logo

Хабарҳо

Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти тозаинтихоби Эрон

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуд.
Тавре маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод, Маҳмадтоир Зокирзода қабл аз оғози суҳбат салому эҳтиром ва таманниёти неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Сайид Иброҳим Раисӣ расонд.
Зикр шуд, ки густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳар ду давлат дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд. Маҳз ҳамин омил ва пайвандҳои ногусастании таърихию фарҳангӣ ҷонибҳоро водор месозад, ки ба ҳамкории судманд ҳарчи бештар таҳким бахшанд.
 
 
Беш аз 1 миллион нафар ба ваксиназанӣ фаро гирифта шуд
То 4 августи  соли равон дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 13  ҳазору 808  нафар ба ваксиназанӣ зидди бемории COVID - 19 фаро гирифта шуд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи мазкур 80 ҳазору 250 нафар гирифт. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дод.
Бояд гуфт, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ваксина барои шаҳрвандони синни аз 18 - сола боло ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксина нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат ройгон гузаронда мешавад.
 
 
Бунёди боз 14 хона барои офатзадагони ноҳияи Вахш
Дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои сокинони аз офати табиии рӯзҳои 11-12 май зарардида боз 14 манзили навбунёд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 
Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд. Раиси вилоят дар вазъи тантанавӣ калиди хонаҳоро ба соҳибонашон супурда, барояшон хушбахтиву саломатии бардавом таманно намуд. 
Шумораи хонаҳои бунёдшуда дар ин мавзеъ ба 28 адад расид.
 
 
КОРОНАВИРУС. 76 ҳолати нави сироят
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 76 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID - 19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, 81 кас аз ин беморӣ табобат ёфт. Чунин хабар дод маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 5 август дар кишвар 15440 нафар гирифтори COVID-19 сабт гардида, аз ин шумора то санаи зикргардида 14948 нафар (96,8%) шифо ёфт. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 122 нафар фавтид.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват менамояд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 820
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед