logo

иҷтимоиёт

ҚАРЗИ ОВЕРДРАФТӢ БА ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ТО 36 МОҲ БО 22 ФОИЗИ СОЛОНА БЕ ПЕШНИҲОДИ ГАРАВ

 
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати пешниҳод намудани қарзҳои муфид ва дастрас барои аҳолии мамлакат кӯшиш ба харҷ дода, дар ин ҷода, аз соли 2018 дар сохтори раёсати бонк шуъбаи қарзҳои овердрафтӣ ташкил кард, ки фаъолияти он пешниҳод намудани қарзҳои дастрасу муфид ба аҳолии кишвар, махсусан ба кормандони соҳаи иҷтимоӣ мебошад, ки айни ҳол ба зиёда аз панҷ ҳазор муштарӣ хизмат мерасонад, -  иброз дошт Мастура Ёқубова, сардори шуъбаи қарзҳои овердрафтӣ. 
Як нукта боиси зикр аст аст, ки бештари истифодабарандагон кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ мебошанд. Бартариятҳои хизматрасонии овердрафтӣ дар он аст, ки муштариёни бонк метавонанд ҳангоми норасоии муваққатии маблағ дар суратҳисоби шахсӣ (яъне корти музди меҳнат ва ё нафақа), аз ҳисоби маблағҳои бонк то 80 фоизи музди меҳнат ва нафақаи моҳона ба муҳлати то 36 моҳ ва бо 22 фоизи солона бе пешниҳоди гарав ва кафил истифода намоянд. Овердрафт қарзи мақсаднок набуда, маблағҳои қарзиро барои мақсадҳои гуногун метавон истифода бурд. Фоизи қарзи овердрафтӣ, танҳо аз рӯи маблағи истифоданамудаи қарз ва барои рӯзҳои истифодашудаи қарз ситонда мешавад. Дар ҳолати тамоман истифода набурдани маблағи қарзи овердрафтӣ фоиз, умуман, ҳисоб карда намешавад. 
Қарзи овердрафтӣ ба шахсони воқеӣ бо шартҳои зерин пешниҳод мегардад:
- муштарӣ бояд дорандаи корти пардохтии БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» буда, музди меҳнат ва ё нафақаи худро тавассути бонки мазкур дастрас намояд;
- муштарӣ таърихи хуби қарзӣ дошта бошад ва аз дигар муассисаҳои молиявӣ қарздор набошад ё қобилияти худро барои идора кардани ҳамаи қарзҳои худ исбот карда тавонад.
Аз шахсони воқеӣ барои пайваст намудани хизматрасонии овердрафтӣ ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:
- дархост (ариза) барои пайваст намудани хизматрасонӣ;
- шиноснома бо қайди РМА ва розигии корхона, муассиса, ташкилот ва ё мақомоте, ки корманд дар он ҷо фаъолият мекунад (тариқи бастани созишномаи иловагӣ бо бонк), афзалият дорад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2021    №: 161    Мутолиа карданд: 986
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед