logo

Хабарҳо

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Эрон рафт

Ҳайати порлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо даъвати расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби ин кишвар Сайид Иброҳим Раисӣ ба шаҳри Теҳрон сафар намуд. Дар ин бора маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод.
Маҳмадтоир Зокирзода дар дидор бо раиси гурӯҳи дӯстии байнипорлумонии Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ гуфт, ки ҳадафи сафари ҳайати мо рушди бештари робитаҳои байнипорлумонии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, табодули таҷрибаи порлумонӣ, маҷмӯи равобити дӯстона ва ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманд мебошад.
 
 
Вохӯрии Прокурори генералии Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли СММ
Дар доираи сафари корӣ ба Австрия Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо роҳбари дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Вена, раиси Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, ҳамзамон, муовини Дабири кулли СММ Ғода Фатҳӣ Валӣ мулоқот намуд. Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод.
Зимни мулоқот вазъи амниятии Афғонистон, хатару чолишҳои вазъи кунуниӣ ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон, зиёд шудан ва зарурати пурзӯр намудани муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, муқовимат ба терроризм ва маблағгузории он, мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, харидуфурӯши одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мубориза бо коррупсия, мусоидат дар татбиқи муштараки «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ баррасӣ шуданд.
 
 
Мулоқоти cафири тоҷик бо муовини вазири корҳои хориҷии Кувайт
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар оид ба масъалаҳои ташрифот Зорӣ Аҷрон ал-Аҷрон мулоқот кард.
Зимни суҳбат таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ гардида, атрофи масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ, махсусан, паҳншавии мавҷи нави COVID-19 дар ҷаҳон ва вазъияти Афғонистон дар пасманзари хуруҷи неруҳои Амрико табодули афкор сурат гирифт.
 
 
Ҳушдор! Қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоед
Давоми шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 71 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID - 19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, 79 нафар аз ин беморӣ табобат ёфт, - хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 4 август дар кишвар 15364 нафар гирифтори COVID – 19 сабт шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14867 кас (96,8%) шифо ёфт.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 931
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед