иқтисод
РАВҒАНИ РУСТАНӢ. ИҚТИДОРИ ТАЪМИНОТИ АҲОЛИРО ДОРЕМ, АГАР…
Тайи моҳҳои ахир дар ҷумҳурӣ болоравии нархи равған ба назар мерасад. Ин аз омилҳои беруна вобаста аст, зеро маҳсулот, асосан, аз хориҷи кишвар ворид мегардад. Ин дар ҳолест, ки талаботи солонаи аҳолӣ ба равғани рустанӣ 147 ҳазор тонна буда, иқтидори истеҳсолии 41 корхонаи равғанбарории кишвар 160 ҳазор тонна мебошад. Пас, суоле бармеояд, ки чаро мо аҳолии мамлакатро бо равғани худӣ таъмин карда наметавонем?
ИСТЕҲСОЛОТИ ВАТАНӢ ҲАМАГӢ 10 ДАРСАД
Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир таъминоти аҳолиро бо равған ва шакар яке аз мушкилоти ҳалталаб арзёбӣ намуда, гуфт:
- Ҳақиқатан ҳам, дар самти таъмини аҳолӣ бо равғану шакар мушкилӣ дорем. Дар ҷумҳурӣ солона ҳамагӣ 12 ҳазор тонна равған истеҳсол мешавад, ки 10 дарсади талаботро ташкил медиҳад. Ахиран Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи корхонаи равғанбарорӣ дар вилояти Суғд ба вазорат супориш доданд, ки стратегияи таъминоти аҳолӣ бо равғанро омода созем. Проблемаи асосӣ норасоии ашёи хом аст ва дар ҷумҳурӣ бо сабаби камии заминҳои корам, ин имконро надорем. Агар ашёи хомро аз хориҷи кишвар ворид ва истеҳсолоти ватаниро пиёда намоем, панҷ соҳаи истеҳсолоти ватанӣ гардон мешавад. Ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоянду буҷет ғанӣ мегардад. барои ин ҳуҷҷатҳои заруриро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод кардем.
ИҚТИДОР ҲАСТ, МУШКИЛ ЧИСТ?
Зимнан, роҳандозии технологияи муосири коркарди маҳсулот шарти муҳими пешрафти соҳа арзёбӣ мегардад. Чуноне Махсум Саидов, корманди КВД «Саноати хӯрокворӣ», иброз дошт, корхонаҳои равғанбарорӣ, аз ҷумла “Ганҷи Ҳилол”-у “25-солагии истиқлолият”-и ноҳияи Спитамен, “Мармариён”-и ноҳияи Ёвон ва “Файзи сомон”-и шаҳри Душанбе, бо дастгоҳҳои ҳозиразамон муҷаҳҳазанд. Вале танқисӣ бо ашёи хом монеи фаъолияти онҳо гаштааст. Агар ашёи хом бошад, на танҳо ин корхонаҳо бо иқтидори пурра кор мекунанд, балки чархаи корхонаҳои азиме, мисоли «Ассор»-и шаҳри Конибодом, «Равғани сомон» ва «Бохтар инвест коттон»-и шаҳри Бохтар ба гардиш медарояд.
Дар мавриди тавлиди ашёи хоми равғандиҳанда, ба мисли офтобпараст, маҳсару зағир ва кунҷиту лӯбиёӣ дар кишвар Махсум Саидов бар ин назар аст, ки дар заминҳои обӣ имкони кишти онҳоро надорем. Зеро маҳсулоти дигари ниёзи аввал бояд истеҳсол гардад. Дар заминҳои лалмӣ бошад, ба ҷуз зағир, зироатҳои дигар самараи дилхоҳ намедиҳанд.
“Дар замони шӯравӣ ҳам ба ғайр аз чигити пахта, ашёи хом аз хориҷа ворид мегашт ва имрӯз низ ин зарурат ба миён омадааст. Ҳамзамон, агар баромаднокии равған аз пахта 16 дарсад бошад, аз офтобпарасту зағир, маҳсару кунҷит ва лӯбиё аз 40 то 50 дарсадро ташкил медиҳад. Бо воридоти ашёи хом, мо на танҳо ниёзи аҳолиро бо равған таъмин менамоем, балки аз боқимондаи он метавон хӯроки чорвою маводи шустушӯиро истеҳсол кард. Агар пешниҳоди Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар мавриди ба 10 дарсад расондани андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми ворид намудани ашёи хом аз хориҷи кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дастгирӣ ёбад, ин ҳадаф амалӣ хоҳад гашт, - гуфт ӯ.
КИШТИ ТАКРОРӢ
АГАР ПАРВАРИШИ ОФТОБПАРАСТРО БА РОҲ МОНЕМ…
Директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзӣ, академик Ҷалил Пиризода чунин мешуморад, ки Тоҷикистон иқтидору имконияти пурраи таъмини аҳолиро бо равғани худӣ дорад, агар парвариши офтобпараст дар кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад.
- Ҳол он ки иқтидори истеҳсолии корхонаҳои кишвар барои таъмини аҳолӣ бо равғани рустанӣ басанда аст, ҳамасола тахминан ба маблағи аз 80 то 100 миллион доллари ИМА равған ворид мекунем. Мо бояд аз ин имкониятҳои худ самаранок истифода барем. Аз ҷумла, метавон дар кишти такрорӣ офтобпараст кошта, аз он равған гирем. Дар заминҳои лалмии намдори талу теппаҳо зағиру сафлону дигар рустаниҳои равғандиҳандаро кишт намоем, ки сифати равғанашон беҳтару бо сабаби истифода нашудани заҳрхимикатҳо фоидаоваранд. Аз ҷиҳати дастрасӣ бо техника низ мушкилӣ нест. Бо ҷалби сармоя ва ё лизинг зарур аст, ки корхонаҳои хурди коркарди зағиру кунҷит, сафлону дигар рустаниҳоро бунёд намоему истеҳсолотро ривоҷ бахшем,- иброз дошт Ҷалил Пиризода.
Тавре бармеояд, дар ҷумҳурӣ имконияти воқеии бо равғани рустанӣ таъмин намудани аҳолӣ вуҷуд дорад. Бо истифодаи самараноки заминҳои корам мешавад дар мавсими кишти такрорӣ парвариши зироати равғандиҳандаро ба роҳ монда, вобастагии мамлакатро ба ашёи хом аз кишварҳои хориҷа аз байн бурд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.08.2021 №: 159 Мутолиа карданд: 1770