logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТУРКМАНИСТОН

4 августи соли 2021 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон бо маросими истиқболи бошукӯҳ дар майдони “Истиқлол”- и шаҳри Ашқобод оғоз ёфт.
 
Барои истиқболи меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони зебо бо парчамҳои давлатии ду кишвар, сафҳои Горди фахрии Туркманистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ ороста буд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.
Маросими бошукӯҳи истиқбол бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарварони ҳар ду давлат аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба парчами давлатии кишвари мизбон, салом арза доштан ба афсарону сарбозони горди фахрӣ ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфта, бо гузашти низомии ҷузъҳои горди фахрӣ аз назди сарварони ду давлат ба поён расид.
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ ҳангоми ҳаракат аз майдони “Истиқлол” то Қасри “Оғузхон” автомашинаи меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қаровули фахрии аспсаворон ҳамроҳӣ кард.
 
 
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон
Масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хоссаи сарварони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Туркманистон идома ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ба Сарвари кишвари мизбон - Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Туркманистон изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки мо тарафдори рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Туркманистон мебошем.
Таъкид гардид, ки давоми солҳои истиқлолият миёни Тоҷикистон ва Туркманистон заминаи боэътимоди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳангӣ - гуманитарӣ ба вуҷуд омадааст ва дар асоси ин дастовардҳо ҳамкории давлатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои кунунии ҳамкории ду кишвар, инчунин, як қатор масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Изҳори умед шуд, ки ҳамкории мутақобилан судманди байни кишварҳо минбаъд низ ба нафъи халқҳои бародар фаъолона рушд хоҳад кард.
Барои рушди ҳамкории сиёсӣ ва тиҷоратӣ - иқтисодӣ роҳандозии тадбирҳо оид ба татбиқи Барномаи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ то соли 2023, инчунин, ташкили Харитаи роҳ оид ба афзоиши тиҷорат дар ду соли оянда зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки баҳрабардорӣ аз имконоти васеи соҳаҳои саноат, нақлиёт, ташкили мусофиркашонӣ дар роҳи оҳан ва хатсайрҳои ҳавоӣ, ташкил ва боло бурдани ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалии боркашонӣ бо мошин ва роҳи оҳан тавассути ҳудуди Туркманистон, истифодаи бандари байналмилалии баҳрии “Туркманбошӣ” ҳамчун маркази логистикии борҳои транзитии Тоҷикистон, ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.
Зимни мулоқот оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки кишоварзӣ, аз ҷумла дар бахши зироаткорӣ ва чорводорӣ, бо истифодаи имконоту иқтидори мавҷуда табодули афкор шуд.
Рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои фарҳангӣ - гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ ва густариши робитаҳои байниминтақавӣ, аз ҷумла байни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Аҳали Туркманистон, аз мавзӯъҳои дигари мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон буданд, ки ҷонибҳо барои татбиқи онҳо омодагӣ ва ҳавасмандии худро изҳор доштанд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории судманди кишварҳоро дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар сохторҳо, муҳокима карданд. 
Зимни баррасии мушкилоти амниятии минтақавӣ, ба таҳдидҳои асосӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ, экстремизм, радикализми динӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва вазъи душвори муқовимати дохилӣ дар Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар охири музокирот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мувофиқ бо сафари ҷавобӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.
 
 
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарварони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон имзо гузоштанд.
Сипас, 19 санади зерин ба имзо расид:
Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молия ва иқтисоди Туркманистон;
Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон барои солҳои 2021 - 2023;
Созишнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва робитаҳои хориҷии Туркманистон дар бораи ташкили хонаҳои савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон;
Харитаи роҳ оид ба зиёд кардани гардиши савдо барои солҳои 2022 - 2023 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон;
Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои соҳибкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Туркманистон;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсолот;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати сайёҳӣ;
Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2022 - 2024;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ;
Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба татбиқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи эътирофи дутарафаи иҷозатномаҳо барои амалигардонии фаъолияти сохтмонӣ;
Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Туркманистон;
Созишномаи ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳокимияти вилояти Аҳали Туркманистон;
Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Туркманистон;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон;
Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 30 декабри соли 1999;
Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2021-2023;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон;
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ оид ба натиҷаҳои музокироти сатҳи олии ду кишвар барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста шуд.
Сарварони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо изҳороти матбуотӣ баромад карда, ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баҳои баланд доданд.
 
 
Гулчанбаргузорӣ дар майдони маҷмааи “Ёдгории миллӣ”  ва боздид аз осорхонаи “Муқаддасоти Ватан”
Нимаи дуюми рӯзи 4 - уми август дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қипчоқ дар назди оромгоҳи шахсиятҳои намоёни халқи туркман гулчанбар гузошта, арвоҳи гузаштагонро бо фотиҳаи нек шод карданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масҷиди калони Туркманистон боздид ба амал оварданд.
Дар майдони маҷмааи “Ёдгории миллӣ”- и шаҳри Ашқобод ба таъриху тамаддуни мардуми туркман, дар назди муҷассамаҳои ёдгорӣ бахшида ба муҳорибаи Гуктеппа, қурбониёни ҷанги дуюми ҷаҳон ва шаҳидони заминларза дар шаҳри Ашқобод эҳтиром ба ҷо оварда,  дар назди “Гулхани абадӣ” гулчанбар гузоштанд.
Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Туркманистон ҳамроҳӣ карданд.
Баъди маросими гулчанбаргузорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳон ба осорхонаи Туркманистон ба номи “Муқаддасоти Ватан” ташриф оварданд.
Дар даромадгоҳи осорхона меҳмони олимақомро роҳбарият ва коргарони осорхона гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Баъди шиносоӣ бо нигораҳои нодири осорхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ аз ташрифи худ дастхат ва соядаст гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳадафи сафари навбатии давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон расидан ба тавофуқоти зиёд дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатовар мебошад.
Зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ сарварони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баробари баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, инчунин, ҳадафҳои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои зиёди истифоданашударо баррасӣ карданд.
Бояд гуфт, ки байни Тоҷикистону Туркманистон аз рӯзҳои нахустини ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ беш аз 75 санади муҳими ҳамкорӣ мавҷуд буд ва дар доираи ин сафар баъди мулоқоту музокирот боз 20 санади нав ба имзо расид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.08.2021    №: 155    Мутолиа карданд: 838
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед