logo

иҷтимоиёт

ВАРЗОБ БО 982 МАВЗЕИ САЙЁҲӢ МАШҲУРИ ОФОҚ МЕШАВАД

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб фаъолияти кории худро давоми шаш моҳи соли  2021 дар асоси дастуру супоришҳо ва вазифаҳои гузоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021», инчунин, Паёми Пешвои  миллат ба  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи  соли 2021 ҷиҳати амалӣ гаштани онҳо баҳри беҳбуди рушди соҳаҳои хоҷагии халқи  ноҳия  ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии  мардум  тадбирҳои  заруриро амалӣ  карда  истодааст,- иброз дошт Муҳаммадулло Шерализода, раиси ноҳияи Варзоб.
 
ДАР ИҶРОИ БУҶЕТ СОҲИБКОРОН НАҚШИ БОРИЗ ДОРАНД
Нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Варзоб бо назардошти андози иҷтимоии буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ба андозаи  104,2  фоиз иҷро гардид, ба ҷойи  18 миллиону 155 ҳазору 360 сомонии нақша, 18 миллиону 916  ҳазору 699 сомонӣ  ворид гашт, ки 761 339  сомонӣ  ва  нисбат ба  ҳамин  давраи соли 2020, 3 миллиону  827  ҳазору 951  сомонӣ зиёд мебошад. 
Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 7 миллиону 854 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо ва 100  фоиз  иҷро шуд. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 96 фоиз иҷро гардид. Дар нимсолаи аввали соли равон аз тарафи бахши бонки “Амонатбонк”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб барои дастгирии  соҳибкорон  ба 97 соҳибкор 1308000 сомонӣ  маблағи  қарзӣ   ҷудо  шуд. Аз тарафи нозироти андоз 440 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 780 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 834293 сомонӣ ба буҷет ворид гардид, 360 шахси ҳуқуқӣ ва 618 хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудаанд. 
 
РОҲҲОИ ВАРЗОБ ПУРПЕЧУТОБАНД, ВАЛЕ БАРОҲАТАНД
Масофаи умумии роҳҳои ноҳия 161,5 километрро ташкил медиҳанд, ки аз он роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ 69,5 километр ва аҳамияти маҳаллӣ  92 километр мебошанд. Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 20 000 сомонӣ ҷудо ва корҳои таъмирию барқарорсозӣ анҷом дода шуданд.
Ҳаҷми боркашонӣ  178 200  тонна ва мусофиркашонӣ  763 000  мусофирро ташкил медиҳад, ки нисбат ба  ҳамин давраи  соли 2020 ҳаҷми боркашонӣ 487 тонна ва мусофиркашонӣ 131 800 мусофир зиёд  мебошад.
 
КИШОВАРЗОН ҒАНӢ СОЗАНД ДАСТАРХОНИ ШАҲРИЁНРО
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 26 982 300 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 273 500 сомонӣ зиёд иҷро гардид ва афзоиш 101,9  фоизро ташкил медиҳад.          
Бо мақсади замина гузоштан барои ҳосили соли 2021, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза ва танзими нарх дар бозорҳо дар 6 моҳи  соли 2021 дар майдони 4151,8 гектар кишти   зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 1446 га кишти тирамоҳӣ, 1847,8 га кишти баҳорӣ ва 858,5 га алафҳои бисёрсола гузаронда шуд. Дар мавсими кабудизоркунӣ 13 172 ниҳол шинонда шуд, ки 137  фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ 6 гектар боғи нав бунёд гардид. Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 37 596, моли майда ба 151 144, паранда ба 26 267  ва асп ба 487 сар расонда шуд. 
Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вобаста ба иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба инкишофи устувори минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ, дар шакли  индустриалӣ ва инноватсионӣ, тадбирҳоро   тақвият бахшида,  бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва дарёфти сарчашмаи даромади  буҷети ноҳия бо шарикони рушд ва бахшҳои хусусӣ  фаъолияти инфрасохтори соҳаи сайёҳиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монд.
Дар ноҳияи Варзоб мувофиқи ҳисобот  982 мавзеи истироҳатӣ  ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин  фаъолияти  110 мавзеи  истироҳатии оммавӣ  мавсимӣ буда, фаъолияти  як   қатор иншооти  муҳими сайёҳӣ,  ба монанди  мавзеъҳои  истироҳатии «Кохи Малика», «Ёвар», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули  майда» ва маҷмаи лижаронии «Сафеддара»   доимӣ   мебошанд,  ки   дар ин ҷойҳо  барои қабули  сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароитҳои замонавӣ  фароҳам  оварда  шудаанд. 
Ноҳияи Варзоб дорои 25 ёдгории таърихию фарҳангӣ  ва меъмории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад, ки рӯйхати онҳо дар Феҳристи давлатии ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гаштааст.
Мувофиқи  маълумотҳо дар  6 моҳ,  22 267  (6 моҳи соли 2020, 12 968) сайёҳи дохилӣ ва 3 612  (6  моҳи соли 2020, 2067) сайёҳи хориҷӣ ба минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои  таърихии  ноҳия ташриф  овард.
Аз ҳисоби хизматрасонӣ  дар  самти сайёҳӣ ба буҷети маҳаллӣ 1566057 (6 моҳи соли  2020, 768885)  сомонӣ ворид  гардидааст, ки  660744 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб доир ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёди  зиёда  аз 270  иншоот ба нақша  гирифта шуд, аз  ҷумла 12 муассисаи таълимӣ, 4 томактабӣ, 33 майдончаи варзишӣ, 15 толори варзишӣ, 10 бунгоҳи тиббӣ, 11 коргоҳи дӯзандагӣ, 2 дорухона  ва ғайра.  Ба ҳолати 30  июни  соли ҷорӣ 201 иншооти ҷашнӣ  мавриди истифода қарор гирифт,  айни  ҳол сохтмони  89 – тои дигар дар арафаи анҷомёбист. Ҳамзамон, сохтмони сутуни муҳташами Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  чойхонаи миллӣ  дар боғи фарҳангӣ ва бинои маъмурии раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа,  кумитаи идораи замин, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия идома дорад.
Дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи ноҳия дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам эҳсос мегардад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷавобан ба ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда,  барои  пешрафти  соҳаҳои хоҷагии халқ чораҳои заруриро роҳандозӣ  менамояд.   
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.08.2021    №: 159    Мутолиа карданд: 637
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед