фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
МУАММОИ «КУБ»
1. Тамғаи тайёра. 2. Собиқ сарвари Куба … Кастро. 3. Шохоби дарёи Дунай. 4. Намуди гиёҳ. 5. Диктатори Испания (1939-1975), генерал. 6. Кӯҳҳои Амрикои Ҷанубӣ. 7. Дӯстон арзи …. бар нигори ман баред. 8. Маркази кайҳонии ИМА. 9. Гурӯҳи эстрадӣ аз Россия. 10. Боғи миллӣ дар Венесуэла. 11. Баландтарин шаршараи олам. 12. Шаҳри хурдтарини ҷаҳон. 13. Парлумони Исроил. 14. Беморие, ки инсонро зуд пир мегардонад. 15. Тамғаи тайёра … -225. 16. Шаҳри казиноҳои ИМА … - Вегас. 17. Модар ба забони шуғнӣ. 18. Пойтахти пешинаи Олмони Федеративӣ. 19. Водӣ дар Тоҷикистон. 20. Парлумони баъзе аз мамолики Аврупо. 21. Тамғаи тапонча. 22. Муаллифи "Дон Кихот". 23. Вопасин, хотимавӣ. 24. Аз ҳама шаҳри сераҳолитарин дар Аврупо. 25. Тамғаи намаки майда. 26. Ричард … аз Ҳолливуд.
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ, сокини ноҳияи Данғара
Ҷавоб ба муаммои «Истиқлолият», аз 30 июли соли 2021:
1. Сиёсат. 2. Ташкилот. 3. Ташаббус. 4. Сулҳ. 5. Ҳамдилӣ. 6. Истиқрор. 7. Раият. 8. Теҳрон. 9. Нишон. 10. Неъматов. 11. Вилоят. 12. «Тоҷикон». 13. Ниёгон. 14. Наршахӣ. 15. Исфара. 16. Асолат. 17. Тоҷикистон. 18. Набиев. 19. Ваҳдат. 20. Турсунзода. 21. Адолат. 22. Тоҷик. 23. Кӯлоб. 24. Бухоро. 25. Офтобо. 26. Оромӣ. 27. Истиқлол. 28. Лахш. 29. «Ширин». 30. Нусрат. 31. Тоҷ. 32. Ҷаҳон. 33. Назм. 34. Мамлакат. 35. Тилло. 36. Озод. 37. Давлат. 38. Танга. 39. Аҳднома. 40. Аср. 41. Расм. 42. Муҳр. 43. Ранг. 44. Гандум. 45. Музокирот. 46. Таърих. 47. Хуҷанд. 48. «Дониш». 49. Шартнома. 50. Аминона. 51. Андалеб. 52. Бӯстон. 53. Нидо. 54. Оштӣ. 55. Исмоил. 56. Лекин. 57. Нома. 58. Андарз. 59. Зод.
Вайбер:
93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
8 МУЪҶИЗАИ СОЗМОНИ ШАНХАЙ
21 июни соли 2019 бо ибтикори Котиботи СҲШ ва дастгирии Ширкати рушди фарҳанг ва туризми назди Академияи илмҳои Хитой «Ҳашт муъҷизаи СҲШ» муаррифӣ гардид. Онҳо ганҷинаи бебаҳои ҷаҳонанд, ки кишварҳоро ба ҳам мепайванданд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки дар бораи онҳо барои хонандагони рӯзномаи «Ҷумҳурият» маълумоти мухтасар пешниҳод намоем.
1. МУҶАССАМАИ «ЯГОНАГӢ»
Ин пайкараи Пател Валлабхай, муовини Сарвазири Ҳиндустон ва яке аз саркардаҳои мубориза барои истиқлолияти Ҳиндустон мебошад, ки дар ҷазираи Садҳуи дарёи Нармада (иёлати Гуҷарат) қомат меафрозад.
Баландии он якҷоя бо пояаш 240 метрро ташкил медиҳад, ки аз муҷассамаи «Озодӣ»-и ИМА беш аз ду маротиба баландтар аст. Пайкараи мазкурро 31 октябри соли 2018 ба ифтихори 143 - солагии марди роҳи озодӣ – Пател Валлабхай гузоштаанд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Як гӯшаи саҳни ҳавлии иморати начандон хурд. Сокинони он иморат одамони касбу кори гуногунанд. Дар он гӯша айвончае барои истироҳати муқимони ҳавлӣ сохта шудааст. Мухлисони бозии бегоҳирӯзӣ ба он айвонча гирд меоянд. Дар паспарда намуди як маҳаллаи шаҳри сераҳолӣ акс ёфтааст. Айвончаро буттагулҳо печондаанд. Ҳоло дар он айвонча се нафар; ду нафарашон шоҳмот мебозанд, ки онҳо дар либоси хонагианд …
* * *
Ин боғ зи нахли куҳан оростаам,
В-он нахл ба теғи хома пиростаам.
Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,
Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз 30 июли соли 2021:
У. Кӯҳзод, Бедил
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон:238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
НАПОЛЕОН ДЕВ, ОДАМХӮР, АЪЛОҲАЗРАТ…
Ҳодисаи таърихии фирори Наполеон аз ҷазираи Элба ва бозгашташ ба Фаронса дар матбуоти ҳамон давра ончунон гуногунмазмун инъикос шудааст, ки то имрӯз ба андеша водор мекунад. Худ қазоват кунед, хабари якум: «Деви корсиканӣ ба халиҷи Жуан фуруд омад». Хабари дуюм: «Одамхӯр ба шаҳри Грасс наздик мешавад». Хабари сеюм: «Муфтхӯри исрофкор дар сарҳади Гренобл». Хабари чорум : «Бонапарт Лионро забт кард». Хабари панҷум : «Наполеон ба Фонтенбло наздик мешавад» ва ниҳоят хабари шашум : «Фардо Аълоҳазрат императорро дар Парижи азизаш интизоранд…».
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
1 000 000 ДОЛЛАР БАРОИ ЭМГУЗАРОНӢ
Дар иёлати Колорадаи ИМА бо мақсади вусъат бахшидани воякӯбӣ миёни шаҳрвандон «Лотореяи эмгузаронӣ» роҳандозӣ гардид. Дар натиҷа, бонуи серфарзанд Хейди Рассел ғолиб омада, соҳиби як миллион доллар гардид.
Хабари бурди Хейди Рассел зуд миёни мардум паҳн гардид ва рӯзи дигар дар назди нуқтаҳои эмгузаронӣ навбатпоиҳои тӯлонӣ ба вуҷуд омаданд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ПЁТР ВА ПОРА
Аз қазо Пётри I хост шахсан аз садоқати аскаронаш имтиҳон кунад. Як шоми сербарфи зимистон аз шаҳр бадар рафт ва баъди баста шудани тамоми даромадгоҳҳо ба сифати тоҷири сарватманд баргашт ва аз қаровуле хоҳиш кард, ки барои ворид шудан ба шаҳр иҷозаташ диҳад. Қаровул қатъиян ҷавоби рад дод.
Чун бо зориву илтиҷоҳои тӯлонӣ дили аскари муҳофиз мулоим нашуд, «тоҷир» аз ноилоҷӣ пора пешниҳод кард. Ғайриинтизори ӯ, то чанде ҳаҷми пора боло мерафт, қаровул ҳамон қадар бештар асабонӣ мешуд. Ниҳоят, вақте «тоҷир» 10 рубл медиҳам гуфт, аскарбача таҳдидаш кард, ки агар дур наравад, парронда нобудаш месозад, ҳарчанд дар он давра 10 рубл маблағи хеле зиёд буд.
Пётр чун «ноумед» гашт, назди қаровули дигар ба илтимос омад, вале бо додани ҳамагӣ 2 рубл ба осонӣ вориди шаҳр шуд…
Рӯзи дигар фармони шоҳро бо ин мазмун дар ҳузури полк бо овози баланд хонданд: «Қаровули порахӯрро дор кашед ва 2 рубли ситондаашро шикофта, дар гарданаш кашол кунед. Аскари поквиҷдонро бошад, бо рутбаи афсарӣ ва 10 рубл барои садоқат сарфароз гардонед!».
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ХОНАИ 250-СОЛА
Бунёдгузори шаҳри Санкт-Петербург, ки беш аз дусад сол пойтахти Салтанати Россия буд, аввалин императори он Пётри I мебошад. Тибқи маълумоти муаррихон, шаҳр 16 майи соли 1703 бо қомат афрохтани қалъаи ҳамном таъсис меёбад.
Бо арзи миннатдорӣ, пас аз чанд рӯз дар ин ҷо барои императори бузурги рус хона месозанд. Аҷибаш он аст, ки хона таҳкурсӣ надорад. Чун он бо ранги сурх оро дода шудааст, ба худ номи Қалъаи сурхро гирифт. Масоҳаташ 60 метри мураббаъ буда, ба манзили шоҳона ҳеҷ шабоҳате надорад.
Тақрибан, пас аз бисту панҷ сол он таҷдиду навсозӣ гашта, дар наздаш галереяи сангӣ қомат меафрозад. Баъдан, солҳои гуногун борҳо таъмиру тармим шуда, имрӯз миёни оламиён чун осорхонаи таърихӣ-ёдгории шаҳри Санкт-Петербург шуҳрати зиёд дорад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ҶАВОНМАРДИИ ҚАҲРАМОН
Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Токио – 2020 дар риштаи дзюдо (-90 кг) паҳлавони 21-солаи Гурҷистон Лаша Бекаури мукофоти пулии худро барои ба Ватан баргардондани бибию холааш, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, сарф мекунад.
Ҳукумати Гурҷистон ба ғолибони Олимпиадаи Токио – 2020 як миллион лари (322 ҳазор доллари ИМА) ҷоизапулӣ медиҳад, - навиштааст сомонаи www.newsgeorgia.ge.
Ҳамчунин, барои пирӯзӣ роҳбарияти Донишгоҳи миллии Гурҷистон ба ӯ дар пойтахти Гурҷистон – шаҳри Тифлис манзили истиқоматӣ тақдим гардид.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
"ОҲАНГҲОИ ЗАМОНИ ГУМШУДА"
ФИЛМИ КОРГАРДОНИ ТОҶИК ДАР ИТОЛИЁ БЕҲТАРИН ДОНИСТА ШУД
Филми коргардони тоҷик Аниса Собирӣ "Оҳангҳои замони гумшуда" дар ҷашнвораи филмҳои ҳуҷҷатии Sole luna festival дар Итолиё миёни даҳҳо филм дар бахши "Акси беҳтарин" пирӯз гардид.
Дар ҷашнвора филмҳои таҷассумгари фарҳанги кишварҳои гуногун ба намоиш гузошта шуданд.
Филми 45-дақиқагии "Оҳангҳои замони гумшуда" дар бораи сафар ба манотиқи дурдасти Тоҷикистон нақл мекунад ва бинандаро бо анъанаҳои қадимаи фарҳангии миллати тамаддунофари тоҷик ошно месозад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
ҲИКМАТИ ДӮСТӢ
Ҷавоне аз марди сарватманде пурсид, ки сирри муваффақияти ӯ дар чист ва чӣ тавр ӯ тавонист ба шахси муваффақ табдил ёбад?
- Ман дар интихоби дӯст хато накардаам, - посух дод марди сарватманд ва баъдан аз ҷавон пурсид:
- Ту мақоли "Дӯстро дар мусибат мешиносанд"-ро шунидаӣ?
- Ҳа, ман ин ҳикматро асоси зиндагии худ медонам, - гуфт ҷавон.
- Фаромӯшаш кун, зеро он куллан хатост. Баръакс, дӯстонро ҳангоми шодӣ мешиносанд!
Ҷавон аз ин гуфтор дар ҳайрат монд.
Сарватманд суханашро идома дод:
- Вақте ки ба мушкилие дучор мешавӣ барои ҳалли он ба пеши дӯстат меравӣ, дуруст?
- Бале ва ӯ ба ман ёрӣ медиҳад.
- Бе шубҳа, ӯ кумак хоҳад кард, вале он муваққатист, чунки мушкилот афзудан гирифт, ҳамаи онҳоро рафъ намудан ғайриимкон мешавад. Аз ин рӯ, дӯстат чун мебинад, ки дигар ба ту наметавонад ёрӣ диҳад, ба дилсӯзӣ мегузарад.
- Охир, ин низ хуб аст, - гуфт ҷавон,- зеро бо дилсӯзиаш маро дастгирӣ мекунад.
- Ҳаргиз,- барошуфт сарватманд,- ин ақида хатост. Дӯстонам нисбатам на дилсӯзӣ мекарданду на ёриям медоданд. Вале онҳо аз муваффақиятҳоям шод мегаштанд. Аз ин рӯ, чун ба душворие гирифтор шудӣ, кӯшиш намо, ки худат онро рафъ созӣ ва пасон ба назди дӯстат рафта, ҳар ду аз ин комёбӣ хурсандӣ кунед. Ин аст дӯстии ҳақиқӣ, ки ҳар нафарро муваффақ мегардонад.
Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ
247 РӮЗ "УМР" - И ЯК БОРОН
Мувофиқи китоби рекордҳои Гиннес, он дар ҷазираи Кауайи ҷазираҳои Гавай 247 рӯз идома ёфтааст. Бориш 27 августи соли 1993 оғоз шуда, танҳо 30 апрели соли 1994 ба поён мерасад.
Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
СИРРИ ДИГАРИ ДАРОЗУМРӢ
Федерика Амати, пизишк ва олими англис, инчунин, камхӯриро яке аз сабабҳои асосии дарозумрӣ медонад.
Ба гуфтаи ӯ, сокинони ҷазираҳои Окинава (Ҷопон), Сардиния (Италия), Икария (Юнон), нимҷазираи Никоя (Коста-Рика) ва шаҳри Лома-Линда (ИМА), ки дар олам дарозумр ба ҳисоб мераванд, аз меъёр зиёд хӯрок намехӯранд. Дар баробари ин, онҳо хӯроки шомро барвақт тановул намуда, баъдан дигар чизе истеъмол намекунанд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
АКТЁРИ ВОҚЕӢ
Дар яке аз саҳнаҳои операи «Ғусса» - и Пуччини қаҳрамонбону пас аз иҷрои нақш бояд худро аз тирезаи декоративӣ ба берун ҳаво дода «худкушӣ» мекард. Дар театри шаҳри Сен-Пол (Миннесота, ИМА) ин партияро сопрано Элизабет Принтии 35 - сола мебозид. Вай ҳама чизеро, ки коргардон амр намуд, хуб иҷро кард, вале ҳангоми аз тиреза паридан ба хато роҳ дод. Бовар нокарданист, вале Элизабет ба ҷои аз тирезаи декоративӣ паридан, аз тирезаи ҳақиқӣ ҷаҳид ва ба болои пенопласти нарм неву рӯи асфалти кӯчаи сермошин уфтод ва чанд қабурғааш шикаст. Қариб «худкушии саҳнавӣ» ба ҳақиқӣ табдил ёфта буд. Як ҳафтаи пурра театр «Ғусса» - ро наметавонист ба саҳна гузорад, то даме, ки сопранои нав пайдо нагашт.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
2. ДОКТОР ФРЕЙД ВА «ДОРУИ СЕҲРНОК»
Зигмунд Фрейд, асабшиноси номии австриягӣ, миёни ҳампешаҳои худ бо донишу маҳорати баланди касбияш фарқ мекард. Хоса вақте ғам домангираш мешуд, барои раҳоӣ ёфтан, дармонҳое кашф мекард, ки тамоми Аврупоро ба ҳайрат меовард. Тӯда-тӯда одамон чун нашъаманд хумори худро бо доруҳои Фрейди машҳур мешикастанд.
Аз қазо вақте Фрейд кокаин истеъмол кард, чунон писандаш омад, ки дар дорухатҳо онро «доруи сеҳрнок» гуфта, ба мизоҷонаш тавсия медод. Ва бо назардошти он ки дар замони Фрейд (1856-1939) кокаинро аз дилхоҳ дорухона харидан мумкин буд ва ҳеҷ ҷинояте ҳам ҳисобида намешуд, дар як муддати кӯтоҳ Фрейд нисфи зиёди Аврупоро нашъаманд кард.
Аз русӣ тарҷумаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
КРИШТИАНУ Ё РОНАЛДУ?
Бе шубҳа, аксари сокинони сайёра футболбози бомаҳорати португалӣ, дорандаи панҷ «Тӯби тиллоӣ» Криштиану Роналдуро мешиносанд. Аммо кам касоне медонанд, ки Роналду на насаби бозигар, балки номи дуюми ӯст.
Гап сари он аст, ки падари Криштиану нисбат ба президенти 40-уми ИМА Роналд Рейган эҳтироми зиёд дошт, аз ин рӯ, ба писараш номи сиёсатмадорро гузошт.
Номи пурраи футболбози маъруф бошад, Криштиану Роналду душ Сантуш Авейру мебошад.
Аз русӣ тарҷумаи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
Бонуи тоҷик сазовори медали тиллои СҶМЗ
Зумрат Ғайбуллоева, дотсенти кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, барои беҳтарин кори илмӣ ва амалисозии ихтироот, инчунин, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат, сазовори медали тиллои Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ гашт. Дар ин бора сомонаи донишгоҳ хабар медиҳад.
Муаллима, ҳамзамон, узви Ассотсиатсияи олимони Аврупо ва Осиё, дорандаи ҷоизаи байналмилалии «Илм ва тандурустӣ» барои беҳтарин кори илмӣ дар самти металлургия ва технологияи химиявӣ мебошад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА
ХОСИЯТИ ШИФОИИ ЛИМӮ
Директори генералии госпитали ҳарбии шаҳри Пекин, профессор Чэн Хорин иброз доштааст, ки тановули як буридаи лимӯ бо чойи гарм умри касро дароз мекунад. Аз ин рӯ, онро ҳар рӯз бинӯшед, зеро суди фаровон дорад.
Ӯ исрор менамояд, ки лимӯро танҳо бо чойи гарм бояд нӯши ҷон кард, зеро дар ҳамин ҳолат фоиданокияш муассир мегардад.
Профессор, ҳамзамон, таъкид доштааст, ки бо лимӯи гарм метавон тамоми намудҳои бемории саратонро муолиҷа кард ва ин на фасона, балки ҳақиқати бебаҳс аст.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ТИЛЛОИ ОЛИМПӢ
КӢ ЧӢ ҚАДАР "ҚУРБОН" МЕКУНАД?
Барои мушарраф шудан бо медали тилло дар Олимпиадаи Токио – 2020 ҳукумати кишварҳо ба варзишгарони хеш чӣ қадар мукофотпулӣ медиҳанд? Дар зер ба ин савол посух хоҳед гирифт:
1. Гурҷистон – 322 000 доллари ИМА
2. Қазоқистон – 250 000
3. Озарбойҷон – 248 000
4. Ӯзбекистон – 200 000
5. Молдова – 166 000
6. Литва – 136 000
7. Беларус – 129 000
8. Украина – 125 000
9. Қирғизистон – 118 500
10. Россия – 54 000
Таҳияи Умар Алӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.08.2021 №: 156 Мутолиа карданд: 2657