logo

Хабарҳо

МУБОРИЗА БО COVID-19. КУМАКҲОИ НАВБАТИИ ГИГИЕНӢ АЗ ҲИЛОЛИ АҲМАР

 Дар асоси созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар ҷиҳати саҳмгузорӣ  дар мубориза бо мавҷи дуюми паҳншавии бемории COVID - 19 дар Тоҷикистон дар навбати аввал ба андозаи қариб 230 ҳазор сомонӣ кумаки башардӯстона барои беморхонаҳою оилаҳои  ниёзманди кишвар равона гардид. Кумак асосан барои хариди бастаҳои гигиенӣ, ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Тавре аз маркази иттилооти ҷамъият хабар доданд, тибқи нақша, як қисми маводи мазкур ба чанд муассисаи тандурустии мамлакат ва  оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе дастрас гардид. Аз ҷумла, муассисаҳои давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ” маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва  маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов  ин кумакҳоро дарёфт намуданд.
Ҳилоли Аҳмар минбаъд низ кӯшиш менамояд, ки фаъолияти башардӯстонаи худро пайваста дар алоқамандӣ ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона сохта, ҳамеша вобаста ба дастгирии табақаҳои ниёзманд саҳим бошад.
Ёдовар мешавем, ки ҷамъияти мазкур дар марҳилаҳои аввалини паҳншавии бемории ҳамагир дар ҷумҳурӣ дар расондани кумакҳои моддӣ ва анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ миёни созмонҳои байналмилалӣ аз пешқадамон буд. Дар ин самт ҷамъият дар чор марҳала ба 1000 оила  бастаҳои гигиенӣ тақсим карда, тавассути 2100 волонтиёри ҷалбнамудаи худ оид ба риояи қоидаҳои гигиени шахсӣ ва хавфи бепарвоӣ аз беморӣ дар байни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо гузарондааст.
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 895
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед