомский ва Тадеуш Копел, ки аз зодгоҳи Ясенский, яъне аз Полша, соли 1963 ба Тоҷикистон ташриф оварданд, бо дидани пешрафтҳо ва шукуфоиҳои кишварамон ба тааҷҷуб омаданд. Дар ин зимн самимона изҳор доштанд: «Чунин суръати баланди рушди кишвари шумо ба тасаввур намеғунҷад, ки ин водии Вахши ба гулистон табдилёфта сӣ солро пушти сар гузошта бошад. Мо филми телевизиониамонро барҳақ «Одам пӯсташро иваз мекунад» ном мегузорем».
Тавре зикр шуд, «Одам пӯсташро иваз мекунад» номи романи Бруно Ясенский мебошад, ки нахустин бор солҳои 1932-1933 ба табъ расида буд. Ин ва дигар асарҳои адиб дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар кишварҳои хориҷӣ нашр гардидаанд.
Бруно Ясенский 21 июни соли 1901 дар шаҳраки Климентовои Полша дар хонадони духтур таваллуд шудааст. Дар шаҳри Варшава таҳсил намуд. Дар равнақи эҷодиёташ Владимир Маяковский таъсири амиқ мегузорад. Дар Полша таблиғгари ашъори ӯ гардид.
Соли 1934 дар Анҷумани якуми нависандагони шӯравӣ баромад намуда, аз ташрифашу бардошташ дар соли 1929 бар бандари баҳрии Ленинград (ҳоло Санкт - Петербург) ёдовар мешавад. 
Шаҳрвандии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистиро интихоб мекунад. Станислав Бабинский, арбоби намоёни ҳаракати байналмилалии коммунистӣ, баъд аз дидор ва мулоқоташ бо Бруно Ясенский гуфтааст, ки «ман бо шоири ҳақиқӣ рӯ ба рӯ шудам. Вай дорои истеъдоди баланд ва шахсияти нодир аст. Шоири футурист (як навъ ҷараёни адабӣ) буда, вориди коммунизм шудааст.».
Асари нотамоми адиб романи «Тавтеаи бетафовутҳо» (соли 1937) номгузорӣ шудааст, ки нашри онро надид. Қатли ӯ баҳсбарангез мебошад ва баъзе далелҳо онро рад мекунад. Вале дигар ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки хотираи ин дӯсти содиқи кишварамонро беҳтару бештар гиромӣ бидорем. Имсол аз тавлиди ин дилдодаи кишвари мо 120 сол сипарӣ шуд. Ҳоло ҳам фурсат аст, ки ин сана бо нашри асарҳои ӯ, таҳқиқотҳо дар бораи нависанда, таҷлил бигардад.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.08.2021    №: 154    Мутолиа карданд: 571
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед