logo

иҷтимоиёт

ВОЖАҲОИ ФАРОМӮШШУДА

Имрӯз забони точикӣ муҳтоҷи вожаҳое шудааст, ки дар гузашта дар истифода буданд ва бо мурури замон, дар натиҷаи ҳодисаҳои сиёсӣ, динӣ  ба фаромӯшӣ рафтанд. Ҳоло зарурати истифодаи онҳо ба миён омадааст.  Имрӯз бемории сироятии коронавирус чаҳонро фаро гирифтааст. Мардум маҷбур шудаанд, ки даҳону бинии худро бо ниқоб пӯшанд. Вожаи “ниқоб” арабӣ буда, барои пинҳон намудани тамоми рӯй истифода мешавад. Ҳол он ки танҳо лозим пӯшиши даҳону бинӣ аст. Барои пӯшиши даҳону бинӣ дар забони тоҷикӣ вожаи “паном” мавҷуд аст. Дар урфияти зардуштиён мубадон, то нафаси ғализ ба оташи муқаддас нарасад, даҳону бинии худро бо  паном, ки аз пахта тайёр мешуд, мебастанд. 
Имрӯз гулгашту пиёдагард ва майдонҳо, шаҳри Душанбе ва умуман, маркази ноҳияҳо бо сафолакҳои ранга мунаққаш пӯшида шудаанд ва хеле зебо мебошанд. Дар адабиёти таърихӣ ин сафолакҳо “кошин” ном доранд ва пешниҳод мешавад, онҳоро кошин гӯянд.
Ба шарофати соҳибистиқлол шуданамон, зери ағбаҳои баланди замистонногузар нақбҳо канда шудаанд. “Нақб” вожаи арабӣ буда, мушкилталаффуз аст. Хуб мешуд, ки ба ҷойи он вожаи тоҷикии “сумч” истифода шавад. Вожаи “сумч” дар конҳои қадими тилло, нуқра ва мис истифода шудааст. Роҳҳои зеризаминии конҳои тилло бо номи сумчҳо ёд мешаванд. Дар Бадахшони Афғонистон шаҳри Ҳазорсумч аст. Дар Кӯлоб деҳаи Сумчакон аст, ки роҳҳои зеризаминӣ доранд.
Дар Авесто омадааст, ки вақте Худованд ба Ҷамшед идора намудани давлатро супорид, ба ӯ ду чиз дод: якум, аштаро - чӯби идора намудани мамлакат ва дуюм, суваро, яъне, нигин, муҳр. Аштаро - чӯби идора намудани давлат ва мардум, суваро - нигин - муҳр барои қонунӣ будани ҳуҷҷатҳо. 
Имрӯз бонувон дар гардан овезаҳои рангоранг доранд, ки дар гузашта бо номи “тапар” (амулет) ёд мешаванд. Хуб мешуд, ки ин вожа ба ҷои тӯмор, ҳайкал истифода мешуд.
Дигар вожаҳои авестоӣ: крут, курут ба маънои сахт, кӯҳ аст.  Калимаи  имрӯзаи қрут крут аст. Калимаи крутойи русӣ, аз крути тоҷикӣ реша мегирад. 
Тобахона хонаи гармидиҳӣ аст. Мо имрӯз ибораи “маркази гармидиҳӣ”- ро истифода мебарем, ҳол он ки дар гузашта чунин вожа вуҷуд дошт ва он “тобахона” буд.
Тазар канали зеризаминӣ мебошад. Дар китоби “Таърихи Бухоро” - и Наршахӣ он бар ивази “канализатсия” истифода гардидааст.   
Уғрак  - ба маънои сахт ва  чуқурӣ;
 Ғудол - чуқурӣ; Карзун - саксавул; Ҳоит- иҳота; Шолуда – поясутун, асос;  Соткин – шоҳкоса;  Полуда- зарфи полоидан (филтр); Тавада- табақ; Танбон, Тунбон – эзор; Ғуфра- роҳҳои зеризаминӣ, дар чорроҳҳо;  Гумехт- шлак; Кандак – хандақ; Канук - хонаи нимзеризаминӣ (окоп, землянка); Капол -  ҷумҷума (череп); Соруҷ - семент; Дупӯста - дуқабата; Дупӯша – боми дуқабата; Дудама-қайчӣ, Аспаҳе - қамчин; Вирасар - ҳуҷуми фатҳовар; Тарнов - облулаи бузург. “Тарнов” барои обгузарҳои барқи “Роғун” истифода шавад; Анг - убури бузург; Касвиш - касой; Намод - нишон; Зерширвонӣ - зербомӣ (чердак); Парчовгоҳ нуқтаи обро ба тарафи дигар гардондан. Облӯла-қубурҳои калони обгузар. 
Имрӯз дар боғоти Душанбе дарахти дар баландиҳои 1800 – 2000 метр мерӯидаи кӯҳистони Тоҷикистон  буруҷро аз хориҷа бо номи берёза оварданд.  Калимаи берёза дар забони тоҷикӣ буруҷ ном дорад. 
Ибораҳои географӣ: Ғармоҳ – қуллаи Исмоили Сомонӣ; Яхи Хирсон (Федченко); Кумед (қаторкӯҳҳои Қаротегин); Аспиён - номи  Хатлон, Кӯлоби то асри 5 - и мелод, Давонаспа - маркази аспиён; Сакаспа - номи Саксанохӯр, Фархор; Селакон - номи таърихии Темурмалик; Тирай - номи қадимаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин; Метантӯғай (Миҳан) - номи қадимаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ; Мағатон - номи Хоҷамуъмин;  Чорсӯ  - номи Муминобод; Сиём - номи тоҷикии Қаратоғ; Шиман (Шодмон) - номи авестоии Ҳисор; Навбозор - номи тоҷикии Ваҳдат; Чилкӯл (Ҷиликӯл); Бутами аввал (Туркистон), Бутами миёна - кӯҳҳои Зарафшон, Бутами берун - кӯҳҳои Ҳисор; Дар атрофи Душанбе ҳамаи ҳафт рӯзи ҳафта номҳо доштанд. Масалан,  маҳаллаи Мавлоно Яъқуби Чархӣ Сешанбе, Рӯдакӣ Чоршанбе, маҳаллаи бозори Баракат Панҷшанбе ном доштанд.  
 
Юсуфшоҳи ЁҚУБШОҲ,
доктори илми бостоншиносӣ, академик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.08.2021    №: 155    Мутолиа карданд: 548
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед