logo

иҷтимоиёт

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ВА РУШДИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН

Тирамоҳи соли 1909 дар деҳаи Хоруғ нахустин мактаби русӣ бо мақсади тайёр намудани нафарони босавод - тарҷумонҳо кушода шуда, таълимдиҳии хонандагон ба зиммаи афсар Хмелёвский, донандаи хуби забонҳои шуғнӣ ва форсӣ-тоҷикӣ вогузор мешавад. Мудири мактаби забонҳои шарқ аз округи ҳарбии Туркистон Иван Денисович Ягелло (1865 – 1942), аз 14 сентябри 1912 менависад: «Дар вақти сафари хизматӣ доштан ба Помир, дар таърихи 7 июл аз хонандагони мактаби Помир имтиҳон гирифтам. Дар гурӯҳи аввал беҳтаринҳо Шириншоҳ Шоҳтемуров, Карамхудо Элчибеков (бунёдгузори хизматрасонии тиббии шӯравӣ дар Тоҷикистон ва баъдтар (1926), Коммисари халқии тандурустии ҷумҳурӣ), Азизбек Наврӯзбеков ва Сайфулло Абдуллоев  буданд».
Омӯзиши ҳолномаи Шоҳтемур гувоҳ аст, ки орзуи ширин ва аввалинаш хондану баъд дигаронро таълим додан будааст. Соли 1914 бо ин орзу, Шириншоҳи 15 - сола пас аз 4 соли таҳсил дар мактаби Хоруғ, бо дастгирии афсари рус Дмитрий Сергеевич Топорнин, ба шаҳри Тошканд меравад. Дар Тошканд Шоҳтемур ҳадафи асосиашро хондан муайян намуда, баробари иҷрои корҳои пешхизмат, посбон, коргари завод, вагонбар, кондуктори трамвай, бағоҷдеҳи қатораи боркаш, фаррош ва ғайра, вақт ёфта, назди мудири омӯзишгоҳи ҳаштуми русии Тошканд Апполон Петрович Радугин таълим мегирад.
Соли 1917 Шириншоҳ имтиҳони хатмашро супурда, дар 18-солагӣ ба курси аввали омӯзишгоҳи муаллимтайёркунӣ дохил мешавад, вале пас аз муддати кӯтоҳе дари ин таълимгоҳро мебанданд. Моҳи сентябр ба семинарияи муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд дохил мешавад, вале бо ғалабаи Инқилоби октябри соли 1917 таҳсилаш қатъ ва дар ҳайати Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ ба Помир фирис-тода мешавад. 
Аз рӯзҳои аввали кор дар ин ҳайат, Шоҳтемур пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ, баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ва вохӯриҳоро дар тамоми ҳудуди Помир бо забони тоҷикӣ ба роҳ мемонад, гарчанде дар дигар ҳудудҳои Тоҷикистон истифодаи ин забон расман манъ буд. Ин амали ҷасуронаи Шириншоҳ оид ба истифодаи забони тоҷикӣ дар Помир, соли 1921 се сол пештар аз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон амалӣ гардид. 
Шириншоҳ бесаводӣ ва нодониро азимтарин монеаи пешрафти ҳаёт ҳисобида, ҳалли ин мушкилиро вазифаи аввалини ҷомеа муайян кардааст. Вай дар Хоруғ бунёди мактаби 3-соларо бо омӯзиши забонҳои форсӣ, русӣ, ҷуғрофия, таърих, арифметика, саводи сиёсӣ  ва  дар деҳот ташкили мактабҳои навро бо ҷалби нафарони босавод аз байни аҳолӣ ва аз ҳисоби кормандони отряди сарҳадӣ  ба миён гузоштааст. 25 июли соли 1921 Анҷумани шӯроҳои ноҳияҳои Помири Ғарбӣ бо баррасии масъалаи маорифи халқ гузашта, қарор мекунад: «Тамоми нафарони босаводро ба ҳисоб гирифта, вазифадор бояд намуд, ки ба таври ройгон, ҳафтае 3 маротиба кӯдакони деҳаҳояшонро савод омӯзонанд». «Имрӯз, вақте Ҳокимияти Шӯравӣ бо ҷаҳди зиёд бесаводиро дар тамоми ҷо аз байн бурда истода, баҳри маърифатнокии аҳолӣ чораандешӣ дорад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ намудан дар дуруст ба роҳ мондани кори мактаб дар Помир зарур аст», - менависад Шоҳтемур дар мактубаш аз 19 июли соли 1922 ба номи Котиби масъули КМ ҲК Туркистон Тӯрақулов.  
Октябри соли 1922 нишасти фавқулодаи Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ баргузор мегардад ва масъалаи кори мактабро баррасӣ мекунад. Дар нусхаи протоколи № 1-и ин нишаст омадааст: «Имсол (1922) мактаб барои 50 нафар дар Хоруғи Поён кушода шуд. Хонандагонро аз Помири Шарқӣ – 10, аз Шуғнон – 20, Рӯшон – 10, Вахон – 6, Ишкошим – 4 - нафарӣ ҷамъ бояд кард. Бо сабаби камчин будани ғизо дар даври аввал ҷиҳати дастгирии хонандагон байни намояндаи динӣ Саид Мунириддин валади Муҳаммадқосим ва Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ  шартнома бояд баст. Омӯзгори забони форсӣ сокини деҳаи Поршинев  Абдул-Алишо Зинатшоев таъйин шавад».  
Шоҳтемур боз ба номи раёсати КИМ Туркистон мактуб ҷиҳати ташкили мактаб бо ин мазмун равон намудааст: «Ба мо имкони кушодани 3 – 4 мактаби на он қадар калонро диҳед. Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ фикр дорад, ки бо гирифтани маблағ аз отряди сарҳадӣ, мактаби куҳнаи Хоруғро бо хобгоҳ барои 30 нафар кушода, ҷиҳозонад. Ба кормандон ҳаққи корашонро бояд диҳед. Эҳтиёҷи омӯзгор Николаев, усто Чернов ва дӯзанда Чернова то ҳол қонеъ нашудааст. Хоҳиш дорам дар ин бора чораҷӯӣ шавад». 
Августи соли 1923 сафари Шириншоҳ ба Помир анҷом меёбад ва бо баргаштан ба Тошканд, дар ҷаласаи КИМ Туркистон боз масъалаи зудтар ҳал намудани раванди маълумотгирии аҳолии Помирро ба миён мегузорад. 
Аз соли 1917 то 1924 дар тамоми ҳуҷҷатҳо ва нишондодҳои давлатии расмӣ, ҳам дар сатҳи КМ ҲК умумииттифоқии болшевикӣ ва ҳам ҳаёти сиёсӣ, дар бораи тоҷикон ҳамчун миллати бумии Осиёи Миёна, ки 47,7 дарсадро ташкил медод, маълумот дода намешуд. Шириншоҳ аз октябри соли 1923 то 5 августи 1924 корманди бойгонии назди котиботи СКХ Ҷумҳурии Туркистон, баъдан инспектори маорифи тоҷик ва то ба Душанбе омадан, дар зершуъбаи ақаллиятҳои миллии шуъбаи тарғиб ва ташвиқи КМ, ки аввалин сохтори расмии сиёсӣ буд, ба ҳайси инструктор кор карда, сирф масоили ба манофеи миллати тоҷик дахлдорро мунтазам ба  баррасӣ мегузорад. 
То соли 1924 мактабҳои шӯравӣ бо таълими забони тоҷикӣ набуданд. Дар Хуҷанд, Конибодом, Ӯротеппа, Панҷакент ва дигар шаҳру ноҳияҳо, ки аҳолиашон асосан тоҷикон буданд, таълим бо забони ӯзбекӣ сурат мегирифт. Душманони миллат талош мекарданд, фаъолияти мактабу таълимгоҳҳо бо забони тоҷикӣ набошанд ва нашри рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳои дарсӣ  бо ин забонро боздоранд. Шириншоҳ ин вазъро дар номааш «Дар бораи аҳволи маданӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон» ба унвони роҳбарияти шӯравӣ мерасонад ва танҳо пас аз дастур гирифтан, Бюрои Осиёимиёнагии ҲК маҷбур мешавад, ки баъзе корҳоро амалӣ намояд. 
Шоҳтемур ҳадафмандона соли 1924 дар Тошканд дар ташкили аввалин Институти омӯзгортайёркунӣ барои Тоҷикистон - маркази ягонаи маданӣ барои тамоми тоҷикони Осиёи Миёна ва чопи аввалин китобҳои тоҷикӣ, аз ҷумла, се китоби дарсӣ барои мактабҳо саҳм мегирад. Ин институт то соли 1926 ҳамагӣ се синф дошт ва хонандагон имкони зиёд намудани дониши хешро надоштанд, вазифаи хонагиро ба иҷро расонда  наметавонистанд, чунки беш аз нисфи масоҳати ин синфхонаҳо ҷойи хобро ташкил медод. Институт иҷборан фаъолияташро қатъ намуд ва ин амали тарҳрезишуда моҳияти сиёсии ин мактаби нав ва эътибори мавқеъгирии миллати тоҷикро дар Осиёи Миёна зери шубҳа бурд. 
То соли 1928 раванди ташкили мактабҳои нав дар Тоҷикистон, бо сабаби пурзӯр будани таъсири рӯҳониён ба аҳолӣ суст пеш мерафт. Роҳбарият имконоти сохтан ва таъмини ҳаматарафаи мактабҳои дунявиро кам дошт ва бар замми ин, дар макотиби бунёднамудаи Тоҷикистон, таълим ба забони ӯзбекӣ мерафт. Новобаста аз ин душвориҳо, дастоварди бузурги мактабҳои дунявӣ, ин оғози таълимдиҳӣ бо забони тоҷикӣ буд. 
Шоҳтемур дар намояндагии доимии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалис-тии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон кор карда, ба таъсисдиҳӣ ва рушдбахшии муассисоти таълимии Тоҷикистон зиёд мутаваҷҷеҳ мешавад ва, ҳатто, андозаи маблағи ба ин мақсад ҷудошуда ва сарфиёти онро таҳти назораташ мегирад. Вай солҳои 1931 – 1932   дар ташкили мактабҳои шӯравӣ дар Помир, Сталинобод, Кӯлоб, Ӯротеппа, Панҷакент, Лоқай ва дар таъсиси мактабҳои муаллимтайёркунӣ дар Душанбе, Хуҷанд ва Донишгоҳи кишоварзӣ, ки то имрӯз фаъолият дорад, бевосита саҳм дорад. Бо талаби ӯ заводу фабрикаҳо, мактабҳои шабонаи коргарӣ ва дар назди техникумҳо ва мактабҳои олӣ факултаҳои коргарӣ ташкил мегарданд.
Шириншоҳи кордон ва дилсӯз, роҳбари покзамиру ватандӯст хуб дарк мекард, ки рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон бе тарбияи кадрҳои босавод ва болаёқати педагогӣ ғайриимкон аст. Дар нахустсолҳои басо душвори соҳибистиқлолӣ (28 августи соли 1995) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо фаъолони маорифи Ватан чунин баён намуда буданд: «То замоне, ки мо барои аҳли маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоиста муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд, дарк нанамоем, ба ояндаи дурахшон назар кардан душвор аст».
Дар ин фазои пурихтилофу хатарнок Шоҳтемур зиёд мекӯшад, то ки  тоҷикон чун қавми алоҳида, чун воҳиди ягонаи этникӣ, чун халқ ва иттиҳоди иҷтимоии дорои таъриху фарҳанги куҳан, тавонанд тамоми ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро талаб намоянд ва аз онҳо дифоъ кунанд. Шириншоҳ дар поягузории матбуоти тоҷик, таъсисдиҳӣ ва нашри рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Деҳқони камбағал», «Раҳбари дониш», «Барои адабиёти сотсиалистӣ», «Шӯълаи инқилоб», чопи китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» саҳм гузошта, бо устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ соли 1934 ҷашни 1000-солагии Абулқосим Фирдавсиро баргузор менамояд. 
Дар он айёми муборизаҳои шадиду хатарноки сиёсӣ агар Шириншоҳ бо баҳои ҷони хеш баҳри аз ҷаҳолату нодонӣ баровардани мардум мубориза бурда, барои пешрафти миллату давлат замина гузошта бошад, имрӯз ба  тарзи хастанопазир, шахси қавиирода, донишманд, дурандеш, сиёсатмадори барҷаста, Қаҳрамони Тоҷикистон – Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими давлатдории миллӣ тамоми неру, дониш ва имконоташонро истифода намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба самти рушди бесобиқа равона сохтанд. 
Тавре Пешвои миллат иброз медоранд: «Мо бояд сабақҳои ибратомӯзи таърихи дуру наздики миллатро ҳамеша дар хотир дошта бошем, зиракии сиёсӣ ва ҳушёриро аз даст надиҳем, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, амнияту оромии ҷомеа ва, умуман, дастовардҳои истиқлолияти давлатамонро, ки онҳоро бо баҳои бисёр гарон ҳосил кардаем, ҳамчун асоси ҳастии миллат ва рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ дастгирӣ ва пуштибонӣ намоем».
 
Ғ. ҒАРИБШОЕВ, 
директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ, 
номзади илми фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2021    №: 158    Мутолиа карданд: 1145
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед