logo

иҷтимоиёт

ВМКБ. ТАБИБОН МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУСРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАНД

 
Имрӯзҳо дар  кӯчаю маҳал ва тамоми ташкилоту муассисаҳои Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон чун дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои беҳдоштию тамйизкунӣ ва фаҳмондадиҳӣ хуб ба роҳ монда шуда, ба аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ тавсияҳои махсус дода мешаванд. Инчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри пешгирии паҳншавии  бемории COVID-19 тамоми тадбирҳоро  меандешад. 
Ҳамарӯза  фаъолони вилоят дар якҷоягӣ бо кормандони соҳаи тиб ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус бо усули фаҳмондадиҳии  аҳолӣ ба ҳар як деҳаю маҳалла сафар намуда, дар рафти суҳбатҳо хурду бузурги вилоятро  хотиррасон менамоянд, ки барои ҳифзи саломатии худу пайвандон эҳтиёткор бошанд. 
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, оид ба пешгирии паҳншавии бемории  сироятии коронавирус, муътадил нигоҳ доштани вазъи эпидемологӣ ва ба табобат фаро гирифтани сироятёфтагон тамоми марказҳои саломатии вилоят  дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   тадбирҳои заруриро андешида истодаанд. То ин дам 50 ҳазор воя ваксинаи «Модерна» - и  истеҳсоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  дастраси вилоят гардида, тасмим аст, ки дар навбати аввал  табибону  шахсони калонсол, инчунин, кормандони  соҳаи савдо  ва дигар хизматрасониҳое, ки бештар бо мардум сару кор доранд, бо ин воя таъмин  шаванд. Ҳамчунин, бо супориши раиси вилоят барои ҳифзи саломатии аҳолӣ руйхати сокинони қишри осебпазири вилоят, ки синнашон аз 18 боло аст, тартиб дода шуда, марҳила ба марҳила ваксина гузаронда мешаванд.
Воқеан ҳам, барои мубориза бар зидди коронавирус, қабл аз ҳама,   ҳар шахс бояд бетаваҷҷуҳӣ зоҳир накунад ва аз тавсияҳои духтурон сари вақт ва самаранок истифода барад. Зикр бояд намуд, ки то ин дам ваксинаи “Астрозеника” - и ихтирои Пажӯҳишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир ва истеҳсоли  Пажӯҳишгоҳи зардобҳои Ҳиндустон  ҳудуди беш аз 5 ҳазор воя дастраси  сокинони вилоят гардида,  дар марҳилаи аввал ашхоси аз 60 - сола боло ва кормандони соҳаи тиб бо ин  ваксина фаро гирифта шуданд. 
Инчунин, сари вақт таъмин намудани муассисаҳои табобатию профилактикӣ  бо оксиген,  бахусус дар беморхонаҳои маркази вилоят ва ноҳияҳо,  сардорони раёсати тандурстӣ ва Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар вилоят  муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати сари вақт таъмин намудани  оксигени табиӣ чораҷӯӣ намоянд. 
Вобаста ба таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ  барои табобати беморони  COVID - 19 , 150 кати хоб дар беморхонаи вилоят, 20 кат дар маркази тиббии Оғохони шаҳри Хоруғ, 200 кат дар беморхонаи бемориҳои рӯҳии вилоят, ки дар ноҳияи Роштқалъа ҷойгир аст, омода намуданд.     
Ҳамчунин, пурзӯр намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо мақсади коҳиш додани  бемории COVID - 19 дар байни аҳолӣ,  риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар бозору хатсайрҳои мусофиркашонӣ, тарабхонаву тӯйхона,  истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ, кам намудани  теъдоди аҳолӣ дар чорабиниҳои  фарҳангиву оммавӣ аз вазифаҳои муҳими пешгирӣ аз паҳншавии  ин беморӣ ҳисобида  мешавад. Сокинони Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон кӯшиш  менамоянд, ки бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аз  ин беморӣ ҳарчи зудтар раҳо шаванд.
 
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2021    №: 156    Мутолиа карданд: 605
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед