logo

иқтисод

ВАНҶ. ОБОДКОРИҲО ИДОМА ДОРАНД

Ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ бунёди иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо, корхонаҳову коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардондани боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо,  толор ва майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакон, ҳавзҳои шиноварӣ, маҳали зист ва дигар корҳои созандагӣ бо суръат идома дошта, дар арафаи ин ҷашни миллӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд, - иброз дошт Масрур Ғайратшозода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷ.
 
РОҲҲО МАРДУМРО БА МАНЗИЛИ УМЕД МЕРАСОНАНД 
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёду таъмиру тармими роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявию маҳаллӣ дошта пайваста таваҷҷуҳ доштанд. Ин аст, ки ҳазорҳо километр роҳҳои нав минтақаҳои гуногуни мамлакатро дар ҳамаи фаслҳои сол ба ҳам пайвастанд. Махсусан, роҳҳои кӯҳӣ обод гаштанд, дигар ба мусофирони роҳ боду борон, барфу яхбандиҳо пайваста таҳдид намекунанд. Масири серӯзаро одамони корафтода дар як рӯз тай менамоянд. Ҳоло дар роҳҳои кӯҳӣ ба сайру саёҳат баромадан лаззати дигаре дорад ва сайёҳон бо роҳҳои обод машғули саёҳати кӯҳию экологианд. Ба онҳо дидани мавзеъҳои ноҳияи Ванҷи пурганҷ алалхусус гуворост. Зеро роҳҳои маҳаллӣ низ чун кафи даст ҳамворанд. Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ 254,1 километр роҳҳо, аз ҷумла 40 километр роҳи байналмилалӣ, 61,3 километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, 152,8 километр роҳҳои маҳаллӣ ва, инчунин, 30 адад пул ба дарозии 865 метр ва 450 адад лӯлаҳои обгузар бо дарозии умумии 2620 метрро таъмир ва нигоҳдорӣ менамояд.
Мувофиқи нақша дар шаш моҳи  соли 2021 барои таъмир ва нигаҳдории роҳҳо аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 47933 сомонӣ мувофиқи нақша пешбинӣ шуда, ба ҳолати 1 июли  соли 2021, 100 фоиз маблағгузорӣ шудааст. Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  барои таъмир намудани роҳҳои маҳаллӣ 34645 сомонӣ ҷудо гардид ва он пурра пардохт шуд. Дар ин муддат хоҷагидорон ба миқдори 30  тонна борҳои гуногун кашонданд. 
 
МАОРИФ ТАҲКУРСИЕСТ БАРОИ РУШДИ ҲАМАИ СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ 
Дар марказ ва деҳоти ноҳия дар солҳои соҳибистиқлолӣ муассисаҳои зиёди таълимӣ сохта шудаанд ва бунёди мактабҳои нав дар меҳвари сиёсати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дошта, имрӯз 50 муассиса, аз ҷумла 13  ибтидоӣ, 9    асосӣ ва 28  таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин, 2  боғчаи  кӯдакона фаъолият  доранд ва 5787  хонандаву кӯдаконро   ба таълиму тарбия фаро  гирифтаанд.  
Ҳукумати ҷумҳурӣ барои маълумоти олӣ гирифтани занону духтарони кӯҳистон бисёр барномаҳоро амалӣ намудааст. Аз   ин рӯ, аз шумораи умумии муаллимони маълумоти олидори ноҳия, ки 566  нафаранд, 235 омӯзгорро бонувон ташкил медиҳанд, ки аксари онҳо соҳиби тахассусҳои оливу дараҷаи якуму дуюманд. Дар шуъбаи маориф  ба масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавон диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои такмили ихтисоси омӯзгорон ба шуъбаи маориф   28500 сомонӣ  ҷудо кардааст.
Дар назди шуъбаи маорифи ноҳия курси омӯзиши компютер барои директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва кормандони шуъбаи маориф ташкил шудааст ва аксар онро хатм намудаанд.
Таҳлили сатҳи дониши хонандагон ва сифати таҳсил нишон медиҳад, ки натиҷаи ҷамъбасти соли таҳсили  2020-2021 дар ноҳия қаноатбахш аст. 
 
САЙЁҲӢ ФИШАНГИ НЕРУМАНДИ ПЕШРАФТИ ИҶТИМОИЁТ 
Вобаста ба  ҷалби сармоя ва рушди соҳибкорӣ  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо соҳибкорон лоиҳаҳои сармоягузорӣ тарҳрезӣ намудаанд, ки дар натиҷаи амалишавии онҳо шароити мусоиди фарогирӣ ва хизматрасонӣ ба қабули сайёҳон беҳтар мегардад. Сохторҳои марбута бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия чорабиниҳои таблиғотию иттилоотиро ба роҳ монда, корҳои омӯзишӣ, семинару мизҳои мудаввар ташкил менамоянд.
Аз ин рӯ, боиси зикр аст, ки ноҳияи Ванҷ ба яке аз мавзеъҳои сайёҳии ВМКБ  табдил ёфтааст ва шумораи зиёди сайёҳони дохилию  хориҷӣ аз кӯҳу дарёву чашмасорон, ҷангалу буттазорҳо  ва ҷойҳои фарҳангӣ дидан менамоянд. Имрӯзҳо дар ноҳия маҷмаи сайёҳию истироҳатии “Ванҷи Боло” аз ҷониби соҳибкор Муфарраҳ Муҳаббатов сохта шуда, дар деҳаи Вишхарваки Ҷамоати деҳоти Рованд меҳмонхона барои қабули сайёҳон омода гардид. Меҳмонхонаҳои “Вохӯрӣ”,“Раҳмат”, “Ванҷи Боло” ва “Зиёратшо” барои қабули сайёҳон омодаанд.  
Дар ноҳия сайёҳон аз хатсайрҳои ширкати “Помирэко туризм”: Душанбе - Ванҷ - Кашолаях - Ҷиргатол, Душанбе - Ванҷ – Пойимазор -Хирсон, Душанбе – Ванҷ - Пойимазор - Дасти рост, Душанбе - Ванҷ - Пойимазор - Куи Зог, Душанбе - Ванҷ - Пойимазор - Ғармо истифода мебаранд.
Дар ноҳия барои рушди саёҳати кӯҳнавардӣ шароити созгор  мавҷуд аст ва монеаҳои сунъии маъмурӣ ва ситондани маблағ аз  кӯҳнавардон барои фатҳи қуллаҳо аз миён бардошта шудаанд. Бо  дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои кишвар дискҳои  соҳаи сайёҳӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ таҳия гашта, тариқи намоишҳои барномаҳои телевизионӣ ва шабакаи  интернетӣ паҳн гардида, дар онҳо оид ба манзараҳои Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла қуллаи Исмоили Сомонии ноҳияи Ванҷ аксҳо ва намоишҳои тарғиботӣ пахш мешаванд.    
Иқтидори иқтисодии саёҳати экологӣ дар ноҳияи Ванҷ  бемаҳдуд аст, вале барои ташаккул ва рушди он маблағгузории муайян  ва хароҷоти мақсаднок лозим аст. Таъсиси инфрасохтори зарурӣ барои  саёҳати экологӣ имкон медиҳад, ки дастрасии гӯшаҳои нодири табиӣ  барои сайёҳон таъмин гарданд. Дар Ҷамоати деҳоти М. Абдуллоев яке аз дараҳои хушманзара дараи  Зинг мебошад, ки бо  табиати сеҳрофаринаш дар дили сайёҳон нақш бастааст. Инчунин,  ҷойҳои таърихии деҳаи Гишхун «Гишхун», «Дараи Султонкавӣ», «Сада», «Бег», «Арчаи  даҳани дара», хонаҳои  қадимаи «Систан», дар маҳаллаи Гулистон «Чинор», дар деҳаи Одешт «Чашмаи регбарор», «Одешт», «Чорчашмаи дараи Одешт», «Дараи Бичхарв», «Дараи Савзи Говак», «Дараи Бичхарво», дар деҳаи  Роғ «Оҳанку», «Дараи Шанбӣ», «Дараи Арзо», чашмаи шифобахши «Тори Дашт», «Дараи Рохарвӣ» ва пиряхҳову чашмаи шифобахши  «Хингҷар» манзараҳои назаррабо ва нотакрор доранд.
Дар Ҷамоати деҳоти Рованд мавзеъҳои ҷолиб ва диққатҷалбкунанда пиряхҳои Федченко, Хирсон, қуллаи Исмоили Сомонӣ, дараи Сунгад, дараи Лангар, кони кварс, мақбараҳои Садр ва Бадр, мақбараи Абдулқаҳҳор, мазори деҳаи Дуршер, мақбараи Шоҳимардон, Гармчашма ба шумор мераванд. Барои фароғати сайёҳон маҷмаи фароғатӣ ва маишӣ дар деҳаи Вишхарвак бунёд шудааст. Язгулом бо мавзеъҳои сангнигораҳои Мотравн, Қумочдара, қалъаҳои Мотравн, Андарбоғ, Тӯпхонаи Рохзав ва дигар мавзеъҳо машҳур аст. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ тамоми кӯшишро барои пешрафти иқтисодиву  иҷтимоии ноҳия, ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ, ташкилию фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2021    №: 157    Мутолиа карданд: 1782
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед