logo

иҷтимоиёт

КРУХ БАРОИ МУОЛИҶА НИЗ ИСТИФОДА МЕШАВАД

Ҷавоб ба мақолаи Раҳмони Гулзор, «Бадахшон. 
Заминҳоро валдерғон зер мекунад. Чӣ бояд кард?», «Ҷумҳурият», 12 июли соли 2021, № 138 (24 245)
Крух  (боршевик – русӣ, Heracleum – лотинӣ) ҷинси рустаниҳои оилаи чатрдорон  буда, зиёда  аз 140  намуд  дорад ва дар мавзеъҳои иқлимаш муътадили нимкураи Шарқи паҳн шудааст. Намудҳои гуногуни крух ҳамчун рустании ороишӣ, қисми дигараш ҳамчун зироати хӯроки чорво барои силос, як қисмаш ҳамчун маводи ғизоӣ аз тарафи инсон истифода бурда мешавад. Ҳангоми сабз буданаш, як қисми ин рустаниро,  асосан крухи сибириро барои тайёр намудани хӯришҳои гуногун истифода мебаранд. 
 Баландии  пояи намудҳои  гуногуни крух аз  20 – 50 см то 300 см ва зиёда аз он мерасад. Гулҳояш хурду рангашон сафед, қисми камашон сабзи зардтоб буда, шакли чатрро дорад. Гулкунии рустанӣ моҳи июн оғоз мешавад. Намудҳои гуногуни он моҳҳои июл август гул мекунад. 
Дар Россия ва собиқ ҷумҳуриҳои Шуравӣ 40 намуди ин растанӣ мерӯяд. Дар таркиби барг ва тухми он равғанҳои эфирӣ ва пайвастагиҳои  кумарин мавҷуд мебошад. Дар ҳолати ба бадани инсон расидани баъзе аз намудҳои ин рустанӣ, сӯзиши пӯст эҳтимол дорад. Лекин ин ҳолат пас аз  якчанд рӯз  мегузарад.
Аксарияти намудҳои ин рустанӣ дар хоҷагии халқ ҳамчун хӯроки чорво барои силос истифода мешаванд. Инчунин, бояд гуфт, ки баъзе аз намудҳои он ороишӣ мебошанд.
Дар ҷумҳурии мо, одатан, намуди лемани крух   дар Помиру  Олой ва ғарби  Тиён-Шон дар баландиҳои  1700 – 1800м  аз сатҳи баҳр мерӯяд. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, ин растанӣ дар Бадахшон аксаран дар мавзеъҳои Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим, Бижундараи минтақаи Дарморахти ноҳияи Шуғнон, гирду атрофи шаҳри Хоруғ, водии Бартанг, деҳаҳои Падруд, Разудн ва мавзеи Шарофдараи ноҳияи Раштқалъа вомехӯрад. 
Қобили зикр аст, ки ин рустанӣ дер боз барои муолиҷаи бемориҳои асаб, гурда, ҷигар, пӯст ва меъдаю рӯда истифода бурда мешавад. 
Маълумотҳо  доир  ба давраҳои  нашъунамо, паҳншавӣ ва  инкишофи  он  дар  ҷумҳурӣ хеле кам мебошанд. Қатъи назар аз  ин,  омӯзиши  инкишоф ва  паҳншавии  крух  мо аз  тарафи  олимон  идома дорад. Танҳо  ҳаминро қайд карданӣ ҳастем, ки то ҳол ягон ҳолати заҳролудшавии одамон ва фавти чорво аз таъсири ин рустанӣ ба қайд гирифта нашудааст.
 
Н. А. РАҶАБОВ, муовини директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ,
Т. О. ИРГАШЕВ, мудири шуъбаи беҳдошти чарогоҳи Институти чорводорӣ 
ва чарогоҳи АИКТ,
С. ЮСУПОВ, А. ХАНҶАРОВ, 
ходимони илмии шуъбаи беҳдошти чарогоҳи Институти чорводорӣ 
ва чарогоҳи АИКТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2021    №: 157    Мутолиа карданд: 780
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед