logo

сиёсат

МУРҒОБ, ИСТИҚЛОЛ ВА ПАЙКИ ИҚБОЛИ БАЛАНД

Сафарҳои кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони  соҳибистиқлолӣ инфрасохтори  маркази ноҳия ва авулҳоро ба таври мусбат дигаргун намуданд.  
 
Баъди паймудани масофаи  қариб 420-километраи роҳи  Хоруғ – Ҷелондеҳ – Аличур – Мурғоб  аз баландии  гардишгоҳи мавзеи Муҳаммадзоҳир   дар пеши чашми сайёҳону  меҳмонон ва дигар раҳгузарон маркази ноҳияи Мурғоб  намудор мешавад, ки биноҳои  зебои сафедгуна дорад. Шаҳрак  дар канори дарёи Оқсу воқеъ гардидааст. Ба гуфтаи тоҷикону қирғизҳои  ин ноҳияи дурдаст ва баландкӯҳ Оқсу рӯди ҳаётбахш аст.  Дар муҳити  қариб якрангу хиратоби нимбиёбонӣ ва терескензорони беканор дидани  ин  маъвои аҳолинишин хеле ҳам хушоянду гуворост.
Дар бораи  гузашта ва имрӯзи шаҳрак, рӯзгори  тоҷику қирғизҳои   Мурғоб,  ки дар  сароғози  тулуи  Хуршед  доман    густурдааст, Ҳусния Раҷабзода,  узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Мурғоб, бо ифтихор соатҳои зиёд сухан мегӯяд. Ӯ,  пеш аз ҳама,   аз дастгириҳо ва ғамхориҳои рӯзафзун ва беқиёси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи сокинони ин диёри дурдасти Помири Шарқӣ дар даврони соҳибистиқлолии  кишвар  ёдовар мешавад. 
Роҳбари ноҳия нақл мекунад, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ  роҳи Хоруғ - Мурғоб - Ош аз дили  ҳамин шаҳрак мегузашт.  Роҳбарони  давр  шароит ва имконият  доштанд, ки  маркази ноҳия ва авулҳои чорводорнишини деҳоти Аличур, ба номи Ғожо Бердибоев, Рангкӯл,  Шаймоқ, Қизилработ ва Қарокӯлро  обод намоянд. Мутаассифона, боре ҳам  ба ин мавзеи дурдаст қадам ранҷа нанамуданд, аз ҳоли мардум   воқиф нагаштанд. Онҳо танҳо зиёд кардани саршумор ва истеҳсоли маҳсулоти чорворо талаб мекарданду халос.
Бепарвоӣ ва камназарии ҳукуматдорони вақт  сабаби аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нисбат ба дигар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон  фарсахҳо  қафо мондани ноҳияи Мурғоб гашта буданд. Он давра  ягона иншооте, ки каму беш ба талаботи меъёрҳои  меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷавобгӯй буданд, биноҳои кумитаҳои ҳизби коммунист,  комиҷроия,   отряди сарҳадбонон ва  озмоишгоҳи илмӣ -  тадқиқотии Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтанд. Дигар биноҳои идораву муассисаҳо ва манзилҳои истиқоматӣ якқабата буда, аксар бомпӯши замонавӣ надоштанд. Бисёре аз  чорвопарварон дар хаймаҳо умр ба сар мебурданд.  Ин зиндагии якранг ва дилбазан то даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  идома ёфт.
Танҳо қадами мубораки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба ноҳияи Мурғоб дар ҳаёти мардуми ин замини дурдаст ва баландкӯҳ хеле тақдирсозу бобарор гардид. Дар китоби рӯзгори сокинонаш саҳифаҳои нави рангин кушода шуданд ва  онҳо ба ҳаёти шоиста  расиданд. Ба қавли устоди зиндаёд Муъмин Қаноат;
Мурғи истиқлол омад,  пайки иқболи баланд,
Чун ҳумое соя меафганд аз  боли баланд.
Муҳаррири вақти рӯзномаи «Сари кӯл», нашрияи мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб Султон Парманов бо  хушнудӣ   мегӯяд, ки дар  30 соли   истиқлолият Пешвои муаззами миллат  борҳо ба ин музофоти дур, вале ба дил наздики   Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  сафари корӣ анҷом доданд. Натиҷаи сафарҳо амалҳои ободониву  бунёдкорӣ,   рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, дигаргуншавии  инфрасохтори  ноҳия   мебошад.   Яке аз боздидҳои Роҳбари давлат аз Мурғоб ба охирин рӯзҳои  фасли тобистон рост омада буд.  Вақти парвози чархбол аз маркази вилоят осмон софу беғубор буд, вале   якбора   авзои боду ҳаво дар паҳнои  Помири Шарқӣ вайрон мешавад ва  резиши  селборон оғоз мегардад. Сарнишинони чархбол нияти ба шаҳри Хоруғ  баргаштанро  доштанд, вале Пешвои миллат розӣ намешаванд ва кӯтоҳакак мегӯянд: «Дар Мурғоб мардум Роҳбари давлатро интизоранд». Сарнишинон чархболро дар як ҳамвории соҳили Булункӯл ба замин  мефуроранд.  
Сарвари  хирадманду хоксор ва мардумиро  авулнишинони  Аличур  бо самимият  ва гарм истиқбол мегиранд. 
Баъди  сафарҳои зиёди корӣ, мулоқотҳо  бо мардум  ва воқиф гаштан аз рӯзгори сокинон бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Мурғоб» қабул гардид ва, аллакай,  бисёр амалҳои ободкорӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ пиёда гардонда шудаанд. Дар марказ ва   деҳоти Мурғоб бештар аз 90 иншооти саноатӣ ва  иҷтимоӣ,   мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ, тиббӣ, клубу китобхонаҳо, биноҳои бонкҳо   ва манзилҳои истиқоматии серошёна  бунёд гаштанд. Бисёр хонаҳо тавассути генераторҳо ва батареяҳои офтобӣ равшану гарманд. Аксари сокинон барномаҳои  шабакаҳои телевизионии кишварро тамошо мекунанд, алоқаи мобилии телефонӣ дар дурдасттарин авулҳо  ва маконҳои чорводорнишин фаъол буда, хонандагон аз компютер ва таҷҳизоти  ҷадиди таълимӣ  ва иттилоотӣ истифода мебаранд.
 
ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ҚУТОСПАРВАРӢ РУШД  ЁФТ
Дар ин  давраи  омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорсӯи паҳноҳои  Помири Шарқӣ, талу теппаҳо чорводорони  тоҷику қирғиз ба парвариши  қутос - хушговҳо  машғуланд.
Раиси ноҳия Ҳусния Раҷабзода мегӯяд, ки аз рӯи маълумоти  оморӣ, агар соли 1990 дар ноҳия саршумори қутосҳо камтар аз 17 ҳазор ва моли майда 48 ҳазор сарро ташкил  намуда бошад, ҳоло бо дастгириҳои Ҳукумати кишвар, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шумораи қутос  ба зиёда аз  21180, чорвои калон ба  қариб 24200 ва бузу гӯсфанд ба  84 ҳазор  сар расонда шудааст. Чорвопарварони Мурғоб  дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро ба ҷо оварда, ба дигар ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла  Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Айнӣ ва Мастчоҳу Лахш, ки табиати  сарду сералаф  доранд,   чандин  сар қутосҳоро бо нархи арзон фурӯхтанд. Ҳоло дар ин ноҳияҳо соҳаи қутоспарварӣ рушд намудааст. 
 
ШОҲРОҲИ  ДУШАНБЕ – МУРҒОБ – ҚУЛМА: ШОҲРОҲИ  ҲАЁТ
- Дар аввали солҳои истиқлолият,- ба ёд меорад сардори муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Мурғоб Саодатшо Назаршоев, - вақте ки бо роҳи Ош – Мурғоб – Хоруғ мошинҳо бо сабаби вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар  ва гаронии  нархи сӯзишворӣ хеле кам ҳаракат мекарданд, мардуми кӯҳдоман ба таҳлуқа афтода, гумон доштанд, ки ин роҳи баландкӯҳ баста мешавад. Аммо гумони онҳо ботил баромад. Маҳз   бо раҳнамоӣ ва ташаббуси шоистаи  Президенти маҳбуби кишвар  нахуст қитъаи  роҳи Кӯлоб – Шоҳон – Зиғар – Шкев ва сипас  бунёди қисми  роҳи қариб 100 - километраи  Мурғоб – Қулма - сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин  оғоз гардид ва дар кӯтоҳтарин фосилаи вақт  сохта шуд. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои роҳи Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин ва Шкев – Қалъаихумби шоҳроҳи аср  хуб ҷараён дошта, то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.  Ҳамзамон,  дар кӯтоҳтарин фурсат  қитъаи роҳи  қариб 100 - километраи душвортарини Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон низ оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки   дар расми мавриди истифода қарор гирифтани  қисми роҳи Мурғоб – Қулма  Пешвои миллат иштирок намуда, сокинони домони гардунро ба ин муносибат табрик ва муборакбод намуданд.  Аз ин ҷост, ки мардуми Боми ҷаҳон  аз сидқи дил  Сарвари давлатро меъмори ҳақиқии  шоҳроҳи  Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Қулма  медонанд. Бунёди шоҳроҳ   сарнавишти сокинони Бадахшонро ба куллӣ ба таври мусбат тағйир дод.  
- Сокинони тоҷик ва қирғизи  ноҳияи Мурғоб, - гуфт дар анҷоми суҳбат сардори роҳдорони минтақаи Помири Шарқӣ Саодатшо Назаршоев, - дар баробари мардуми вилоят  гаштаву баргашта мегӯянд, ки танҳо ҳамин корнамоӣ  басанда аст, ки номи Пешвои дилсӯз ва ғамхори миллатро чандин наслҳои имрӯзу фардои  мардуми Боми ҷаҳони тоҷик асрҳои аср дар хотирҳо нигоҳ доранд ва бо хатти заррин дар баландиҳои  баланди Помири дилнавоз нависанд.
 
МУРҒОБ ОН ҚАДАР ҲАМ ДУР НЕСТ
Мардуми   сарбаланди Мурғоб  ба  Пешвои муаззами  миллат    барои ғамхориҳо ва дастгириҳои ҳамарӯзаашон ба хотири ободии кӯҳистон, торафт беҳтар шудани дараҷаи зисту зиндагонии аҳолӣ пайваста  изҳори сипос менамоянд.
Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода такрор  ба такрор  мегӯяд, ки   одамоне, ки боре ҳам ба Помири Шарқӣ,  сафар накардаанд, табиати ба моҳу парвини коиноти беканор  монанд, давидан ва чаридани  оҳувон, гӯсфандони Марко Полоро  надидаанд, гумон доранд, ки   ин минтақаи  Бадахшон - сарзамини зебо ва пурасрор  басе ҳам дур ва дастнорас  аст. Ба онҳо гуфтанием, ки Мурғоб, ин гӯшаи Тоҷикистони биҳиштосоямон, он қадар ҳам дур  нест. Марҳамат, биёед, меҳмони ҳар як хонадони авулнишинони тоҷику қирғиз шавед. Он гоҳ  аз наздик хоҳед дид, ки тавассути ғамхориҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  рӯзгори хуррам ва рангину хушу гуворо  насиби  мардуми  ин баландиҳо низ гардидааст. Аз забони пиру барнои ноҳияи Мурғоб ва Боми ҷаҳони тоҷик   чунин шоҳбайтро дар ҳаққи  Роҳбари арҷманди  давлат, албатта, мешунавед:
Қуллаҳои саркашамро зери поят мекунем,
Гар замин сахтӣ кунад, дар  дида ҷоят мекунем.

Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2021    №: 161    Мутолиа карданд: 968
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед