logo

Хабарҳо

Марҳилаи фаъоли машқҳои се кишвар бо иштироки артиши Россия дар наздикии марзи Афғонистон оғоз ёфт

Газета. Ру. Марҳилаи фаъоли машқ, ки дар он 2,5 ҳазор низомӣ аз Россия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд, дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон, 20 км дуртар аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон оғоз ёфт, - хабар медиҳад АИР «Новости» бо истинод ба дафтари матбуоти  Округи ҳарбии марказӣ. 
Тавре хабар дода мешавад, неруҳои ҳавоии Россия ва Тоҷикистон усули  дастгирии оташнишонии ҷузъу томҳои заминии ҳамлакунандаро истифода бурда, минтақаи мустаҳками гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳро хароб карданд. Бо ин мақсад, экипажҳои чархболҳои ҷангии Ми-24  саф кашида, постҳои фармондеҳӣ ва хатсайрҳои иртиботии минтақаро, ки   душман ишғол карда буд, бо мушакҳои С-8 тирборон карданд. 
 
 
«Толибон» маркази вилояти Самангони Афғонистонро ишғол карданд
ТАСС. Ҷангҷӯёни ҳаракати «Толибон» рӯзи душанбе аз забти шаҳри Айбак, маркази маъмурии вилояти Самангон дар шимоли Афғонистон хабар доданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Al Arabiya иттилоъ  медиҳад. Ин шашумин маркази вилоят аст, ки рӯзҳои охир аз ҷониби «Толибон» ишғол шудааст. 
Чунон ки агентии IRNA хабар дод, пештар онҳо марказҳои музофотҳои Ҷузҷон, Сари Пул, Қундуз, Нимрӯз ва Тахорро зери назорат қарор доданд. Бо истинод ба маълумоти собиқ вазири гурезаҳои афғон Саид Ҳусейн Алемии Балхӣ, агентӣ зикр мекунад, ки 120 шаҳр таҳти ҳукмронии «Толибон» қарор дорад. Сабабҳои асосии ин вазъро ӯ дар хуруҷи неруҳои эътилофи байналмилалӣ ва дастгирии ҳаракати «Толибон» аз ҷониби гурӯҳҳои террористии покистонӣ меномад.
 
 
Ошкоро ва ҳамаҷониба: «Суҳбати муфассал» -и Лукашенко
Мир 24. «Суҳбати муфассал бо Президент» - и Беларус Александр Лукашенко беш аз ҳашт соат идома ёфт. Суҳбат пурмазмун буд. Лукашенко ҳамеша таъкид кардааст, ки барои ӯ мавзӯъҳои мамнӯъ ва нороҳаткунанда вуҷуд надоранд. Президент нахуст зикр кард: «Ин сол осон набуд, аммо озмоишҳои ҷиддӣ миллатро нашикастанд, балки онро муттаҳид карданд».
Яке аз чунин озмоишҳои ҷиддӣ пандемия аст. Беларус дар мубориза бо он роҳи худро интихоб намудааст. Лукашенко мутмаин аст, ки ин стратегия самараи хуб дод. Корхонаҳо баста нашуданд, ба туфайли ин иқтисод пеш рафт.
«Таҳкурсии он чизе, ки дар нимсолаи аввали сол дар иқтисод рӯи кор омад, замоне гузошта шуд, ки мо иқтисодро қатъ накардем, мардумро ба  узлатнишинӣ нафиристодем ва равиши возеҳро барои табобати одамон таҳия намудем ”, - таъкид дошт Лукашенко.
 
 
ИМА аз “Толибон” хост, ки амалиёти ҷангиро дар Афғонистон қатъ созад
Известия. Намояндаи махсуси ИМА дар Афғонистон Залмай Халилзод ба Доҳа, ки он ҷо гуфтушунидҳо оид ба вазъи Афғонистон идома доранд, сафар кард. Дар ин бора Департаменти давлатии Амрико хабар дод.
Зикр мегардад, ки дар ҷараёни сафари худ Халилзод талош хоҳад кард, ки “дар таҳияи як вокуниши муштараки байналмилалӣ ба вазъи босуръат бадшавандаи Афғонистон мадад расонад”. Илова бар ин, таъкид мешавад, ки намояндаи ИМА ба “Толибон” фишор меорад, то ҳамлаи низомии худро қатъ кунанд ва дар мавриди ҳалли банизомдарории сиёсӣ созиш намоянд.
"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкориро бо ҳама ҷонибҳо, инчунин, бо ҷонибҳои манфиатдори минтақавӣ ва байналмилалӣ идома медиҳад, то ки дар мавриди ҳалли банизомдарории сиёсӣ ба созиш бирасанд", - гуфта мешавад дар изҳорот.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 793
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед