logo

Хабарҳо

ИМА ваъда дод, ки ҳамлаҳои ҳавоиро дар Афғонистон идома медиҳад

Известия. Котиби матбуоти Пентагон Ҷон Кирби хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати пуштибонӣ аз Қувваҳои Мусаллаҳ ва неруҳои амниятии Афғонистон зарбаҳои ҳавоиро алайҳи «Толибон» идома медиҳад.  
«Мо фаъолнокии «Толибон» - ро дар кишвар мушоҳида мекунем, вазъи амниятӣ то ҳол нигаронкунанда аст ва эътироф мекунем, ки барои дастгирии Ҳукумат ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳем ва анҷом хоҳем дод», - гуфт Кирби дар мусоҳибае, ки мустақиман дар аккаунти Твиттери   идора пахш шуд.  
"Хотиррасон кардан муҳим аст, ки худи қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоии Афғонистон барои дастгирии неруҳояшон дар замин нисбат ба мо зиёдтар ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳанд", - гуфт сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ИМА.
 
 
 
ВАО: «Мақомоти Афғонистон соли 2020 -ум 5000 толибро 
аз зиндон раҳо кард» 
EurAsiaDaily. Тибқи иттилои рӯзномаи Wall Street Journal, Ҳукумати Афғонистон соли 2020 - ум 5 ҳазор ҷангҷӯи асир, аз ҷумла фармондеҳи ҷунбиши радикалии «Толибон» - ро,  ки ҳамла намудан ба Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманди Афғонистон ба уҳдаи ӯст, таҳти фишори ИМА озод кард.  
Ба гуфтаи вай, яке аз фармондеҳони «Толибон» Мавлавӣ Толиб дар доираи музокироти сулҳ бо ҳазорон зиндониёни дигар, ки дубора ба тарафи «Толибон» меҷанганд, озод карда шуд. Дар аввал Кобул нахост маҳбусонро раҳо кунад, аммо таҳти фишори Вашингтон ин корро  анҷом дод. Пеш аз озод шудан, маҳбусон шартномаеро имзо карда, дар он   ваъда доданд, ки дигарбора бар зидди Ҳукумат намеҷанганд, вале аксарият дубора силоҳ ба даст гирифтанд, - менависад рӯзнома бо истинод ба сухангӯи Вазорати мудофиа Фавад Ҳаман.
 
 
Байден вазъи COVID - 19 - ро дар ИМА фоҷиа меномад
Известия. Президенти ИМА Ҷо Байден пандемияи коронавирусро дар кишвар фоҷиа номида, аз бад шудани вазъи кишвар дар ояндаи наздик ҳушдор дод.  Мусоҳибаи  Раҳбари Амрико дар саҳифаи Твиттераш пахш карда мешавад.
"Коршиносон ба мо мегӯянд, ки ин фоҷиаест, ки метавонист пешгирӣ шавад ва вазъ пеш аз беҳтар шуданаш  бадтар хоҳад шуд", - гуфт Байден.  
Ӯ  зикр кард, дар давлатҳое, ки сатҳи эмгузаронии паст доранд, 10  - 20 маротиба  ҳолати сироятёбӣ  ба коронавирус  беш аст, зеро онҳое, ки бар зидди сироят эм шудаанд, хеле кам бо COVID - 19 бемор мешаванд ва қариб ҳеҷ гоҳ ба беморхона намераванд.
Ба гуфтаи  Байден, сатҳи эмгузаронӣ дар кишвар тайи як ҳафтаи охир аз 55 дарсад гузаштааст ва нишондоди миёнаи ваксинаи рӯзона баландтарин дар як моҳ аст.
 
 
Даъвати Беларус аз Қазоқистон 
ТАСС. Беларус сарбозони Қазоқистонро барои иштирок дар машқҳои муштарак бо Русия "Ғарб-2021", ки моҳи сентябр баргузор мешавад, даъват кардааст. 
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати  мудофиаи ҷумҳурӣ пас аз мулоқоти сардори  идора генерал - лейтенант Виктор Хренин бо муовини аввали вазири мудофиаи Қазоқистон - сардори ситоди генералӣ генерал - лейтенант Мурат Бектанов хабар дод. "Зимни мулоқот генерал - лейтенант Виктор Хренин ягонагии афкорро оид ба чолишҳо ва таҳдидҳо дар минтақаҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ қайд намуда, ба сатҳи ҳамкории низомӣ  миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Беларус баҳои баланд  дода,  аз Қазоқистон даъват  кард, ки дар машқҳои «Ғарб -2021» иштирок намояд», -  зикр  мегардад дар  Вазорати  мудофиаи Беларус.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 785
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед