logo

иҷтимоиёт

ЁДИ ОН МАРДОНИ МАЙДОН ЁД БОД!

Дар китобе, ки мондагор асту «Чеҳраҳои мондагор» ном дорад, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сутунҳои мармарину заррини миллат як пайкараи муҳтарам ва зебои Шириншоҳ Шоҳтемурро ҳам офаридааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад: «Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафони ӯ дар ҷараёни фаъолияти хеле кӯтоҳашон тавонистанд заминаи асосии ташаккули ҳаёти навро гузошта, ҳуқуқи таърихии тоҷиконро ба таъсиси давлати миллӣ ҳимоя намоянд».
Ба шарофати истиқлоли сиёсӣ осори бойгониву таҳқиқӣ тадриҷан ба нашр расида, дар назари мо чеҳраҳои камошнову ноошоно, аммо қаҳрамонҳои воқеӣ, фидоиёни ҳамин истиқлолу ҳамин озодӣ равшантар шуданд. Дар пеши чашми мо симоҳои Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдулқодир Муҳиддинов, Нисор Муҳаммад ончунон равшан ва ошно шуданд, ки гаштаву баргашта ба қаҳрамонии онҳо таҳсин мегӯем, гаштаву баргашта дарун ба дарун, ошкорову ниҳонӣ аз тақдири талхи онҳо ҳасрати талх мехӯрем, аз ҷабру зулми чархи гардон рӯзгори нисбат ба миллати мо бераҳм дард мекашем. 
Шириншоҳ ҳамагӣ 38 сол умр дидааст. Як умри бесарусомон, ҳама гуруснагӣ, оворагӣ, моҷароҳои шадид, муборизаҳои беамон ва марги ноҳақ, қатли номардона.
Фишурдаи қиссаи талхи ӯ чунин аст, ки ин марди таърих дар хурдсолӣ дар як хонаводаи серфарзанди бадахшӣ ятим мемонад. Бачагияш бо заҳмат, ҳезумкашӣ, оворагиву меҳнате, ки барои кӯдак тоқатфарсо аст, бар замми ин, бо гуруснагии бардавом мегузарад. На либоси дуруст, на ғизои дуруст, дар бораи мактаб ҳоҷати гап ҳам нест, бебаҳра аз муҳаббати падару модар. Хулоса, як саргузаште, ки ба ҳоли ин саргузашт сангҳои сахти Бадахшон агар қудрати гиря кардан медоштанд, ҳамон солҳо об мешуданд. Бо амри тасодуф аспбони аскарони Россияи подшоҳӣ мешавад ва ҷонаш гӯё раҳо меёбад. 
Масале ҳаст афсонагуна, ки чунин маънӣ дорад: агар дар ҷаҳон одамони хубу хайрхоҳ набошанд, ин ҷаҳон кайҳо фатарот мешуд. Ҳамин гуна як нафар аз афсарони рус ба ҳоли Шириншоҳ шафқат мекунад. Албатта, ба хотири зеҳни хубаш ва ба хотири қобил буданаш. Ин русе, ки ба ӯ эҳсоси шафқат кард, Г. А. Шпилко ном дошт. Пас аз он ки Шпилко Шириншоҳро ба Тошканд мебарад, боз ҳам ба сабаби ҳамин хушзеҳниву қобилиаш афсари дигари рус Д.С. Топорнин сарпарастии ӯро ба уҳда мегирад ва қаҳрамони моро ба омӯзишгоҳи русии Тошканд ба тарбияти А. П. Радугин мерасонад. Минбаъд, тӯли солҳои 1917-1920 Шириншоҳ ба ҳаракати инқилобии сотсиалистӣ пайваста, дар ин моҷарову муборизаҳо ба дараҷаи як сиёсатмадори баркамол мерасад. 
Аммо ҳоли таърих, ҳоли миллати тоҷик дар ин ҷараён ба вартаи ҳаёту мамот мерасад. Ончуноне, ки дар «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ин давраи таърих сахттарин, печидатарин давра барои миллати тоҷик буд. Маълумоте, ки аз бойгониҳо, таърихномаҳо аз осори шоирони ин давра чи рус, чи немис, чи фронсавӣ, чи англис натиҷа мегирем чунин аст: ҷабру ситами ҳукумати манғит аморати Бухороро ба ҳолати фақри иқтисодиву иҷтимоиву маърифатӣ расонда буд; дар ин шароит аҳволи тоҷикон аз ҳама бадтар буд. Ҳатто номи миллати тоҷикро хати батлон мезаданд. Тоҷиктаборонро бо унвони «сарт» ном мебурданд, тоҷикони музофотиро ё «матчоӣ» ё «дохунда» мегуфтанд. Ин ҳама тасодуфӣ набуд, ба муҳити ҷоҳилонаи манғитӣ пантуркизм ворид буд. Пантуркизм ҳам дар ин давра дар авҷи шиддати туркигароӣ қарор дошт. Истилоҳи «турк ё туркӣ»-ро пантуркистон ба ҳайси як дом, як шиори қалбакӣ барои турктаборони Осиёи Миёна ҷорӣ карда буданд. Яъне пантуркизми аслӣ ҳаргиз на дар аввали асри ХХ, на имрӯз, ки гоҳ - гоҳе азми зуҳур кардан мекунад, манфиати турктаборони Осиёи Миёнаро дар назар намегирад. Мақсади асосӣ стратегияи хомхаёлонаи барқарор кардани «хилофати усмонӣ» аст. Ҷаҳолати саросарие, ки аморати Бухорои манғитиро фаро гирифта буд, ҳатто шахсиятҳои пешқадами тоҷиктабори аморатро водор карда буд, ки содиқонаву самимона бо пантуркистон бипайванданд. Ин нуктаро дар таҳқиқоти академик Соҳиб Табаров хусусан, дар манографияҳояш «Фитрат», «Мунзим», таҳқиқоти бунёдиаш дар бораи саргузашти Садриддин Айнӣ равшан мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳоло мо ҳатто ҳуқуқи баҳо додан надорем, ки ба пантуркизм гаравидани тоҷиктаборони пешқадам хуб буд ё бад. Ягона замина, ҳуҷҷат, наҷоти миллати тоҷик дар ин давраи мудҳиш фарҳанги ҷаҳонгири тоҷик шуд. Воқеан, «Намунаи адабиёти тоҷик» - и Садриддин Айнӣ барои ҷаҳониён нишон дод, ки миллати тоҷик ҳуқуқи давлат доштанро дорад, аммо муборизаҳои сиёсӣ барои бунёд кардани давлати миллӣ маълум шуд, ки бе амон, бе ягон муросову мадоро сурат гирифтанд. Бунёд кардани як воҳиди давлатие барои миллати тоҷик қурбониҳои гӯшношунид дошт.
Ҳоло ки сухан дар бораи Шириншоҳ аст, баррасии бештари таъбире, ки Президенти арҷманди мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода овард, яъне дар партави таъбири «хиради азалӣ» зарур меояд. Пажӯҳише, ки дар даврони истиқлол дар бораи Шириншоҳ сурат гирифт, аз ҷумла маълум кард, ки ин давлатмард аз табори асилзодагони Бадахшони тоҷик аст. Ҷойи ҳайрат аст, ки худи Шириншоҳ дар ҳолномааш ба дасти худаш шаҷараи худашро сабт кардааст.
Дар ҳар сурат хоҳ қудрати хуни асилзодагӣ аст, хоҳ нақше ки пора-пораву тасодуфӣ аз анъанаи хонаводагиву авлодӣ, аз тарбияти хонаводагӣ, аз муҳити ин авлод ба ӯ расидааст, дар ниҳодаш қудрати шарофатмандӣ, масъулияти ватандорӣ то дараҷаи ба қурбонӣ рафтанро тарбият кард. 
Ин суханҳо як гуфтаҳои подарҳаво нестанд, ҳам саргузашти Шириншоҳ ва ҳам саргузашти Нусратулло Махсуму Абдураҳим Ҳоҷибоев дар солҳои 1934-1937 дар Маскав, яъне чанд соле, ки ин бузургон дар интизори қатл дар паҳлуи фарзандонашон нишаста буданд, равшан мешавад. 
Дар ҳошияи чунин ёдовариҳо ёдкарди Шириншоҳ бисёр муҳим менамояд, ки ҳаракати нигаҳдории асолати миллӣ ва расидан ба ин асолат барои миллати мо дар шароити ноороми сиёсати ҷаҳони имрӯза барои давлати тоҷик бисёр зарур аст. Як савол ҳамеша барангезанда аст: чаро мардони сарсупурдаи инқилоб, ба монанди Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев ба дасти худи инқилоб қатл шуданд? Чуноне қайд шуд, қудратҳои пантуркистӣ барои дар майдони сиёсат будани чунин мардон манфиатдор набуданд. Худи зимомдорони инқилоб ҳам гумон меравад, ки чандон ба чунин давлатмардони сарбаланд, собитқадам зарурат надоштанд. Агар аз як ҷониб шамшери беамони тақдир ба гардани сарбаландон фуруд ояд, аз ҷониби дигар зимомдорони вақти шӯравӣ бештар ба чоплусону фармонбардорон ниёз доштанд, ки ба мардони соҳиби иродаи қавӣ.
Аз ҳамин нуқтаи назар дар шароити шарофату озодии истиқлоли сиёсӣ ин дарсҳои талху омӯзанда ба хотири суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заруранд ва суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ муқаддасоту қудратҳое ҳастанд, ки аз мо ранҷҳои бетанаффусу пайвастаро тақозо мекунанд. Бузургдошти қурбониёну шаҳидони ҷонфидо, ба монанди Шириншоҳ Шоҳтемур аз камтарин хидмати мо хоҳад буд дар шодмонии рӯҳи бегазанди онҳо ва ташаккули ҳувияти миллии фарзандони хеш. 
 
Назри ЯЗДОНӢ,
Шоири халқии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.08.2021    №: 155    Мутолиа карданд: 598
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед