logo

номаҳо

ҶАҲОНИШАВӢ ВА АХЛОҚИ МИЛЛӢ

Вақте ки ба ахлоқи мардум таваҷҷуҳ зоҳир мекунам, ин ҳақиқатро дармеёбам, ки ҷаҳонишавӣ аллакай таъсири манфии худро ба он гузоштааст. Аксар волидон ба хотири омӯхтани илми замон шароитҳои мусоидро барои фарзандонашон муҳайё месозанд, аммо ба рушди ахлоқи ҳамидаашон камтар диққат медиҳанд. Ва ё танҳо таваҷҷуҳашонро дар ин маврид ба фарзандони худ зоҳир мекунанд. Ҳол он, ки муҳити носолим метавонад, тамоми заҳмати касро оид ба ин масъала барҳам занад. Имрӯзҳо барои «дунёӣ» кардани ҷавонони мо ва фосид намудани мафкураву нияти онҳо гурӯҳҳои муайян аз хориҷи кишвар тарҳҳо мекашанд ва барои амалӣ сохтанашон аз сарфи ҳеҷ гуна маблағ намеандешанд. То ба кай? То замоне, ки аз тоҷикиятамон, урфу одатҳои миллиамон ба тадриҷ дур мешавем ва ё даст мекашем. Баъзе аз нишонаҳое, ки ба чашми  мо – омӯзгорон мерасанд, ба ташвишамон мегузоранд, аз оқибати бад доштанашон дарунӣ ранҷ мекашем. Дуруст аст, ки дар дарсҳо ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна оид ба ахлоқ суҳбатҳо доир менамоем, вале ин ҳама кофӣ нест. Тарбияи ахлоқӣ бояд вазифаи ҳар зиёӣ, шахси ватандӯсти асил бошад. Агар ба ин ҳол кор идома биёбад, беҳтарин анъана, урфу одатҳо аз миён мераванд ва кохи мустаҳками ахлоқ рахнаҳо пайдо мекунад.
Мо - тоҷикон асрҳои аср бо доштани ахлоқи неку ва тарбияи ахлоқӣ дар ҷаҳон машҳур будем. Аз мо дар мавриди мазкур пайравӣ мекарданд. Фикр мекунам, ки ахлоқи неку ва ҳамида ганҷи миллат ва муаррифгари он ба шумор меравад. Бо аз даст додани он хароб мегардему бо нодорӣ рӯ ба рӯ мешавем. Адибони пешини мо саъй ба харҷ медоданд, ки бо суханони пурҳикмат дар пойдории ахлоқи миллӣ саҳми чашмрасу шоиста бигиранд. Аз ҷумла, барҳақ фармуда буданд:
Сурататро чӣ кунам, чун ту 
надори сират,
Кас ба як ҷав нахарад сурати 
бемаъноро.
Ва ё:
Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ дар ҳама офоқ зад.
Ё худ:
Надорам он мусулмонзодаро дӯст,
Ки дар дониш фузуду аз адаб кост.
 
Чунин  як адабиёти пурғановатро ҳеҷ миллату кишвари дунё надорад. Пас, ба қадри он бояд бирасем, панду андарзҳояшонро бихонему бишнавему шиори зиндагӣ бисозем.
Кишвари Ҷопон дар ин маврид намуна шуда метавонад. Тамоми урфу одат, анъанаву суннатҳои миллии худро то ба имрӯз нигоҳ доштааст.
Бояд таъкид бидорам, ки сохтани биноҳои боҳашамату баланди тааҷҷубовар осон аст. Аммо, агар ҳатто бинои хурдакаки ахлоқ хароб бигардад, бунёди дубораи он на танҳо пур мушкил меафтад, балки дар бисёр маврид номумкин мегардад.
 
Фирӯза МИРЗОЕВА,
омӯзгори МТМУ № 50, ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2021    №: 157    Мутолиа карданд: 6828
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед