logo

Хабарҳо

Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба ноҳияи Деваштич расид

Аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи гаронарзиш - китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба сокинони ноҳияи Деваштич тақдим гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода зимни қабули туҳфаи Пешвои миллат - китоби «Тоҷикон» таъкид намуд, ки он ба ҳар оила расонда мешавад.
Дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар оилаи мамлакат тақдим мешавад.
 
 
 
Иштироки Маҳмадтоир Зокирзода дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Эрон
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ,  ки дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид, дар баробари намояндагони воломақоми  кишварҳои дунё иштирок намуд. Дар ин бора маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.
Маросими савгандёдкунии ҳаштумин Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ дар ҳузури 265 меҳмон аз 115 кишвар баргузор шуд.
Президенти тозаинтихоб савганд хӯрд, ки нигаҳбони Конститутсия ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад буд ва барои ҳалли мушкилоти мардум саъй мекунад.
 
 
 
Баррасии ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар Ню-Йорк
Мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо намояндаи олии СММ оид ба гурӯҳи кишварҳои кам тараққикарда, кишварҳои тараққикунандаи муҳосирашуда дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ Куртеней Раттрей доир гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ дод.
Зимни вохӯрӣ авлавияти кишвар дар гурӯҳи мамолики тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ, инчунин, масъалаҳои татбиқи Барномаи амали Вена, барқароршавӣ аз ҳамагирии COVID-19, дастрасии баробар ба ваксинаҳо, такмил ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони пули энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) ва ҳамкориҳо ҷиҳати татбиқи қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” матраҳ шуд.
 
 
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо директори иҷроияи Иттиҳоди соҳибкорони хурду миёнаи Олмон
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Cоҳибназар Ғайратшо бо директори иҷроияи Иттиҳоди соҳибкорони хурду миёнаи Олмон (Der Mittelstand BVMW) Маркус Йергер мулоқот кард.
Ҷонибҳо дар бораи густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар ва ҷалби соҳибкорони хурду миёнаи Олмон ба Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Бо назардошти фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ислоҳоти солҳои охири иқтисоди Тоҷикистон, иттиҳоди мазкур ҳавасмандии хешро баҳри вусъати робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо Тоҷикистон иброз намуда, таъйини атташеи тиҷоратии Тоҷикистон дар Олмонро ҳамчун нишонаи таваҷҷуҳи Тоҷикистон дар рушди ҳамкорӣ бо Аврупо арзёбӣ кард.
 
 
COVID-19. 68 ҳолати нави сироят сабт шуд
Шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 68 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Инчунин, 74 нафар аз ин беморӣ табобат ёфт, - хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 8 август дар кишвар 15651 нафар гирифтори коронавирус сабт гардида, аз ин шумора то санаи зикргардида 15193 кас (97,1%) шифо ёфт. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 122 нафар фавтид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 817
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед