logo

Хабарҳо

Пешгӯии сиёсатшинос оид ба “Толибон”

 
Лента.ру. Пас аз пирӯзӣ дар ҷанги Афғонистон дар сафи ҳаракати радикалии “Толибон” метавонад мухолифат ба вуҷуд ояд. Дар ин бора роҳбари клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович дар мусоҳиба бо  “Лента.ру” изҳор доштааст. 
Сиёсатшинос тавзеҳ дод, ки миёни роҳбарони ҳаракати мазкур оид ба он ки кишвар дар оянда бояд чӣ гуна бошад, ихтилофи ҷиддӣ вуҷуд дорад.  
Вай, инчунин, сенарияи "ҷанги ҳама бар зидди ҳама" - парокандагии кишварро ба ҳукуматҳои алоҳида, чунон ки ин ҳолат соли 1992 ба вуқӯъ пайваста буд, истисно накард. Дар бораи он ки оё “Толибон” дар пешгирӣ намудани чунин ранг гирифтани ҳодисаҳо муваффақ шуда метавонанд ё на, пешгӯӣ кардан душвор аст. 
"Аз ин рӯ, тақсимоти Афғонистон байни гурӯҳҳои мухталифи “Толибон” имконпазир аст", - таъкид кард Мендкович.
 
 
«Спутник V» дар як сол самаранокии худро собит кард
Известия. 11 август аз сабти номи аввалин ваксинаи русии «Спутник V» як сол пур мешавад. Чунон ки директори маркази ба номи Н.Ф. Гамалей Александр Гинсбург ба «Известия» хабар дод, дар ин давра ваксинаи «Спутник V» самаранокии худро на танҳо дар Россия, балки дар хориҷи кишвар низ собит кардааст.
Олим, инчунин, гуфт, ки мумкин аст ваксина барои наврасон дар нимаи моҳи сентябр ба қайд гирифта шавад  ва эҳтимол меравад, ки ҳамон вақт   маъракаи эмгузаронӣ барои мактаббачагон оғоз  гардад.  
 
 
 
СММ ҷонибҳои афғониро ба оташбаси фаврӣ даъват мекунад
INTERFAX.RU. Ҳамоҳангсози кумак-ҳои башардӯстонаи СММ Мартин Гриффитс аз ҷонибҳои Афғонистон даъват кард, ки оташбаси фаврӣ  намоянд.
"Кӯдакон, занон ва мардони афғон дар  душвориҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд. Ҳамлаҳои номатлуб ба вилоятҳои Ҳилманд, Қандаҳор ва Ҳирот дар тӯли як моҳи охир ҳадди ақал ҳазор нафарро ба ҳалокат расонданд", - гуфтааст Гриффитс.  
"Ман имрӯз бо Дабири кулли СММ ва аъзои Шӯрои Амният, ки    ҳамлаҳо ба мардуми осоиштаро ба таври шадид маҳкум карданд, ҳамроҳ шуда, даъвати онҳоро ҷиҳати оташбас такрор мекунам", - гуфтааст Гриффитс дар изҳорот.
Ба гуфтаи ӯ, созмонҳои башардӯстона дар Афғонистон боқӣ мемонанд ва ба мардуми афғон ёрӣ хоҳанд дод.
"Онҳо бетарафиро нигоҳ медоранд ва вазифаҳои худро холисона иҷро мекунанд, аммо ба онҳо дастрасӣ ва кафолат лозим аст, ки онҳо тавонанд мол ва кумакро ба мардум бидуни мамониат расонанд", - илова намуд намояндаи баландпояи СММ.
 
 
 
Доҳа. Оғози музокироти “сегона” оид ба Афғонистон
Известия. Дар пойтахти Қатар, шаҳри Доҳа, 10 август музокироти васеи серӯзаи "сегона" - и миёнаравҳо оид ба ҳалли масоили банизомдарории вазъи Афғонистон оғоз ёфт. Намояндагони Федератсияи Россия, ИМА, Чин ва Покистон, инчунин, «Толибон» ва Кобули расмӣ бори сеюм дар як сол барои баррасии вазъи Афғонистон ҷамъ омадаанд. 
Ҷаласаи кунунӣ бо пешрафти босуръати ҳаракати «Толибон» алоқаманд аст: аз аввали август то кунун пойтахти ҳафт минтақаро забт кардаанд. Қаблан Департаменти давлатӣ эълон карда буд, ки ИМА аз «Толибон» талаб мекунад, ки ҳуҷум қатъ карда шавад. Аммо, коршиносон бар ин боваранд, ки «Толибон» ҳанӯз омода нестанд, ки амалиёташонро қатъ  намоянд, зеро онҳо ба бартарии стратегие, ки метавонад ҳудудҳои забтшударо мустаҳкам кунанд, ноил нашудаанд. Аз ин рӯ, сарфи назар аз натиҷаи музокироти "сегона", «Толибон» гумон аст, ки силоҳро ба замин гузоранд.
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 880
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед