logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИ ЗЕҲНӢ - ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ

Тавре маълум, истиқлоли фикрӣ, озодии фикрӣ ё озодии андеша ба маънои доштани фалсафаи хос, асосӣ ва усулии шахс дар зиндагӣ мебошад. Истиқлоли фикрӣ, яъне эътимод ба нафс ва бовар ба худ доштан аст. Инсон ҳангоме ки барои афкору ақидаи худ асосу бунёд пайдо мекунад, дорои истиқлоли фикрӣ мешавад. Аммо доштани истиқлоли андеша ва ғурури фикрӣ ҳаргиз ба маънои тасмимгирии худсарона ва бемасъулиятонаи шахс дар зиндагӣ нест, балки ба маънои шунидани машварату фикри дигарон, вале гирифтани тасмим бар мабнои усул ва фалсафаи устувори худӣ аст. Бинобар ин, истиқлол, озодӣ ва ғурури фикрии афрод ба зеҳни ҷамъӣ ё иҷтимоӣ таъсиргузор аст ва дар сурати солим шакл гирифтани истиқлоли фикрӣ тарафҳои дигари истиқлоли ҷамъӣ, мисли истиқлоли сиёсӣ ва фарҳангӣ ташаккул хоҳанд ёфт. 
 
Озодии фикрӣ аз истеъдоди инсон сарчашма мегирад. Истеъдоди инсон бояд озод бошад, зеро пешрафту такомули инсон дар гарави ҳамин озодӣ аст. Аммо озодии ақида хусусиятҳои дигар дорад. Маълум аст, ки маншаи бисёре аз ақидаҳо одат, бовар, тақлид ва таассуб аст ва ақида як навъ эътиқод ба андеша ҳисоб мешавад. Яъне фикри инсон дар чунин ҳолат ба ҷойи ин ки озод ва фаъол бошад, баста ва шах гашта, неруи муқаддаси тафаккури инсон ба далели вобастагӣ ба ақида дар даруни инсон асир ва зиндонӣ мешавад. Аз ин ҷост, ки озодии ақида метавонад зиёнбортарин пайомадро барои фард ва ҷомеа бо худ дошта бошад. Фарқи миёни озодии фикрӣ ва озодии ақида ҳамин аст. Маҳз бо мушоҳидаи ҳамин воқеият Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Ки дусад лаънат бар он тақлид бод.
 
Андешаи озодӣ дар зеҳн ва ғаризаи озодӣ дар табиати инсон ба шакли табиӣ ва ҳамеша мавҷуд будааст. Суқрот аз аввалин ҳакимони қадим буд, ки майл ба шинохти инсон, дарки моҳияти ҳастӣ ва олами ботинии он намуд. Аммо маълум аст, ки андешаҳои фалсафии Суқротро бештар ҷанбаҳои ахлоқии ҳаёти инсон ташкил додааст. Бинобар ин, аз назари Суқрот озодии инсон бештар аз он, ки маънои озод будани шахс аз қайду басти беруниро дошта бошад, маънои содиқ будани ӯ ба худии худ, пайваста ҷониби ҳақиқат майл доштан ва анҷом додани амалҳоест, ки хилофи ахлоқи пазируфташудаи умумӣ ва иродаи илоҳӣ набошанд.
Афкор ва андешаи Афлотун дар бунёду маншаи худ аз андешаи Суқрот кам фарқ дорад. Ӯ дар муколамаи худ бо номи “Давлат” бо тасвир намудани манзараи зиндагӣ дар шаҳри Спарт маҳдуд шудани озодии инсонро раво дониста, файласуфонро ба фарқ аз одамони одӣ, инсонҳои озодтар медонад. Ва маҳз ҳамин қишр бояд ба дигарон умеди ангезаи ҳақиқат ва озодиро талқин кунад. Тибқи таълимоти Афлотун, озодии фикрӣ барои як инсон фақат вақте даст медиҳад, ки худшиносӣ дар ақли ӯ ҳоким шавад.
Бар рағми мактабҳои фикрии даврони атиқа ва асрҳои миёна дар даврони Эҳё таҳаввулоти фикрии азиме падид омад, ки дар меҳвари арзёбиҳои фалсафӣ дигар на дин, на омӯзишҳои динӣ, балки худи инсонро қарор дод. Пико делла Мирандола аз саромадони бузурги ҳаракати фикрии даврони Эҳё шоистагӣ ва тавоноии инсонро ба иродаи озоди ӯ вобаста медонист. Ба бовари ӯ, мақоми инсон дар силсиламаротиби иҷтимоӣ на аз иродаи Худованд ва тақдири аз пеш таъиншуда, балки ба иродаи худи шахс вобаста аст. Ин озодии ирода ба инсон имкон медиҳад, ки эҷодкор бошад ва муҳити зиндагии худро дигаргун бисозад. 
Мафҳуми озодӣ, ки дар адабиёти асрҳои миёна умдатан маънои ҳокимиятро дошт, (яъне ҳар чизе, ки ҳоким мехост анҷом диҳад, амалӣ мекард, зеро озодиро ба даст оварда буд) таҳаввули ҷиддии маъноӣ касб намуд. Мутафаккирони тоҷику форс низ аз назарияпардозони муҳими мафҳуми озодӣ ва озодии инсон дар таърихи тамаддуни башарӣ ба шумор мераванд. 
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ намунаи олитарини инсони озода ва мутафаккирест, ки ҳамаи ҷанбаҳои озодии инсон ва моҳияти онро ташреҳ кардааст. Мавлоно ҳам мисли донишмандони атиқа эътиқод дорад, ки инсони озод, бо бархӯрдорӣ аз неъмати озодӣ дорои масъулият мешавад ва агар инсон ихтиёр надошта бошад, яъне озод набошад, масъулият ҳам надорад. Мавлоно дар таърифи озодӣ ва ихтиёри инсон аз мутафаккирони Ғарб ҷасуронатар амал намуда, мегӯяд, ки инсон, ҳатто дар пазириши куфру имон озод аст:
Куфр ҳам нисбат ба холиқ ҳикматест.
Чун ба мо нисбат кунӣ, куфр офатест...
* * *
Ин ҷаҳону он ҷаҳон як гавҳар аст,
Дар ҳақиқат куфру дину кеш нест.
 
Аммо Мавлоно қабл аз ҳар чиз барои инсон озодии фикриро муҳим медонад ва бовар дорад, ки инсон, қабл аз ҳама бояд аз “дарун” ба озодӣ бирасад, яъне дар зеҳни инсон фикри озодӣ чира шавад, он гоҳ шахс озодиро дар “берун” ба худ ва дигарон метавонад эҳдо кунад.
Дар идомаи сайри таърихии такомули фикри башар роҷеъ ба озодӣ назарияи либералӣ ва неолибералӣ ба вуҷуд омад. Ин назария, ки маъно ва ҳадафи он озодихоҳӣ бар асоси қонун, қонунҳои хос аст, озодии шахсиро ҳадафи аслӣ медоданд. Ва дар ин ҷиҳат ба маҳдуд кардани қудрати беҳудуди давлатӣ, нақши барҷастаи қонун, табодули озодонаи афкор, низоми шаффофи давлатӣ, низоми шаффофи қонунгузорӣ, таъмини баробарии ҳуқуқи шаҳрвандон тавассути қонун таъкид мешавад.
Расидан ба марҳилаи кунунии рушди башарӣ, озодиҳои маданӣ, озодии миллату халқиятҳо, истиқлоли сиёсии кишварҳо ва расидани миллатҳо ба ҳаққи таъини сарнавишти худ, бидуни шак натиҷаи талоши инсоният барои расидан ба саодати дунявист. Дар навбати худ, ҳифзи озодии андеша, такомул ва ғаризаи инсон барои даст ёфтан ба озодии бештар, расидан ба марҳилаи феълии рушду тараққиро имконпазир кардааст.
Воқеан, таърихи башар ин назарияи Ж. Ж. Руссоро собит кардааст, ки ташкили давлат кори инсонҳои озод аст. Ҳамин тавр, то дар афкор ва зеҳни афроди як миллат андешаи озодӣ ва истиқлол зуҳур накунад ва он ба хиради ҷамъӣ табдил нашавад, заминаи озодӣ ва истиқлоли миллӣ фароҳам нахоҳад шуд. Агар андешаи озод ва ихтиёру ирода аз афрод, ки дар якҷоягӣ миллатро ташкил медиҳанд гирифта шавад, дар зеҳни афроди як миллат афкори ғайр талқин шавад, яқинан заминаи аз даст додани истиқлоли сиёсии миллатҳо фароҳам мешавад. Миллати тоҷик инро дар дарозои таърихи пуршебу фарози худ, муттассифона, борҳо таҷриба кардааст. Бузургтарин ҳамлаи фикрӣ ба ақида ва андешаи миллати тоҷикро арабҳо анҷом доданд. Ба қавли А. Фирдавсӣ:
Чу бахти араб дар Аҷам чира гашт,
Ҳама рӯзи эрониён тира гашт.
 
Ҳамлаи арабҳо барои ҳамеша сарнавишти миллати тоҷик ва масири таърихии рушди онро тағйир дод. Ва ин ҷо манзури Фирдавсӣ яқинан чирагии шамшери араб дар майдони ҷанг нест, балки ҳоким шудани ақидае, ки араб оварда буд, бар зеҳну шуури миллат аст. Ҳоким шудани ақида дар зеҳни мардум имкони андешаи озодро аз он нест мекунад. 
Таассубе, ки дар ақида ҳоким гашт, қобилияти зояндагии фикрии фард ва миллатро маҳв сохт. То акнун ҳам зеҳну шуур ва таҳтишуури тоҷикон - эрониён то ҳадди зиёде пойбанди фарҳанг ва андешаи арабӣ аст. Ва хатари аслие, ки ба амнияти ҷамъӣ, давлатдории миллӣ ва озодиву истиқлоли миллии тоҷикон ҳамин ҳоло ҳам таҳдид мекунад, аз ноҳияи ҳамин тафаккурест, ки 1400 сол пеш дар зеҳни миллат ғолиб омада буд. Яъне на танҳо сарзаминҳои тоҷикон аз ҷониби арабҳо тасарруф шуданд, балки бадтар аз ин, миллат мавриди истисмори фикрӣ қарор гирифт. Ва, ҳатто, ҳоло ҳам гарчи аз ишғоли физикӣ раҳо шудааст, ҳанӯз аз истисмори фикрӣ раҳо наёфтааст. Шоири мутафаккир дуруст орзуи озодии миллат ва дурнамои расидан ба онро дар як байт ҷо додааст: 
Эй қавм туро умеди озодӣ нест,
То саҷда кунӣ ба қиблаи бегона.   
 
Аз ҳамин нигоҳ, раҳоӣ аз вобастагиҳои фикрӣ ба таълимоти бегона, дарки худӣ ё худшиносии фардӣ ҷиҳати расидан ба озодии андеша ва даст ёфтани миллат ба истиқлоли сиёсӣ ва давлатӣ асли муҳим ба шумор меравад. Яъне як миллати зинда бояд навъи ҷаҳонбинии хос дошта бошад, ки бар асоси мантиқ ва усули хосе устувор бошад ва аз он ҳимоят кунад.
Дар ҳақиқат ҳар як миллати пӯё, хусусан тоҷикон, ба истиқлоли фикрӣ эҳтиёҷ доранд, то истиқлоли сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии худро ҳифз кунанд. Истиқлоли фикрӣ барои таъмини суботи фикрии ҷомеа як амри зарурӣ аст. Вақте суботи фикрӣ дар ҷомеа мавҷуд набошад, афроди ҷомеа ҳар пешниҳоди фикрии бегонаро зуд қабул мекунанд. Ҳатто ҷойгоҳ пайдо намудани афрод бо афкори ифротӣ ва мазҳабии бегона дар як ҷомеа далели ин аст, ки он ҷомеа дар диндорӣ ва диншиносӣ ва худошиносии худ суботи фикрӣ ва истиқлоли фикрӣ надорад.
Дар айни ҳол, шарти истиқлоли фикрӣ ин нест, ки аз ҳақиқати дигарон чашм пӯшида шавад ва намунаҳои хуби ҷомеаҳо ва мактабҳои дигари фикрӣ иқтибос нашавад. Аммо як миллат вақте фалсафа, усул ва қонуни хосе барои зиндагии худ дошта бошад, ниёзе барои пайравӣ аз дигарон надорад. 
Гузашта аз ин, барои як миллат зарур аст, ки истиқлоли фикрӣ ва суботи фикрии худро мавриди ростиозмоӣ ва осебшиносӣ қарор диҳад, то мутақоид шавад, ки ба истиқлоли фикрии худ имони пурра дорад. Ба қавли М. Иқбол, ки фалсафаи худиро асли кушоиши роҳи инсонҳо дар масири зиндагӣ медонад:
Тарош бо тешаи худ ҷодаи хеш,
Ба роҳи дигарон рафтан азоб аст.
Гар аз дасти ту кори нодир ояд,
Гуноҳе ҳам агар бошад, савоб аст.
 
Ба қавли донишмандон, таърих собит намудааст, ки як инсони озод, як миллат ва як давлат метавонад ҳама чизро ба орият ё қарз бигирад ва барои ниёзмандии худ истифода кунад, аз ҷумла пулу мол, силоҳу муҳимот, неруи корӣ ва ҳатто артишҳои муназзамро. Аммо фикрро намешавад кироя гирифт, қарз кард ва ба орият хост. Бинобар ин, шарти зиндагии як инсони озод, як миллати пӯё ва як давлати соҳибистиқлол доштани истиқлоли фикрии фардӣ ва ҷамъист. 
Ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки озодии фикрӣ аз ниёзҳои аслӣ барои таъмини бақои миллат ба ҳисоб рафта, шарти асосии ҳамаи дигар озодиҳо маҳсуб мешавад. 
Муруре ба андешаҳои фалсафӣ дар мавриди озодӣ ва истиқлол нишон медиҳад, ки бо вуҷуди таърифҳои гуногуни озодӣ ва таснифоти он, ҳамаи андешамандон ва файласуфон сари як нукта шубҳаву гумони камтар доранд ва он ин аст, ки озодӣ ва истиқлол арзишҳои воло ва бузургтарин неъмати башарӣ ва дунявӣ ба шумор мераванд. Ҳатто душманони озодӣ талош мекунанд, то мафҳуми онро ба манфиати қудрати хеш шарҳу таъбир кунанд. Бинобар ин, маҳз ҳамин иттифоқи назари умумиҷаҳонӣ дар мавриди озодӣ қонунгзорони миллӣ ва байналмилалиро маҷбур месозад, ки аз ҳаққи давлатҳо ва қудратҳо ба манфиати ин арзиши волои инсонӣ кам кунанд. Аммо мулоҳизаи муҳими донишмандони фалсафа ин аст, ки аҳком ва мавозини динӣ ҳамчунон ин арзишҳоро маҳдуд месозанд. 
Зикри озодиҳои асосӣ дар низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа ҳам муҳим ва зарур аст. Дар низоми демократӣ ва ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, заминаҳои озодии фардӣ дар Конститутсия танзим шудааст. Қонунгузорӣ озодиҳои сиёсӣ, озодии умумӣ, озодии виҷдон, озодии кор, рафту омад, озодии баён ва андешаро кафолат медиҳад. Озодӣ ва истиқлоли сиёсӣ барои миллат бошад, ҳадафи бузург ва асосии он дар тӯли мавҷудият ва зиндагияш маҳсуб мешавад.
Ишора ба чанд масъалаи дигар ҳам барои рӯшантар матраҳ гаштани мавзуи истиқлоли фикрӣ ва истиқлоли сиёсӣ муҳим аст. Аз ҷумла, масъалаҳое мисли нисбати озодӣ бо зарурату масъулият. Дар чаҳорчӯби ин меъёрҳо масъалаи робитаи фаъолияти инсон ва қонунҳои табиату ҷомеа матраҳ мешавад. Ормонгароҳо озодиро ба унвони озодии ирода ва имкони амал мутобиқ ба тавоноии ирода, ки шароити берунӣ зимни он таъинкунанда нест, дониста, озодӣ ва заруратро умдатан мафҳумҳои инкоркунандаи якдигар ҳисоб мекунанд. Ин идда бовар доранд, ки ғояи ҷабргароӣ масъулияти инсонро нисбат ба амалкарди ӯ салб месозад ва арзёбии рафтори инсонро аз нигоҳи ахлоқӣ ғайримумкин мекунад. Онҳо танҳо озодии бидуни қайду шартро асоси масъулиятшиносии инсон медонанд. 
Гурӯҳи дигар зимни инкор намудани озодии ирода, бовар доранд, ки ҳар иқдом ва амали инсон дар ҳама ҳолатҳо таҳти шароити берунае, ки аз ӯ вобаста нест, сурат мегирад. Спиноза аввалин касе буд, ки озодиро ҳамчун зарурати даркшуда ва ё дарки зарурат таъриф намуд. Аммо мафҳуми ҷомеътари ягонагии озодӣ ва заруратро аз нигоҳи ғоявӣ Гегел ироа намудааст. Зарурат ҳамчун қонунмандии воқеии ҷомеа ва табиат вуҷуд дорад.   
Аммо дар шароити кунунӣ масъалаи муҳимтар робитаи миёни озодӣ ва масъулият аст. Озодӣ бидуни шак ба масъулият рабт дорад. Масъулият фарз мекунад, ки шахс метавонад озодии амал ва тасмимгирӣ дошта бошад, бинобар ин, озодӣ худ аз худ мунҷар ба масъулиятшиносӣ мешавад. Озодӣ қудрати интихоби инсон аст ва масъулият нигоҳи фард ба амалест, ки озодона интихоб кардааст. Аз ин нигоҳ, озодии инсон ҳар замон метавонад ба мавзуи масъулият барои ӯ табдил шавад. Бернард Шоу озодиро ин тавр таъриф кардааст: “Озодӣ, яъне масъулият, ба ҳамин далел бисёри мардон аз ӯ метарсанд”. 
Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки бидуни озодии фардӣ, ҳеҷ гуна масъулияти фардӣ ҳам вуҷуд надорад. Ҳамчунин, наметавон бидуни масъулият озодиро аз тариқи муқаррароти ахлоқии инсон ва қонун ҳифз намуд. Яъне озодӣ ин масъулият аст. 
Аз ҳамин ҷост, ки юнониён бо озодӣ ва дарки масъулияти ҳамзамон дар се қарни бостон дар фикру фалсафаву хираду ҳунар дар фазои озод коре анҷом доданд, ки мисриёни фиръавнӣ бо ҳамаи дастовардҳои азими фаннӣ, дониши ҳандаса, риёзиёт, муҳандисӣ, иқтисоду кишти гандум дар се ҳазорсола дар иҷрои он ноком монданд.
Чунин аст лаззату моҳияти зиндагӣ кардан, нафас кашидан, андешидан дар як фазои озоду истиқлол, бархӯрдорӣ аз муҳаббати озодӣ ва истиқлолу ибтикори амали фардӣ. Паҳно ва доманаи марзҳои озодии инсон ба ҳар мизоне фарохтар бошад, масъулияти инсон будан сангинтар мешавад. Ҳар инсон ба дараҷаи сангинии бори масъулияте, ки бар дӯш гирифтааст, қобили эҳтиром аст.
 
Раҳматкарим ДАВЛАТОВ, 
директори Маркази мероси хаттии АМИТ,
номзади илмҳои таърих
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2021    №: 161    Мутолиа карданд: 929
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед