logo

сиёсат

НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ ВА ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАОМҲОИ МИЛЛӢ

 
6 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Туркманбошӣ ҳамроҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз  намоишгоҳи  маҳсулоти саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ  боздид ба амал оварданд.
Дар баробари дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон низ  дар намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсолии ширкатҳои ватаниро ба намоиш гузошт.
Дар гӯшаи намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон корхонаҳои “Сиёма”, “Зулол”, “Ҷавонӣ”, “КАТН”, “Тоҷиккристал”, “Талко”, “Ғаюр”, “Амирӣ”, “Рухом” ва “Қолинҳои Қайроққум” маҳсулоти дӯзандагӣ, саноати сабук, заргарӣ, алюминӣ, қаннодӣ, обҳои рангаи ташнагишикан, фурӯзонакҳо, маҳсулоти рангуборкунӣ ва ороишӣ, ҳунарҳои дастӣ, кулолӣ, наққошӣ ва ғайраро муаррифӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи саноат ва бахши хусусӣ саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи чоруми стратегӣ қарор дода, дар ин самт як қатор имтиёзро ҷорӣ сохт. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар муддати кӯтоҳ соҳибкорони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ садҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карданд.
Имрӯзҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи баланди истеҳсолӣ расида, бо сифати маҳсулоти худ дар бозорҳои минтақа ва ҷаҳон рақобатпазир гаштаанд ва маъруфияти торафт бештар касб мекунанд. Дар ҳамоиши байналмилалӣ низ дар қатори дигар кишварҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон тавонистанд, ки маҳсулоти ба бозор ва талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯро ба маъраз гузоранд.
Ҳамчунин, дар намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон маводи иттилоотӣ, харитаи сайёҳӣ ва армуғонҳои гуногунро бо бренди сайёҳии “Тоҷикистон: дӯстиро эҳсос намо” муаррифӣ намуданд. 
Ҳангоми муаррифии гӯшаи намоишии Тоҷикистон сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба зарфият ва имкониятҳои рушди соҳаҳои саноат ва сайёҳии кишвар баҳои баланд доданд.
 
6 август дар шаҳри Туркманбошӣ Фестивали байналмилалии таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Аз ҷараёни фестивал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов боздид ба амал оварданд.
Дар фестивал гӯшаи намоишии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ки дар он таомҳои миллӣ, маҳсулоти қаннодӣ, нонҳои гуногун, шириниҳо, маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили мевагиҳо, сабзавот, полизӣ, хушкмева, асал ва 20 намуд гиёҳҳои шифобахш ба маъраз гузошта шуданд. Сарварони давлатҳо ва дигар меҳмонону шираткунандагон ба гӯшаи намоишгоҳи Тоҷикистон мароқи баланд зоҳир карданд.
Мавриди зикр аст, ки маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли Ватани маҳбубамон ҳам дар минтақа ва ҳам дар кишварҳои дуру наздик шуҳратёр буда, сол ба сол талабот ба меваю сабзавоти тоза, хуштаъм ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ бештар мегардад.
Гӯшаи намоишии кишварамон дар сатҳи баланд ташкил шуда, баёнгари он аст, ки Тоҷикистон сарзамини зархез, ватани обҳои ширину мусаффо, боғҳои серҳосил ва мардуми заҳматкашу меҳнатдӯст мебошад.
Аснои шиносоӣ бо гӯшаи намоишии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ, сарварони давлатҳо ба маҳорати баланди ошпазҳо ва маҳсулоти дастранҷи деҳқонони тоҷик баҳои сазовор доданд.
Мавриди зикр аст, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи талош ва ташаббусҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оши палав ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО шомил гашт.
Миллати тоҷик дар масири таърих бо расму оин, урфу одат ва таомҳои миллӣ шуҳратёр буда, то имрӯз ин ҳамаро ҳифз намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Зимни шиносоӣ ба сарварони кишварҳо иттилоъ дода шуд, ки имрӯзҳо аз Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, бахусус мева ва хушкмеваҳо, ба кишварҳои гуногуни олам содирот мешаванд.
Таъкид гардид, ки минбаъд соҳибкорони тоҷик метавонанд ба кишварҳои минтақа содироти маҳсулоти гуногуни кишоварзиро афзоиш дода, ба ин васила, бозори истеъмолии минтақаро ғанӣ гардонанд.
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2021    №: 157    Мутолиа карданд: 822
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед