logo

Хабарҳо

СММ аз афзоиши офатҳои экологӣ ҳушдор дод

Лента. ру. СММ аз афзоиши офатҳои экологӣ дар даҳсолаи оянда бинобар 1,5 дараҷа гарм шудани Замин ҳушдор додааст, - менависад Daily Mail.
Мувофиқи маълумоти Шӯрои байниҳукуматии гурӯҳи коршиносони СММ оид ба тағйирёбии иқлим (тақрибан 200 олим аз 60 кишвар), сатҳи Замин назар ба оне, ки интизор мерафт, тезтар гарм мешавад. Тибқи пешгӯиҳои муҳаққиқон, ҳарорат дар давраи аз соли 2030 то 2052 бояд 1-1,5 дараҷа баланд мешуд. Ҳоло бовар доранд, ки ҳарорати баландтарини миёна даҳ сол пеш, то соли 2040 нишон дода мешавад. Ба гуфтаи коршиносон, дар ин росто инсоният бояд ба гармои рекордӣ, сӯхторҳои ҷангал ва обхезӣ омода бошад. Тағйирёбии ҳарорат метавонад ба бадшавии вазъи ҳаво, болоравии сатҳи баҳр, расидани зиён ба саломатии одамон, афзоиши фавт, талафоти ҳайвонот ва зироатҳои кишоварзӣ  оварад.
 
 
Иттиҳоди Аврупо ба бозгашти сайёҳони рус умедвор аст
Известия. Тақрибан 74 дарсади сафарҳои шаҳрвандони Россия ба Аврупо рост меояд. Аз ин рӯ, онҳо дар бозори туризм нақши бениҳоят муҳим доранд. Дар ин бора ба «Известия» аз Комиссияи сайёҳии Аврупо  хабар доданд.
 "Мо умедворем, ки то охири соли ҷорӣ дар ин самт тағйироти мусбат ба амал меоянд: ё Россия ба рӯйхати" кишварҳои бехатар "-и ИА дохил мегардад, ё  ваксинаи «Спутник V» барои эмгузаронӣ аз ҷониби СҶТ маъқул дониста мешавад",- қайд карданд дар Комиссияи сайёҳии Аврупо. 
Дар ҳамин ҳол, туроператорҳои рус, аллакай, бо шарикони худ дар саросари ҷаҳон баррасии таҳияи тартиби ягонаи қоидаҳои вуруди сайёҳонро шурӯъ карданд. 
Aссотсиатсияи туроператорҳо ба Соз-мони ҷаҳонии сайёҳии СММ ва дигар намояндагони ин соҳа дар Аврупо ва Осиё бо пешниҳодҳо оид ба барқарорсозии туризми байналмилалӣ дар шароити кунунӣ муроҷиат кард.
 
 
СММ: «Афғонистонро фалокате таҳдид мекунад, ки назирашро ҷаҳон надидааст»
CentralAsia (CA). Намояндаи махсуси СММ ва роҳбари Миссияи кумаки СММ дар Афғонистон Дебора Лайонс ба Шӯрои амният ҳушдор дод, ки агар чораҳои таъҷилӣ андешида нашаванд, мамлакат ба фалокате дучор хоҳад шуд, ки оқибатҳои он берун аз ин кишвар низ эҳсос карда мешаванд. 
Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, раҳбари намояндагӣ мутмаин аст, ки дар ин ҷода бояд чораҳои фаврӣ андешида шаванд. Аз ҷумла, тавсеаи ваколатҳои дафтари СММ дар Афғонистон муҳим мебошад.
"Имрӯз мо имконият дорем нишон диҳем, ки Шӯрои амният ва ҷомеаи байналмилалӣ барои пешгирии фалокат дар Афғонистон омодаанд.   Ман итминони комил дорам, ки Шӯрои амният ва ҷомеаи байналмилалӣ қодиранд сенарияҳои бадтаринро пешгирӣ кунанд",- гуфт Лайонс ба аъзои шӯро, ки дирӯз барои як ҷаласаи вижа оид ба вазъияти Афғонистон ҷамъ омада буданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 743
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед