logo

Хабарҳо

“БРЕНДИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН”. ҒОЛИБОНИ ОЗМУН ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

Дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарият ва намояндагони як қатор вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, тарроҳону рассомон аз ҷониби муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» дар арафаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба иштирокдорону ғолибони озмуни “Бренди миллии Тоҷикистон” ҷоизаю мукофотҳо супурда шуданд. 
Тавре аз «Маркази миллии патенту иттилоот», иттилоъ доданд, тибқи маълумоти гурӯҳи корӣ,  оид ба офаридани «Бренди миллии Тоҷикистон» то анҷоми муҳлати  ҳуҷҷатсупорӣ 114 довталаб  515 адад нишонҳои эҷодкардаашонро пешниҳод намуд. Пас аз баҳогузории комиссияи озмун мувофиқи муқаррароти қоидаҳои гузарондани озмуни «Бренди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки  дар мувофиқа бо Ҳукумати мамлакат омода шудаанд, бо қарори гурӯҳи корӣ ғолиби асосии озмун ва даҳгонаи беҳтарин барои пешниҳодҳои ҷолиб муайян гардиданд. Бо гирифтани аз ҳама холи зиёд нишонаи эҷоднамудаи Хусрав Раҳмонов ва ҳаммуалифи ӯ Исломов Садир ҳамчун «Бренди миллӣ» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ғолибон  - Х. Раҳмонов ва С. Исломов бо ҷоизаи олӣ  20 ҳазор сомонӣ, Дипломи шоҳҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин, ба 10 нафар иштирокчӣ ва коркардчиёни нишон аз ҷониби ҶДММ «Нури Хирад» барои пешниҳоди нишонаҳои ҷолиб диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҳар кадом маблағи 1000 сомонӣ супурда шуд. Ҳамзамон, 104 иштирокчии дигар бо сипосномаҳо ва  туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Ба гуфтаи Боймурод Бойзода, сардори раёсати иттилооти илмӣ - техникӣ ва патентии муассисаи номбурда, истифодаи оқилонаи сарватҳои ғании табиати кишвар  имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба кишвари  содироткунандаи маҳсулоти гуногуни саноатӣ ва хӯроквории  аз ҷиҳати экологӣ тоза мубаддал гардад. 
- Дар ин раванд ҷиҳати ҳарчӣ бештар муаррифӣ намудани маҳсулоти ватании аз ҷиҳати экологӣ тоза дар сатҳи ҷаҳонӣ ва мустаҳкам намудани шинохти миллӣ зарурати таҳия ва қабули Бренди ягонаи миллӣ пеш омадааст.Ташкили озмун низ маҳз бо мақсади муайян намудани нишонаи ягонаи «Бренди миллӣ» - и Тоҷикистон, баланд бардоштани мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии кишвар роҳандозӣ гардидааст. Тибқи талаботи озмун нишонаи “Бренди миллии Тоҷикистон” бояд нишонае бошад, ки дар мафкураи кишварҳои ҷаҳон сарзамини тоҷикон, табиати зебоманзар, муқаддасоти миллӣ, фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро ба вуҷуд оварда, муаррифгари маҳсулоти истеҳсолшудаи  кишвар бошад, - гуфт ӯ. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 830
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед