logo

иҷтимоиёт

ДИДОРИ ВОПАСИН Ё ОРМОНҲОИ НОТАМОМИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

Зодгоҳ. Бо хондану шунидани ин калима беихтиёр пеши назар модару падар, апаву хоҳар, акаву додар, дӯстони даврони бачагӣ, хешу табор, муҳит ва ҳамон кулбае, ки ба дунё омадаӣ ҳувайдо мешаванд. Муҳаббати ин фазо аз хотираи кас зудуда нахоҳад шуд. Воқеан, зодгоҳ барои ҳар нафар азизу муқаддас буда, дӯст доштани Ватан низ аз дӯст доштани зодгоҳ оғоз мешавад. Ва барҳақ, шоири ширинкалом Лоиқ Шералӣ гуфтааст: 
Ватан cap мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар,
Ватан cap мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар…
 
Қалби Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур низ пайваста барои зодгоҳ – Ватан ҷӯш мезад. Зеро, дар замони ҷӯшу хурӯши наврасӣ волидонаш дунёи фониро тарк карданд. Ва, хусусан, дар айёми кӯдакӣ аз даст додани падару модар барои ҳар нафар дарди ҷонкоҳест. Ба қавле аз хоки Ватан гӯри падару модар дар дили Шоҳтемур монда буд. Ҳамин буд, ки вай тамоми неруву тавон ва донишу малакаи худро барои якпорчагии Ватанаш сарф карду ба он муваффақ гашт...  
Раиси КИМ Тоҷикистон Ш. Шоҳтемур бори охир аз зодгоҳи худ як сол қабл аз ба қатл расонданаш дидан намуд. Ва ин барои ӯ дидори вопасин бо зодгоҳ, хешу пайвандон ва ёру дӯстон шуд. 
 
«АНА МАН БОРИ ДИГАР ШАҲМАРД ШУДАМ»
Аввалҳои моҳи ноябри соли 1936 Ш. Шоҳтемур ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намудааст. Дар бораи ташрифи ӯ, пешвозгирию вохӯриҳо Қурбон Аламшоев, муҳаққиқ, аз забони шоҳиди воқеа, Муаллими Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафармамад Амдинов чунин ёдоварӣ менамояд: «Тирамоҳи соли 1936 маро дар қатори якчанд рафиқони дигар ба кумитаи ҳизбии вилоят даъват карда, фаҳмонданд, ки раиси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Шоҳтемур бо роҳи Ӯш ба вилоят меояд ва мо бояд вайро бо ҳамсафаронаш дар ноҳияи Мурғоб истиқбол гирем. Мо гурӯҳи санъаткорони машҳури вилоят: Қурбоншо Ноёбшоев, Мамадёқуб Мамадюсуфов, Нусайрӣ Одинаев ва дигарҳоро ҳамроҳ гирифта, мошинсавор ба маркази ноҳияи Мурғоб расидем. Меҳмонони муътабарро бо савту суруд пешвоз гирифтем. Дар марғзори лаби дарё митинги ботантанаи серодам баргузор шуд. Санъаткорони вилоят барои мардуми ҷамъомада консерти калон нишон доданд. Кормандони савдо, ки ҳамроҳи раиси ҷумҳурӣ бо мошинҳои пурборашон омада буданд, ба ҷамъомадагон молҳои гуногуни саноатӣ пешкаш карданд. Одамон барои эҳтиёҷоташон матоъ, пойафзол, чойнику пиёла ва дигар чизҳои зарурӣ харидорӣ карданд. 
Баъд аз як рӯз ҳамроҳи Ш. Шоҳтемур ба маркази вилоят шаҳри Хоруғ бозгаштем. Дар ин ҷо маросими тантанаи пешвозгирии раиси ҷумҳурӣ баргузор шуд. Бо иштироки ӯ дар майдонак идгоҳи ҷамоати Поршинев намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии қишлоқ, намунаҳои техникаи заминкоркунӣ, ҳосили зироатҳо баргузор шуд. Ба фикрам, Майдонак ягон вақт чунин одами бисёрро надида буд. Аз тамоми ноҳияҳои вилоят одамон ба мулоқоти Шириншоҳ омада буданд.
Шириншоҳ аз болои мошини боркаш, ки онро ба минбари муваққатӣ табдил дода буданд, баромад карда, ба пешравиҳои меҳнаткашони кӯҳистони Бадахшон дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунару санъат ва маориф баҳои баланд дод. Айни замон, диққати ҳозирон, аз ҷумла роҳбарони вилоятро ба чунин нукта нигаронд, ки бо дастовардҳо хотирҷамъ нашуда, имконияту воситаҳои дохилӣ баҳри ривоҷу равнақи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги мардум пурсамар ба кор дароварда шаванд. 
Баъд аз он, ки Шоҳтемур суханашро ба поён расонд, якчанд нафар одамони муътабари ҷамоати Поршинев: Меҳроб Беҳронов (он вақт раиси ҷамъияти матлубот буд), Алихон Насимов, Мирзобек Бодуров, Лутфалӣ Насиллобеков, Ҳокимбек Юсуфбеков аз номи мардуми Бадахшон барояш туҳфаи хотиравӣ - чакмани сап сафеди пашмин такдим карданд. 
Вай ба ҳозирон барои ҳурматашон изҳори миннатдорӣ карда, бо шӯхи илова намуд: «Ана ман бори дигар шаҳмард шудам». 
Дар ҳақиқат ҳам аз рӯи урфу одати мардуми кӯҳистон чунин чакмани сафедро дар рӯзи тӯи домодӣ ба шаҳмард мепӯшонанд».
 
ҚАДАМҶОЙИ ШОҲТЕМУР
Имрӯз дар деҳаи Тишори Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон хонае, ки дар он  Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ба дунё омада буд, ба хона-музей табдил дода шудааст.
Тавре Давлатбегим Саломатшоева, набераи бародари Шириншоҳ – Бобошоҳ, ки директори хона-музей мебошад, дар суҳбати телефонӣ гуфт, Шириншоҳ то 12-солагӣ, яъне то соли 1911 дар хонаи падарӣ зиста, баъдан барои таҳсил ба мактаби русии шаҳри Хоруғ меравад. Соли 1937 авлоди Шириншоҳро ба шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон бадарға мекунанд. Пас аз сафед шудани Шириншоҳ Шоҳтемур бародараш Бобошоҳ хонаи падариро то соли вафоташ 1984 нигаҳбонӣ мекунад. 
Бо қарори Бюрои Кумитаи ҳизби коммунистии ВМКБ бахшида ба 90 - солагии Шириншоҳ Шоҳтемур декабри соли 1989 бо бунёди чанд утоқи дигар онро ба хона-музей табдил медиҳанд. 
- Вақте ки хона-музейро ба истифода доданд, ман 13-сола будам. Ва дар хотир дорам, ки дар кушодашавии он шахсиятҳои бонуфзи кишвар –  котиби КМ ҲК Тоҷикистон А. Додобоев, вакилони халқи ИҶШС С. Бекназаров ва Муъмин Қаноат, академик Б. Искандаров, докторони илмҳои таърих Ш. Султонов, Р. Масов, С. Вишневский, собиқадорони ҳизбу меҳнат Р. Юсуфбеков, А. Бобоев, М. Зоҳиров, Л. Қармишев, И. Ҳаёев, Г. Ҷавов, С. Амдинов, котиби якуми кумитаи ҳизби коммунистии шаҳри Хоруғ Қ. Қоимдодов ва меҳмонон аз вилоятҳои Кӯлоб, собиқ Ленинобод, Қӯрғонтеппа ва шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок доштанд, - иброз дошт Давлатбегим Саломатшоева.
Ороиши хона-музей ба муйқалами рассомон Саодатқадам Маҳбатқадамов ва Қаҳрамон Зардодхонов тааллуқ дорад. 
Иттилоъ дода шуд, ки дар он 570 нигора, аз ҷумла расмҳо, нусхаи дастхатҳои Ш. Шоҳтемур нигоҳ дошта мешавад. Ягона чизе, ки аз Шоҳтемур боқӣ мондааст сачоқаш мебошад. Онро писараш Шириншоҳи хурдӣ овардааст.
Ба ифтихори Ҷашни 120 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур хона - музей аз таъмир бароварда шудааст.
Тиллои Неқадам, рӯзноманигор, дар суҳбат бо мо таассуроташро аз хона-музейи Шириншоҳ Шоҳтемур чунин баён намуд: «Вақте вориди хонаи хурдакак шудам, боварам наомад, ки дар он тифле ба дунё омада, ки дар таъсиси давлати тоҷикон дар ҳайати Иттифоқи Шӯравӣ саҳм  гузоштааст. Хона дар ҳамон шакле, ки сохта шуда буд нигоҳ дошта шудааст. Ва, танҳо дар шафати он чанд ҳуҷраи дигар, ки соли 1989 барои бунёди хона-музей сохта шуда буд, ҷойгир аст. Вақте вориди он мегардед аввалин чизе, ки таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб мекунад расми калони Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад. Шириншоҳ дар мизи корӣ бо як салобат нишастааст».
 
МАКТАБИ БА НОМИ Ш. ШОҲТЕМУР 
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12 ба номи  Шириншоҳ Шоҳтемур дар Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон яке аз аввалин мактабҳо дар кишвар ба ҳисоб меравад. Он соли 1926 дар деҳаи Хоса дар ҳавлии Саидқуддус ном шахс бунёд ёфтааст. Дар аввал он 30 хонанда, аз ҷумла 6 духтар дошт. Баъдан соли 1928 бо роҳбарии Бозича Қосумов бинои нави мактаб иборат аз ду синфхона ва ду хона барои муаллимон бунёд меёбад. Солҳои таҳсили 1936 – 1937 мактаби ибтидоӣ ба мактаби ҳафтсола бадал шуда, номи “Сотсиализм”-ро мегирад, ки он сол, аллакай, 130 хонанда ва 11 муаллим дошт. Таълимгоҳ солҳои таҳсили 1943 – 1944 ба мактаби миёна табдил ва ба аввалин хатмкунандагони он соли 1946 шаҳодатномаи маълумоти миёна доданд. 
12 сентябри соли 1964 бо қарори махсуси кумитаи ҳизбӣ ва кумитаи иҷроияи ВМКБ, қарори Президиуми Шӯрои Олӣ, Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва фармони вазири маорифи халқи ҷумҳурӣ мактаби миёнаи ба номи “Сотсиализм” номи яке аз ходимони намоёни Ҳизби коммунист, таъсисдиҳандаи ҶШС Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемурро гирифт. 
12 апрел соли 1971 дар назди мактаб нимпайкараи Ш. Шоҳтемур гузошта шуд, ки дар маросими ботантани кушодашавӣ бародари Шириншоҳ – Бобошоҳ ва дигар хешовандонаш ширкат доштанд. Сипас, ин майдон ба макони вохӯриву чорабиниҳои аҳли деҳот табдил ёфт. 
Ҳоло муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12 ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур на танҳо дар вилоят балки дар ҷумҳурӣ нуфузи хоса дорад. Тарбиятгирандагони он дар озмуну олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат карда, сазовори мақомҳои ифтихорӣ мегарданд. 
Ба иттилои директори муассиса Парвин Элчибекова, дар олимпиадаи вилоятӣ 31 хонандаи ин мактаб иштирок карда, 10 нафарашон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтаанд. Анис Тоҳиров, хонадаи синфи 11, дар даври ҷумҳуриявӣ аз фанни биология сазовори мақоми аввал гашт. Ибод Ниёзмамадов бошад, аз фанни математика зинаи дуюмро касб кард.
- Барои як мактаби дурдаст ба даст овардани ду медал дар озмуни ҷумҳуриявӣ дастоварди беназир ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, толибилмони муассисаи мо дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ширкати фаъолона доштанд. Воқеан, барои мо муҷиби ифтихору сарфарозист, ки муассисаи мо ба номи яке аз ходимони барҷаста ва таъсисдиҳандаи ҶШС Тоҷикистон гузошта шудааст, - гуфт Парвин Элчибекова. 
 
ДОНИШГОҲИ БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР 
Тавре медонем, Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун раиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба маҳви бесаводӣ ва омода кардани  кадрҳои кордону болаёқат диққати ҷиддӣ медод. Ӯ моҳи июни соли 1930 дар Анҷумани якуми муассисони Ҳизби коммунистии Тоҷикистон маърӯза карда, вазифаи  муҳиме ба миён гузошт, ки то охири панҷсола бояд 75 фоизи аҳолӣ ба мактаб фаро гирифта шавад. Дар ҳамин асос соли таҳсили 1931-1932  нахустин мактаби олии кишвар Донишкадаи Осиёи Миёнагии меваю сабзавот таъсис дода шуд, ки сипас ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (соли 1933) ва баъдан ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (10 августи соли 1992) табдил ёфт. Аз 31 октябри соли 2009  Муассисаи давлатии «Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур» номгузорӣ гардид.
Имрӯз ин муассисаи олии таълимӣ 10 факултет дошта, мутахассисон аз рӯи 51 ихтисос тайёр карда мешавад. Дар муддати даҳ соле, ки донишгоҳ номи Шириншоҳ Шоҳтемурро гирифтааст, ба як қатор комёбиҳо ноил шудааст, аз ҷумла дар ин давра донишгоҳ  узви Алянси давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин гардида, бо мукофоти байналмилалии «BEST UNIVERSITY» (“Донишгоҳи беҳтарин”, соли 2017) сарфароз гардидааст. 
Тавре Давлаталӣ  Толибов, ноиби ректор оид ба корҳои иқтисод ва хоҷагӣ, иброз дошт, барои гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар даромадгоҳи донишгоҳ нимпайкараи ин фарзанди фарзона бунёд мешавад. Аллакай, корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд. 
Барҳақ, Шириншоҳ Шоҳтемур фарзанди ҷонфидои миллат барои наслҳои имрӯзаву оянда чун тимсоли олии  фидокорӣ ва мактаби ибратомӯзи  ватанпарварию  миллатдӯстӣ   мебошад. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.08.2021    №: 159    Мутолиа карданд: 1125
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед