logo

Хабарҳо

БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ ҲИСОР

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, якчанд иншооти навро, ки ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ёфтанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. 
Нахуст, Сарвазири мамлакат дар деҳоти Сомон бинои шуъбаи назорати метеорологии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро пас аз таъмиру навсозӣ  ифтитоҳ намуд. Ҳамзамон, дастгоҳи радиолокатсионӣ-радарии муосири тамғаи ДМРЛ-С-5 ба истифода дода шуд. Сарвазири мамлакат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сарпараст ва шарикони лоиҳа изҳори сипос намуд. 
Зикр гашт, ки шуъба аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо дастгирии Бонки осиёии рушд ба маблағи 1,5 миллион доллари ИМА таъмиру таҷдид гардид.
Доваршоҳ Азизӣ, сардори Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода,  иброз дошт, ки дар шуъба пас аз навсозӣ ва насби дастгоҳи радиолокатсионӣ имкон фароҳам омад, ки 135 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав  аз хатари бориши жола ҳифз гарданд. Таҷҳизоти мазкур дорои имконияти васеъ буда, радиуси умумии фарогирии локаторҳои он то 250 километрро ташкил медиҳад ва бо реҷаи фаврӣ маълумотро қабул ва ирсол мекунад. Ҳамзамон, он метавонад дар баландии то 12 километр абрҳои жолаоварро пароканда намояд. Дастгоҳу таҷҳизоти нав тавассути компютер идора шуда, хатарро ба таври автоматикӣ муайян ва пешгирӣ мекунад. Системаи нав дар 48 давлати ҷаҳон, аз ҷумла мамлакатҳои Аврупо таҷриба шуда, беҳтарин воситаи муҳофизат эътироф шудааст. 
Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат дар шаҳраки Ҳисор маркази муоинаи техникии нақлиёти автомобилӣ ва шуъбаи бақайдгирию имтиҳонии раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилиро мавриди истифода қарор дода, ифтитоҳи онро  дар  арафаи таҷлили 30-юмин  солгарди Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзишманд  маънидод кард.  
Дар марказ барои муоинаи техникии нақлиёт тамоми шароитҳо муҳайё буда, ронандагон аз шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав метавонанд ҳуҷҷатгузории хариду фурӯши нақлиёт, амалиёти пардохти маблағи суғурта ва дигар хизматрасониҳои нақлиётиро анҷом диҳанд. 
 Баъдан, Сарвазири мамлакат ба деҳаи Ҷавонони деҳоти Дурбат омада, дар боғи интенсивии «Ситабр Агро» ва хоҷагии деҳқонии «Иқбол-С» бо фаъолияти боғдорон ва кишоварзон шинос гардид. Боғи ҶДММ «Ситабр Агро» дар майдони 18,98 гектар бунёд ёфта, 18 нафар бо кори доимӣ ҷалб шудаст. Дар назди боғ корхонаи коркарди ҷуворимаккаи қандак фаъолият дорад. Соли гузашта корхона ба маблағи  482,2  ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.    
Замини хоҷагии деҳқонии «Иқбол-С» 10 гектарро ташкил дода, ба он деҳқони асилу кордон Саъдулло Қамбаров роҳбарӣ мекунад. Имсол дар хоҷагӣ дар 5 гектар пахта, 1,5 гектар ҷуворимакка, 2 гектар хӯроки чорво ва сабзавот кишта, дар майдони 1,5 гектар майдони боғи мева бунёд гашт. 
Инчунин, дар ҳамин деҳа Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба фаъолияти корхонаи коркарди орд оғози расмӣ бахшид. Ба Сарвазир иттилоъ доданд, ки дастгоҳҳои корхона наву замонавӣ буда, аз Ҷумҳурии Корея ворид ва насб шудаанд. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 4000 тонна орд мебошад. 
Қоҳир Расулзода зимни сафар, инчунин, бо рафти сохтмони варзишгоҳ ва ҳавзи моҳӣ дар деҳоти Ҳисор шинос шуда, ба соҳибкорон барои ба як гӯшаи зебои истироҳатию фароғатӣ табдил додани ин мавзеъ тавсияву маслиҳатҳои судманд дод. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 856
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед