logo

сиёсат

ПЕШВОИ РАҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ МИЛЛАТ

ОҒОЗ
Дар остонаи таҷлили Ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ хушхабаре расид ва ҷомеаи сулҳпарвари ҷаҳонро бори дигар хушҳолу болида гардонд, ки Пешвои муаззами миллати тоҷик, фарзонафарзанди Тоҷикистон, абармарди дунёи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  нахустин мукофоти олии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ - Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ сарфароз гардиданд.
Қарори муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бораи ба Пешвои муаззами миллати тоҷик, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ сазовор донистани мукофоти аввалини сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ воқеан ҳам нишони арҷгузорӣ ва қадрдонӣ аз хизматҳои шоистаи ин чеҳраи барҷастаи сиёсӣ, инсоне, ки имрӯз на танҳо дар ҳалли мушкилоти кишвари худ, балки дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳиму мушкили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талош меварзанд, садо баланд мекунанд, махсусан,  дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд, арзёбӣ мешавад.
Имрӯз бо шунидани ин хабар ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз хурсандӣ меболад, ифтихор аз Пешвои худ мекунад, ки воқеан дар ҷаҳони муосир Пешвои муаззами миллати моро ҷаҳониён қадр мекунанд, садояшро мешунаванд, ибтикороташро таҳсин карда, роҳандозӣ менамоянд ва Эмомалӣ РАҲМОН – фарзанди кулли ИНСОНИЯТ ва ҶАҲОН аст.
Бинобар ин, мо ва мардуми моро мебояд, ки боз ҳам аз пештара дида бештар ба қадри заҳматҳои ин марди бузург расем ва шахсияти фавқулодаи ӯро эътироф намоем. Ин абармард бо забони ширини тоҷикӣ бори аввал аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз соли 1993 суханронӣ карда, ба бештар аз 200 кишвари ҷаҳон забони моро муаррифӣ намуданд. Сулҳу ваҳдатро пойдор, кишварро амну обод, миллатро сарҷамъ, таърихи пурифтихори моро эҳё карда, мактабу илму маорифро рушд доданд ва тавассути заҳматҳои сангин, кори шабонарӯзии тавъам бо ҷонфидоиҳову азхудгузаштанҳо ва ибтикороти созандаву бунёдкорона давлати тоҷиконро имрӯз дар арсаи байналмилалӣ рақобатпазиру пешрафта гардонданд.
 
 
МУЛОҲИЗАЕ ЧАНД ПЕРОМУНИ ЗАҲМАТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Мусаллам аст, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба сабаби ноогоҳӣ аз авзои сиёсию мафкуравии минтақаву ҷаҳон ва камтаҷрибагӣ дар самти мудирият ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони гирудорҳои сиёсӣ табдил ёфта, табақаҳои гумроҳи минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бозичаи дасти гурӯҳе мансабталош, риёкор, худнамо, худбохта ва фурсатталаб гардиданд. Дар натиҷа, на танҳо фазои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрию марказӣ, балки муҳити музофотӣ низ вазъи буҳрониро аз сар гузаронд. Ба ин тартиб, замоне ки тавассути афкори ғаразноки сиёсию фарҳангӣ ва динию мазҳабӣ (ибтидои солҳои навадуми асри XX - замони оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ) Тоҷикистон ба саҳнаи низоъҳои сахти идеологию сиёсӣ ва динию мазҳабӣ табдил ёфта, бозичаи дасти абарқудратони минтақа ва ҷаҳон гардида буд, аксари намояндагони қишрҳои сиёсӣ, равшанфикр ва фарҳангии ҷомеаи тоҷикистонӣ бетарафӣ ва бетафовутиро дар робита бо вазъи мавҷуда ихтиёр карда, бархе дигар, аз беиттилоотию бехабарӣ аз тамоюлоти сиёсӣ ва камтаҷрибагӣ дар баробари дарки сиёсатҳои минтақа ва ҷаҳон, ба ин ё он тарафи гурӯҳҳои даргир ҳамроҳ шуда, боиси ташаннуҷи вазъи сиёсӣ гаштанд. Хушбахтона, дар он авзои хатарбору ҳассос сиёсатмадорону фарҳангиёни баномус ва сарафроз дар манотиқи гуногуни кишвар ёфт мешуданд, ки ҷиҳати коҳиш додани сатҳи вусъати вазъи буҳронӣ ва танзими муносиботи мутақобила ва ҳасанаи миллӣ ва фаромиллӣ саъю талоши фаровон ба харҷ медоданд. Яке аз ин гуна шахсиятҳои дилсӯзу миллатпараст, ки ба майдони мудирияти давлатӣ ворид гардида, ВАТАН, ХАЛҚ, МИЛЛАТ  ва Ҳукуматро аз хатари нобудӣ эмин дошт, Эмомалӣ Раҳмон буд. 
Ҳамин тариқ, дар чунин вазъи фоҷиабор, ки ҳатто аз бародар ҳам чашмдошту умедворӣ доштан ғайриимкон шуда буд, Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ва давлатдории миллӣ ворид гардида, ҷасурона дар ин масири мушкилписанди сиёсӣ гомҳои устувор бардоштанд. Ин ҳам маълум аст, ки сохтор ва дастгоҳи фалаҷшудаи давлатӣ, ки нимаи дуюми моҳи ноябри соли 1992 ба Эмомалӣ Раҳмон мерос монд, на тармим, балки эҳё ва навсозиро талаб мекард. Ба таъбири дигар, Сарвари давлат бояд давлат ва ҳукумати ба талаботи замон мутобиқро заминагузорӣ мекарданд ва пешорӯйи Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти сангин қарор дошт. Бад-ин минвол, Эмомалӣ Раҳмон замоне раҳбари ҳокимияти сиёсӣ интихоб гардиданд, ки воқеан (de fakto) пойтахти мамлакат имкони таъмини иҷрои вазифаҳои конститутсионии худро аз даст дода буд ва он бояд барқарор мешуд. Он замон, қатъи назар аз нобасомониҳои ҷиддӣ, мусибати миллӣ, мушкилоти зиёди иқтисодию сиёсӣ ва навмедию яъси табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, зеҳни Сарвари давлатро оромии иҷтимоӣ, суботу амнияти сиёсӣ, ба кор даровардани корхонаҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сатҳи саводу маърифат, эҳёи суннату оинҳои миллӣ ва, муҳимтар аз ҳама, барқарор кардани ҳофизаи таърихӣ, ки бар асари ҳуҷуми мафкураи хориҷӣ сахт осебпазир гардида буд, машғул медошт. Ва мардуми равшанзамири Тоҷикистон соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Президентро интихоб ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Раъйи мардум  сӯйи мардумсолорӣ, ҳуқуқбунёдӣ, миллатсозӣ ва дунявият гароиш пайдо намуд ва ин роҳи муваффақ то имрӯз кишварро ҳамсафар аст. 
Сарвари давлат тайи фаъолияти раҳбарӣ эҳёи ҳофизаи таърихӣ, навсозии сохтори давлатӣ, ободкорию созандагӣ ва рушди миллиро ба унвони стратегияҳои давлатӣ дар меҳвари кори сиёсӣ қарор доданд ва тамоми имконоту тавонмандиҳояшонро сарфи анҷом додани лоиҳаи  миллатсозӣ ва эҳёи таърихи миллӣ карданд. Ин аст, ки Сарвари давлат масъалаи эҳёи таърих, суннат, анъанот, оинҳо ва мероси бостонии миллӣ, ки дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва тақвияти ҳофизаи таърихии миллат нақши асосӣ доранд, ҳамеша дар мадди назар қарор дода, дар ин масир устуворона гом бардоштаанд. 
Маҳз талошу сахткӯшиҳои Сарвари давлат дар заминаи эҳёи таърихи миллӣ буд, ки нақша ва тарҳи таҷлили бошукӯҳи ҷашни 1100 - солагии давлатдории Сомониён таҳия гардида, ҷиҳати амалӣ гаштани он барномарезиҳои ҷиддии давлатӣ ва ҳукуматӣ анҷом пазируфтанд. Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини раҳбарӣ ҷиҳати тақвияти ҳофизаи таърихии миллат ва устувору пойдор сохтани пояҳои давлатдории миллӣ камари ҳиммат барбастанд. Донистани таърихи миллат ва касби донишҳои таърихӣ, ки дар ташаккули ҳувият ва пурқувват шудани рӯҳияи миллӣ нақши муассир доранд, дар меҳвари кори Сарвари давлат қарор гирифт. Ин буд, ки бо мақсади таҳкими раванди худшиносию худогоҳӣ Сарвари давлат китоби ҷудогонаеро таҳти унвони “Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” таълиф намуданд. Эҳсоси миллатпарастӣ, ҳувиятшиносӣ ва ҳувиятсозӣ, ки аз донистани таърихи миллӣ шурӯъ мешавад, Сарвари давлатро бар он водошт, ки дар заминаи таърихи бумӣ ва мероси арзишманди аҷдодӣ чандин китоб ба чоп расонанд. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон пурсиши нахустинро, ки миллатро ба ҳувиятшиносӣ ва пурсишгарии аҷдодӣ ҳидоят мекунад, дар пешгуфтори китоби “Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” чунин матраҳ месозанд: “Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом бум ошён доштанд?”. Ба назари Сарвари давлат, “ифтихори миллӣ аз донистани таърих, забон ва фарҳанги миллат оғоз меёбад”. 
Аз рӯзҳои аввали раҳбарӣ Эмомалӣ Раҳмон ободкорӣ ва созандагиро ба унвони рисолати сиёсию давлатӣ пазируфта, ҷиҳати раҳондани кишвар аз буҳрони амиқи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бар асари он буҷети мамлакат ба сифр баробар шуда буд, ба таври ҷиддӣ иқдом намуданд. Аз тарафи дигар, сиё-сати созанда ва ободкоронаи Сарвари давлат боиси тараққии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар гардид. Ба шарофати сиёсати муваффақонаи дохилию хориҷии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти зиёд бартараф гардида, роҳ барои фатҳи қуллаҳои мурод ҳамвор шуд. Азму ҷадалҳои бесобиқаи Президент Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бунёдкорию созандагӣ дар ҷумҳурӣ авҷ гирифта, кишвар ба марҳилаи навини рушд ворид гардид. 
Ибтикороти ҷиддӣ - таъмиру бозсозии роҳҳои нақлиётӣ, хатсайрҳои аҳамияти миллию байналмилалидошта, бунёди иншооти хурду бузурги саноативу истеҳсолӣ ҷиҳати раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба марҳилаи истиқлолияти энергетикӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари саноатӣ-индустриалӣ дар саргаҳи барномарезиҳои давлатӣ ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлат қарор доранд. Сохтмони аср –- неругоҳи “Роғун” бузургтарин лоиҳаи  Сарвари давлат аст, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз ба он сахт вобаста мебошад. 
Баланд бардоштани сатҳи ҳувияти миллӣ аз тариқи баргузор намудани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ анъанаи неки давлат ва Ҳукумати кишвар бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон аст. Соли гузашта дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ дар миқёси ҷумҳурӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва илмӣ таҷлил гардиданд. Махсусан, таҷлили саросарии ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ва Тиргону Сада ҳувияти миллӣ ва эҳсоси ватанпарастии насли ҷавони ҷомеаи тоҷикро боло мебарад. Ба ин далел, Президенти мамлакат зимни суханрониҳо таъкид доштанд: “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад... Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад”. 
 
 
АНҶОМ
Такя ба халқ ва дар хидмати мардум буданро Сарвари давлат рисолати аслии худ медонанд ва ҳамеша чунин рисолатмандиро аз кулли хидматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти давлатӣ талабу тақозо менамоянд. Ин аст, ки халқ Сарвари давлатро дӯст медорад ва эҳтиром мекунад. Бинобар ин, аз дониш, таҷриба, масъулият ва ҷасорати Сарвари давлат мебояд омӯхту таҷриба андӯхт ва дар ҳалли мушкилоту муаммоҳои  гуногун  онҳоро дастури кор ва фаъолияти худ қарор дод. Ба ин маънӣ, он чи ки Сарвари давлат тайи фаъолияти раҳбарӣ анҷом додаанд, ин абармардро минҳайси эҳёгари таърих, оину суннатҳои миллӣ, бунёдкори имрӯз ва раҳнамои фардои миллат муаррифӣ менамояд. 
Зимнан ёдоварӣ мебояд, ки маросими дар ҳалқаи сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон супурдани мукофоти олии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ - Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо ҷомаи сурхи инъом аз қаъри асрҳо садои ифтихори устод Рӯдакиро дар гӯши ҷони пиру ҷавони мамлакат ва ҳам Осиёи Марказӣ бори дигар танинандоз мекунад:  
Бузургони ҷаҳон 
чун гардбанданд,
Ту чун ёқути сурх 
андар миёна. 
 
Фарҳод РАҲИМӢ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2021    №: 158    Мутолиа карданд: 1475
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед