logo

туризм

НОРАК. БА ШАҲРИ САЙЁҲОН БИЁЕД!

Шаҳри Норак имрӯзҳо дар авҷи пешравиҳо буда, табиати нотакрор ва манзараҳои дилфиребаш диққати меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. 
 
Дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Норак ба яке аз шаҳрҳои сайёҳию истироҳатӣ табдил ёфтааст. Соли 2016 Президенти кишвар дар соҳили дарёи Вахш дар ҳудуди ин шаҳри энергетикӣ истироҳатгоҳи замонавии «Пули Сангин» - ро ифтитоҳ намуданд. Истироҳатгоҳ дар майдони 4 гектар бунёд ёфта, бо беҳтарин шароити истироҳату фароғат барои шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонони хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Ин мавзеъро соҳибкори ватандӯст Абдурасул Муҳидов бунёд кардааст. Дар вақти сохтмони маҷмааи истироҳатию фароғатии «Пули Сангин» соҳибкор бо назардошти тамоми хусусиятҳои хоси мавзеъ, оби софу равон, боду ҳавои мусоид ва имконоти дигари мутобиқ ба соҳаи сайёҳӣ онро мувофиқ ба талаботи рӯз мураттаб кардааст. 
Хонаҳои истиқоматии истироҳатгоҳ мутобиқ ба талаботи меҳмонхонаҳои замонавӣ бунёд шуда, дорои шароити мусоиди зист мебошанд. Ҳавлӣ ва роҳравҳои истироҳатгоҳ бо фаввораҳои чароғон, шаршараҳои сунъӣ, дарахтони гуногуни нодир ва гулу буттаҳои ороишӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ оро дода шудаанд, ки писанди ҳар як нафар мешаванд.
Инчунин, бо мақсади истироҳат ва сайёҳат меҳмонхонаи «Сайёра» мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таъмир ва навсозӣ шудааст. Дар соҳили дарёи Вахш ва обанбор бошад 100  мавзеи истироҳатии таъйиноташон оммавӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки, аллакай, шумораи зиёди меҳмонон барои сайёҳату истироҳат ташриф меоранд.
 
Алӣ МИРАЛИЗОДА,
мутахассиси соҳаи сайёҳии шаҳри Норак
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2021    №: 156    Мутолиа карданд: 7171
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед