logo

Хабарҳо

ТЕННИС

Ҷоми Президентро варзишгарони Россия соҳиб шуданд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе) бо пирӯзии варзишгарони Россия хотима ёфт.  
Тибқи иттилои Федератсияи тенниси Тоҷикистон, дар рақобатҳои инфиродӣ миёни писарон Амирҳамза Насриддинов (Россия) ғолиб омад. Ӯ дар финал Стефэн Сач (Британияи Кабир) - ро шикаст дод. Байни духтарон бошад, пирӯзӣ насиби Виктория Милованова (Россия) гардид. Мақоми дуюмро Валерия Ивановская (Россия) гирифт. 
Дар сабқатҳои ҷуфтӣ байни писарон Амирҳамза Насриддинов (Россия), Иссамҷон Шарифов (Тоҷикистон) зинаи аввалро ба даст оварданд. Миёни духтарон теннисбозони ӯзбекистонӣ Муниса Ашурбекова ва Мафтунабону Қаҳрамонова ғолиб омаданд. 
Ёдовар мешавем, ки дар ХI мусобиқаи байналмилалии оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 64 варзишгар аз Англия, Қазоқистон, ИМА, Исроил, Олмон, Покистон, Россия, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Шри-Ланка ширкат доштанд.
 
 
Рекорди мутлақи Светлана Ромашина
Светлана Ромашина дар Бозиҳои олимпии Токио – 2020 дар намуди шиноварии синхронӣ сазовори ду медали тилло гардид ва миёни варзишгарони Россия аз рӯи шумораи зиёди нишонҳои тилло рекорди мутлақ гузошт. Ӯ 7 бор қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, 21 маротиба чемпиони ҷаҳон ва 13 карат чемпиони Аврупо мебошад.
Светлана баъди бозгашт аз Бозиҳои олимпӣ ба мухлисон чунин муроҷиат кард: «Ташаккур, барои дастгириатон. Ҳамаи ин ғалабаҳо барои шумо ва ҳалқи азизи рус аст. Ҳамагӣ як моҳ пеш дар мулоқот бо Президенти Россия Владимир Путин зикр карда будам, ки Бозиҳои олимпии Токио – 2020  осон нахоҳанд буд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ба қавле мо аз миёни обу оташ гузаштем. Мушкилӣ ҳам дар давраи омодагӣ ва ҳам дар худи Бозиҳои олимпӣ вуҷуд дошт, аммо ҳамааш пушти сар шуд. Мо дастаи ягона ва мағлубнашавандаем, то вақте, ки президентамон Владимир Владимирович роҳбари мост. Президенти мо  варзишро бениҳоят дӯст медорад ва дастгирӣ мекунад. Ташаккури зиёд ба ӯ».
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 696
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед