logo

Хабарҳо

“МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”. ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШӢ ВА МАГИСТРАТУРА

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ва Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи расмии Маркази омӯзишӣ ва шуъбаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, директорони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов,  Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода,  доктори фахрии академия Нусратулло Абдуллозода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода, Шарифҷон Ҳакимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни маросим ректори академия профессор Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки ҳадаф аз ташкили магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” омӯзиши мактаби идоракунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши он дар рушди соҳаҳои стратегии низоми иҷтимоии ҷомеа буда, диққати асосӣ ба корнамоиҳои Пешвои миллат дар рушди давлатдории миллӣ ва ҳалли масъалаҳои стратегӣ дода мешавад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода зимни суханронии хеш зикр намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбари давлати тоҷикон интихоб гардиданд, ки Тоҷикистон ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор буд ва тамоми шохаҳои мақомоти давлатӣ фалаҷ шуда буданд. Тамоми қувваҳои сиёсии мамлакат, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дастаҳои мусаллаҳи яроқнок на баҳри манфиатҳои умумимиллӣ, балки барои манфиатҳои тангназаронаи худ талош мекарданд. Дар чунин шароити сангин вазифаи муҳимтарини роҳбарияти нави Тоҷикистони соҳибистиқлол пешгирӣ намудани роҳи шикасти минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таъмини амнияти давлат ба ҳисоб мерафт. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар як вақт сарварии давлатро низ ба уҳда доштанд, бо дарки воқеии вазъияти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии мамлакат аз лаҳзаҳои нахустини фаъолият дар ин мақоми барои сарнавишти миллат ва давлат басо пурмасъулият барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани кишварро ба миён гузоштанд. Мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзанда ва шоёни таҳқиқ омӯзиш буда, моро зарур аст, ки ба хизматчиёни давлатӣ таҷрибаи бузурги давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омӯзонем. 
Ҳамчунин, зимни чорабинии мазкур ҷилдҳои 1, 2 ва 3 - и китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” ба меҳмонону иштирокчиён муаррифӣ гардид. Таъкид гашт, ки ҷилдҳои 4 ва 5 –и китоби мазкур давоми соли ҷорӣ ба нашр хоҳанд расид.  
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 795
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед