logo

иҷтимоиёт

COVID – 19 ВА КИТОБ. ОЁ ИН БЕМОРӢ ТАВОНИСТ БА ЗАВҚИ МУТОЛИА ТАЪСИР РАСОНАД?

Сухан аз фаъолиятҳои Китобхонаи миллӣ аз даврони хуруҷи бемории ҳамагири COVID – 19 то ба имрӯз аст. Ду соле, ки бар асари авҷи ин вирус шумори хонанда кам шуд, завқи мутолиа беш буд, вале тарси COVID – 19 бештар аз он. Мо ҳатто рӯзеро ҳам карантин надоштем, дар тобистони гарми соли 2020 кулли шуъбаҳову толорҳои хониш бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ фаъол буданд. Аммо оморҳо нишон доданд, ки худи мардум ба саломатии худ таваҷҷуҳи бештар доранд ва қонунҳои худинзивоъро зиёдтар риоя мекунанд. 
Сар аз аввали моҳи сентябр ҳузури хонандагон дар толорҳои хониш аз рӯз ба рӯзи дигар бештар шуд, ки метавонист ду маъно дошта бошад: дарсҳо дар макотиби оливу миёна оғоз шуданд ва мубориза зидди COVID – 19  дар кишвар натиҷа дод, шумори гирифторон ва фавтидагон ҳам тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ рӯ ба коҳиш овард. Бахусус, моҳҳои ноябр, декабр ва январ дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ҳатто як ҷойи нишаст холӣ набуд. Вақте мебинем, ки дар толорҳои хониш ҷойи холӣ нест, хуш мешавем, ки миллати тамаддунофар ба асли худ, ки ҷӯёву пӯёи дониш буд, бармегардад ва хуштар аз он мешавем, ки барномаҳои давлатӣ ва дастуру талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҷалби саросарии мардум ба китоб самаровар шуданд. 
Охири соли 2020 даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Китобхонаи миллӣ доир гашт ва мо шоҳиди як сабқати бесобиқа шудем. Ба даври ниҳоӣ аз кӯдаки 7 – сола то пири 70 – сола  роҳхат гирифта буданд. Мо панҷ толори барҳаворо ҷудо кардем, онҳоро бо техникаи муосир муҷаҳҳаз намудем, ҳамчунин, як толори алоҳидаро барои волидону омӯзгорон ва устодони онҳо вогузоштем. Дар толори шашум монитор насб шуд, то мухлисону ҳаводорон ҷараёни озмунро бемамониат тамошо кунанд, ба шаффоф гузаштани он бовар ҳосил намоянд.  Имсол сеюмин озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мешавад ва мо ба пазириши довталабони даври ниҳоӣ омодаем. Аз ҳоло ин манзара пеши чашмам меояд, ки даври ниҳоии озмуни имсола назар ба соли пеш ҷиддитар хоҳад буд, мо ба довталабони донотару закитар ва пурталошу кӯшотар рӯ ба рӯ хоҳем шуд. Имсол озмуни дигаре бо номи “Илм - фурӯғи маърифат” низ доир мешавад. Ҳарчанд ин озмун дар Китобхонаи миллӣ намегузарад, вале мо толореро дар ошёнаи дуюм омода кардем ва дар он ҳама адабиёте, ки тибқи низомномаи ин озмун ширкаткунандагон бояд мутолиа карда бошанд, гузоштем ва мебинем, ки ҳамарӯза хонадагони зиёде вориди ин толор мешаванд.
Имрӯз Китобхонаи миллӣ 228 ҳазору 334 аъзо дорад ва танҳо соли 2020 мо 26047 нафарро ба узвият пазируфтем. Албатта, ба иллати COVID – 19  дар қиёс ба як соли пеш бештар аз 5 ҳазор нафар камтар хонандагон ҷалб шудаанд. Аммо омори шашмоҳаи аввали соли равон баёнгари вазъи дигаргуна аст. Дар ин шашмоҳа назар ба шашмоҳаи аввали соли 2020  3404 нафар бештар хонандагон узвияти Китобхонаи миллиро соҳиб шудаанд.  Ҳузури хонандагон зарфи шаш моҳи сипаришуда дар толорҳои шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён, ки шомили толори хониш, толори тиб ва табиатшиносӣ, ҳуқуқ ва фалсафа мебошад, дар қиёс ба шашмоҳаи соли 2020 22 ҳазору 361 нафар афзудааст ва дар ин муддат муштариён 75048 номгӯ китоб фармоиш додаанд.  
Замони COVID – 19  мо ба такмили китобхонаи электронӣ диққати бештар додем. Ҳоло Китобхонаи миллӣ аз тариқи китобхонаи электронӣ бештар аз 323800 нусха китобҳои мухталифро дар фазои маҷозӣ партов кардааст. Танҳо дар шаш моҳи ахир 82120 хонандаи маҷозӣ аз веб-барномаи мазкур истифода намуданд. 
Манзараи дилкашу дилпазир дар толори хониши кӯдакону наврасон ба чашм мехӯрад. Ин толор ҳамвора аз хонанда пур аст. Баъзан писаракону духтаронеро мебинам, ки аз ин толор ба толори дигар сар мехалонанд ва чун пурсон мешавам, ки чӣ меҷӯед, посух медиҳанд, ки ҷойи нишаст мекобем. Дарвоқеъ, тайи ду соли охир шумори хонандагони хурдсол ба маротиб афзудааст ва инҳое, ки мо гоҳу ногоҳ дар роҳравҳо мебинем, ҳамон шавқмандони мутолиаанд, ки бо ҳузурашон дили моро ҳам ба ояндаи миллат гарм мекунанд. Инҳоянд пӯяндагони ояндаву созандагони ҷомеаи нав ва  машъаладорону парчамбардорони истиқлоли кишвар. Шахсан зарфи ин ду сол лаҳзаҳои хотирмоне аз ҳаёти хонандаҳои наврас дорам. Бахусус, шодие, ки маро аз шеърхониҳову қиссапардозиҳову афсонагӯиҳои атфол бо лаҳни шевову хуши кӯдакӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаро гирифта буд, ҳеч наметавонам ба қалам диҳам ва гумонам он ба қалам ҳам намеояд, аммо ҳар лаҳзаи он чун бештарину шодтарин хотираи рӯзгор пеши назарам мегузарад. Ва боз вақте медидам, ки як наврас ба забони англисӣ ё русӣ бехато ба суолҳо на танҳо посух медиҳад, балки бо доварон, ки ҳар кадом устодони донишманду мутахассисони варзидаи соҳаанд, баҳс менамояд, ин шодӣ дигар дар дил ҳам намеғунҷад. 
Ва хуб аст, ки аз нахустин рӯзҳои бунёди ин бинои боҳашамат барои кӯдакону наврасон толори алоҳидаи хониш бо шуъбаи вижаи хидматрасонӣ таъсис гардид. Зарфи танҳо шаш моҳи соли ҷорӣ 15160 нафар хонандагони наврас вориди ин толори хониш шудаву 56025 нусха китобро мавриди мутолиа қарор додаанд. Соли гузашта, ки Тоҷикистон ва ҷаҳон дар мубориза зидди COVID – 19  дасту панҷа нарм мекард, боз ҳам ин кӯдакон ва наврасон аз фаъолтарин хонандагони китобхона буданд ва 19686 хонандаи ин толори хониш 76 406 нусха китоб барои мутолиа дархост кардаанд.
Роҳбарияти китобхона ҳам муносиб ба завқу талаби хонандаи хурдсол амал мекунад ва дар ин шаш моҳ 199 нусха адабиёти нави бачагонаро вориди шуъба кардаву дар мутолиаи хонандагон қарор додааст. Ҳоло ин шуъба дорои 3173 нусха китоб ба забони тоҷикӣ, 1226 нусха ба забони русӣ ва 150 адад китоб ба забонҳои дигар, аз ҷумла англисиву ӯзбекиву олмонӣ ва ғайра, ҳамчунин, 530 нусха маҷаллаву рӯзномаҳо мебошад. Ҷолибтар аз ҳама он аст, ки ҳар меҳмоне, ки ба Китобхонаи миллӣ меояд, ҳатман хоҳиши боздид аз ин толори хониш мекунад ва танҳо дар ҳамин шаш моҳи сипаришуда 2806 нафар меҳмонон ба ин толори хониш ворид шудаву иддае, ҳамзамон, бо хонандагонаш ҳамсуҳбат ҳам шудаанд.  
 
Ҷумахон ФАЙЗАЛИЗОДА, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илми педагогика, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2021    №: 157    Мутолиа карданд: 1001
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед