logo

ҳуқуқ

ҚОНУН. ВАҚТЕ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР ЭҲСОС МЕКУНАНД...

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» даҳ сол сипарӣ шуд. Қабули чунин як санади  миллӣ таҷассуми сиёсати маорифпарварона ва фарҳангсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас ва дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ ба камол расидани онҳо мебошад.

Қабули қонун дар ҷомеа ислоҳоти ҷиддиеро дар соҳаи илму маориф ва фарҳангу маънавиёт ба миён оварда, такконбахшу ҳидоятгари аҳли ҷомеа дар ба даст овардани муҳимтарин сармояи инсонӣ – маърифат гардид. Вазъи таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таълимии ҷумҳурӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, сол аз сол ба соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат, таваҷҷуҳи бештар зоҳир шуд.   
Рафти иҷрои қонуни мазкур дар давоми даҳ сол самараи нек ба бор овард. Пеш аз ҳама, падару модар, омӯзгор, мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа вазифа ва ҳуқуқу уҳдадориҳои худро амиқан дарк карда, дар таълиму тарбияи фарзанд масъулияти ба зимма доштаашонро хуб эҳсос намуданд. Падару модар бо дарки ҳуқуқу масъулиятҳои ба зиммадошта вазифаҳои худро дар муҳайё намудани шароити мусоид барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзандон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дарк намуданд.
Дар раванди татбиқи амалии қонун падару модар муваззаф гардиданд, ки ба фарзанди то шашсола барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ шароит фароҳам оварда, барои ба таълим фаро гирифтану бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин намудан чораҳо андешанд ва ба таҳсили монеъ нашаванд. Раванди таҳсили фарзандро назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ ҳамкориро ба роҳ монда, дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ иштирок намоянд. Шаъну шарафи фарзандро эҳтиром карда, ба ташаккули шахсият, худшиносӣ ва ҷаҳони маънавии фарзанд ба таври ҳамешагӣ диққат диҳанд. Қонуни мазкур, ҳамчунин, фарзанди болиғу қобили меҳнатро уҳдадор менамояд, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин карда, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тарафҳо муваззаф шудаанд, ки ба раванди таълиму тарбия мусоидат карда, тарзи ҳаёти солимро таблиғ ва кӯдакони болаёқатро дастгирӣ намоянд. Оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби кӯдакон, ба мушоҳида расидани ҳолатҳои беэътиноии падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, инчунин, дар сурати муайян шудани ҳолатҳои ба ҳаёт ва саломатии кӯдак таъсири манфӣ расонанда ва ё таҳдидкунанда, чораҳои амалӣ андешанд. 
Иштироки хонандагон дар озмуни фанҳои таълимӣ, озмунҳои дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузоршавандаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” маҳз ба шарофати қонуни мазкур аст. Қонун масъулияти ҳамаи аҳли ҷомеа ва сохторҳои мавҷударо бедору водор кард. Падару модар дар қатори дигар аҳли ҷомеа бештар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фарзандашон таълиму таҳсили хуб гирифта, фанҳои таълимиро ба таври даркорӣ аз бар намоянд, дар чорабиниҳои муассисаи таълимӣ иштироки фаъолона дошта, аъзои фаъоли китобхонаву маҳфилҳои фаннӣ бошанд, дар интихоби дурусти касб ба хатокорӣ роҳ надиҳанд. Яъне, бо назардошти чунин муносибати падару модар нисбат ба фарзанд дар татбиқи амалии қонун собит гардид, ки нахустустоди фарзанд падару модар аст. 
Дар арафаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандорӣ мавриди истифода қарор додани наздики 30 ҳазор иншооти ҷашнӣ, ки кишвар боз ҳам зебову дилоро гардидааст, саҳми ҳар фарди ватандӯст, махсусан падару модарон дар таъмиру навсозӣ ва бунёду мавриди истифода қарор додани муассисаҳои таълимӣ ва бо таҷҳизоти муосири замонавӣ таъмин намудани онҳо, назаррас аст. 
 
Раҷабалӣ САНГОВ, 
Аълочии маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2021    №: 158    Мутолиа карданд: 2875
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед