logo

сиёсат

ВОХӮРИИ МАШВАРАТИИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

6 август дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
 
Дар он, инчунин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ширкат варзиданд.
Роҳбарони давлатҳо аҳамияти вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид карда, маҷмӯи васеи масоили мубрами ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд. 
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркманистон барои пазироии самимӣ ва ташкили сатҳи баланди вохӯрӣ изҳори сипос намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуданд: “Мо ба ҳамкории зич дар соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолоти саноатӣ, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияи муосир, дар соҳаи сайёҳӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, нақлиёт ва амнияти энергетикӣ омода ҳастем”.
Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ мо бояд ба таҳияи чорабиниҳои нав ва муассири мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок диққати ҷиддӣ диҳем.
Барои ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як чанд тадбирҳои судмандро пешниҳод карда, зарурати боз ҳам вусъат додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноату энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, тақвияти робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, хусусан дар соҳаи сайёҳӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ, бавижа дар самти таъмини некуаҳволии санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва ҳамкории зичи сохторҳои амниятии кишварҳо дар муборизаи муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои амниятиро таъкид намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки дар шароити кунунӣ ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, радикализм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ андешидани чораҳои таъхирнопазирро тақозо мекунад.
Президенти мамлакат соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, бахшҳои гуногуни саноат, рушди инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои оби минтақаро аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ карданд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарварони давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ва таъсири пандемияи коронавирус ҷалб намуданд.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз соли 2020 раисиро дар Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал ба муҳлати се сол Тоҷикистон ба уҳда дорад ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал мебошанд. Аз рӯи натиҷаи вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ санадҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар вохӯрии мазкур Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказиро дар вазъияти тантанавӣ ва дар  ҳузури  роҳбарони  давлатҳои  Осиёи  Марказӣ  ба  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2021    №: 157    Мутолиа карданд: 835