logo

Хабарҳо

Чин лампае сохт, ки коронавирусро 99,99 дарсад нест мекунад

 
Мир 24. Олимони чинӣ лампаи ултрабунафш сохтанд, ки қодир аст коронавирусро нобуд созад. Он барои дезинфексияи муассири ашё муфид аст, - гузориш медиҳад Science and Technology Daily.
Таҷриба нишон дод, ки лампа дар давоми даҳ дақиқа то 99,99 дарсади вирусҳои ҳама гуна ашёро нест мекунад. Он дар маркази назорат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар музофоти Ҳубей бомуваффақият озмоиш карда шуд. Дастгоҳ нисбат ба лампаҳои маъмулии симоб натиҷаи баланд нишон дод.
Чароғ метавонад аз 10 то 50 ҳазор соат бо истифодаи нисбатан ками барқ  кор кунад. Радиатсия дар диапазони аз 260 то 280 нанометр қарор дорад.  
 
 
 
Изҳороти Блинкен дар бораи талошҳои ИМА барои ҳалли низоъ дар Афғонистон   
RT. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар бораи талошҳои ИМА барои ҳалли низоъ дар Афғонистон иттилоъ дод.
"Ман ҳамлаҳои идомадори “Толибон” ва марги афғонҳои бегуноҳро маҳкум  кардам" - гуфтааст ӯ дар Твиттераш.
Вай, ҳамчунин, илова кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико уҳдадор аст,   ҳалли одилона ва шаффофи банизомдарории сиёсиро, ки ҷанги Афғонистонро хотима медиҳад, пайдо кунад.
Қаблан Блинкен ва Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар як гуфтугӯи телефонӣ ҳамлаҳои ҳаракати радикалии “Толибон” - ро маҳкум карда буданд.
 
 
 
Чин ба ҷаҳон 2 миллиард вояи ваксина ваъда медиҳад
BFM.  Раиси  Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар паёме ба форум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ваксина гуфт, ки Чин давоми соли равон  саъй хоҳад кард, ки ба ҷаҳон 2 миллиард вояи ваксина дастрас намояд. Дар ин бора агентии “Belga” хабар медиҳад. 
Пекин, инчунин, уҳдадор шудааст, ки ба системаи COVAX 100 миллион доллар хайр кунад, - илова намуд ӯ. Рӯзи 16 июл, Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин ҳангоми мулоқоти   видеоии сарварони кишварҳои Форуми ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором ваъда дод, ки барои дастгирии кишварҳои камбизоат дар муқобили хуруҷи коронавирус 3 миллиард доллар кумак мерасонад.
Ёрии молиявӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд барои бартараф сохтани таъсири иҷтимоию иқтисодии пандемия пешбинӣ шудааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1058
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед