logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛ ВА САОДАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Шинохти дурусти марҳилаҳои рушди сиёсати хориҷӣ на танҳо дар самти боло бурдани маърифати сиёсӣ ва огоҳии насли ҷавон, ҳамчунин, барои амиқтар дарк намудани дурнамои равобиту ҳамкориҳои давлат бо созмону давлатҳои ҷаҳон аҳамияти хосса дорад. Агар ба фаъолияти давлатҳои муосир назар намоем, дарвоқеъ байни сиёсати дохилӣ ва хориҷии онҳо алоқамандии зич ба назар мерасад. Ҳатто муҳаққиқони илми сиёсӣ сиёсати хориҷиро идомаи сиёсати дохилӣ унвон намудаанд, ки он бесабаб нест. Зеро, маҳз таъмини амнияти байналмилалӣ, аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ, қонеъ намудани ниёзҳои дохилидавлатӣ вобастагии байниҳамдигарии давлатҳоро равшантар сохта, зарурати ҳамкориҳои гуногунсамтаро тақозо менамояд.
Аз ҳамин нуқтаи назар Тоҷикистон низ ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо давлатҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба роҳ монда, дар ин давра ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Гарчанде дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷанги дохилӣ ба рушди сиёсати берунаи Тоҷикистон монеа гардида бошад ҳам, вале зарурати ба роҳ мондани гуфтушуниду ҳамкориҳо бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани «сулҳи тоҷикон» ба ташаккули мактаби нави сиёсати хориҷии кишвар мусоидат намуд. 
Амалан дар даҳаи якуми соҳибистиқлолӣ мактаби сиёсати хориҷӣ ташаккул ёфт ва барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ стратегияи дарозмуддати ҷавобгӯ ба ниёзҳои манфиатҳои миллӣ лозим буд ва ба таври махсус эълон доштани принсипи равобиту ҳамкорӣ бо субъектони муносибатҳои байналмилалӣ ба миён омад. Аз ин рӯ, соли 2002 сиёсати хориҷии кишвар ҳамчун сиёсати «дарҳои кушода» эълон шуд. Сиёсати дарҳои кушода ин ҳамон сиёсати маҳдуд нашудан ва дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи башарӣ буданро ифода мекард, ки ҳанӯз Саъдӣ онро дар мисраи «Бани одам аъзои якдигаранд» ифода намудааст. 
Яке аз омилҳои асосии эълом доштани сиёсати «дарҳои кушода» ҳамин равандҳои ҷаҳонӣ мебошанд, ки дарки амиқи пайванди манфиатҳои миллии ҷумҳуриро бо тақозои ҷаҳони муосир ба ширкати фаъол дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини глобалӣ ҳидоят намуд. Яъне, Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ на танҳо худро дар канор нигоҳ дошт, балки ҳамчун субъекти фаъ-ол дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҷаҳонӣ саҳмгузорӣ намуд. Чунин тарзи пешбурди сиёсати хориҷӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар доираи минтақа маҳдуд нагардида, худро ҳамчун кишвари озоду соҳибистиқлол нисбат ба ҳаллу фасли масъалаҳои умумибашарӣ соҳибмавқеъ нишон диҳад. Аз дигар ҷониб, аввалин ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон, ки он соли 1999 садо дод, шаҳодати онро дошт, ки кишвари мо нисбат ба масъалаҳои ҷаҳонӣ бетараф набуда, ҳалли муаммоҳои ҷаҳониро муҳиму зарурӣ меҳисобад. Гузашта аз ин, ташаббусҳои Тоҷикистон хусусияти ҷаҳонӣ ва ба ниёзҳои умумибашарӣ ҷавобгӯ буд. 
Ҳамин тавр, сиёсати хориҷии Тоҷикистон дурустии худ-ро нахуст аз аввалин ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи об собит намуд, ки он ба яке аз марҳилаҳои тозаи сиёсати берунаи кишвар рост меояд. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи умумии СММ соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон шуд ва бо ин восита Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шуд. Ҳамчунин, пешниҳодҳои дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, назири эълон шудани солҳои 2005 – 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» ва соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» бори дигар собит намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро на танҳо ҳамчун давлати соҳибистиқлол шинохт, балки онро ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ, махсусан вобаста ба об, эътироф намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари рӯ овардан ба ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонӣ, ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамсоя ва созмонҳои минтақавиро яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии хеш муқаррар намуда, ҷиҳати тақвияти равобити дипломатӣ бо онҳо дар раванди таъсис ва фаъолияти созмонҳои минтақавӣ саҳми муайян гузошт. Аз ҷумла, Тоҷикистон дар таъсис ва рушди фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли равон ба таъсисёбии он 20 сол пур мегардад, нақши назаррас дорад. 
Имсол раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба давраи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 20-солагии ин созмони муътабар рост меояд, ки басо рамзӣ мебошад. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли СҲШ ин навбат низ давраи раёсати худро дар созмон бо сари баланд ва бо иҷрои корҳои чашмрас анҷом хоҳад дод. Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай имкон фароҳам меорад, ки дар чанд самт амалҳои мушаххас сурат гиранд, то фурсати мавҷуда барои ҳамкориҳои минбаъда бо давлатҳои аъзои созмон заминаи мусоид фароҳам орад. 
Нуктаи муҳими дигаре, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ барои муаррифии шоиста ва ҳам дар таҳкими мақоми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири назаррас расонд, ҳамкории зич бо созмони ЮНЕСКО мебошад. Дар муддати кӯтоҳи давраи соҳибистиқлолӣ ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО густариш пайдо намуда, самараҳои нек ба бор овард. Махсусан дастовардҳои зерин қобили зикр мебошанд: Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҷоизаи ЮНЕСКО “Шаҳри сулҳ” дар солҳои 2002 – 2003 сазовор дониста шуд; аз ҷониби ЮНЕСКО “Шашмақом” ҳамчун мусиқии классикии Тоҷикистон (ва Ӯзбекистон) шоҳкории шифоҳӣ ва мероси ғайримоддии фарҳангии башарият эътироф гардид (11 ноябри соли 2003); нахустин ёдгории таърихии Тоҷикистон - «Саразм» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО бо қарори ҷаласаи 34-уми Маркази ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид гардид (31 июли соли 2010); соли 2013 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шудааст, баргузор гашт; соли 2013 бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо оид ба пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда Созмони ЮНЕСКО Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Медали ҷашнии «60-солагии ЮНЕСКО» сарфароз гардонд; бо қарори ҷаласаи 36-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО «Боғи миллии Тоҷикистон - Кӯҳҳои Помир» ба Феҳристи мероси табиии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид (28 июни соли 2013); Зимни ҷаласаи 37-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО (Париж, ноябри 2013) тибқи пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 700-солагии мутафаккир ва файласуфи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии шоири барҷастаи адабиёти классикии тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 100-солагии оҳангсози барҷаста Зиёдулло Шаҳидӣ ворид ва дар ҷумҳурию берун аз он таҷлил гардиданд. 
Дар умум, дар давраи 30 соли Истиқлоли давлатӣ сиёсати хориҷии Тоҷикистон марҳила ба марҳила рушд ёфт, ки дар он хизмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори мактаби дипломатияи навини тоҷик бисёр ҳам назаррас мебошад. Рушди минбаъдаи сиёсати хориҷӣ, ки он дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии дохилии кишвар нақши хосса дорад, аз татбиқи консепсияи сиёсати хориҷӣ, авзои сиёсии ҷаҳон, донишу малакаи ходимони дипломатӣ ва, дар маҷмӯъ, аз кулли шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, вобастагии амиқ дорад. 
Хулоса, дар оянда Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили мунсибатҳои байналмилалӣ метавонад дар ҳамкорӣ бо тамоми давлатҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, махсусан бо аъзои давлатҳои Соз-мони ҳамкории Шанхай дар ҳалли муаммоҳои умумибашарӣ нақши бештар гузошта, мақоми байналмилалии худро боз ҳам мустаҳкам намояд. Расидан ба ин ҳадафҳо маҳз дар шароити таҳкими суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди институтҳои давлативу ҷамъиятӣ имконпазир мегардад.
 
Шуҳрат САИДЗОДА,
номзади илми сиёсатшиносӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.08.2021    №: 159    Мутолиа карданд: 1227
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед