logo

Хабарҳо

Нахустин вохӯрии вазирони энергетикаи кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе

 
Дар шаҳри Душанбе нахустин вохӯрии вазирони энергетикаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Чорабиниро вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ифтитоҳ намуд.
«Фазои СҲШ - маҷрои бузурги энергетикӣ мебошад, ки дар доираи он миқдори зиёди неруи барқ истеҳсол, истеъмол ва интиқол дода мешавад. Ин иқтидор бояд барои пурра қонеъ гардондани эҳтиёҷоти пайваста афзояндаи кишварҳои узви СҲШ истифода шавад»,- гуфта шуд дар вохӯрӣ.
Ҳамгироии сарчашмаҳои гуногуни энергия ва таъмини кори мувозии системаҳои энергетикӣ, табодули дониш дар соҳаи электроэнергетика, такмили заминаи истеҳсолии комплекси сӯзишворию энергетикӣ, таъсиси иқтидорҳои нави энергетикӣ бо назардошти тавозуни энергетикии кишварҳои узв, ҳамкорӣ дар шароити буҳрони сӯзишворӣ – энергетикӣ самтҳои асосии ҳамкорӣ номида шуданд.
 
 
Густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ дод.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо, инчунин, роҷеъ ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
 
 
Анҷоми ваколати сафири Тоҷикистон дар Россия
Имомуддин Сатторов ба муносибати анҷоми маъмурияти дипломатиаш ба сифати сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров мулоқот кард. 
Ҷонибҳо масоили муҳими дуҷониба, аз ҷумла сафари расмии дарпешистодаи Президенти Россия ба Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли равон, инчунин, баргузории мулоқотҳои сарварони давлатҳои СҲШ ва СААД - ро дар шаҳри Душанбе баррасӣ карданд.
С. Лавров саҳми И. Сатторовро дар рушди ҳамкориҳои созандаи ду кишвар махсус зикр намуд. И. Сатторов дар навбати худ ба С. Лавров барои дастгирии ҳамаҷониба дар фаъолияти ӯ ба ҳайси сафир, ки ба таҳкими дӯстии анъанавӣ ва ҳамёрии стратегӣ, инчунин, татбиқи созишномаҳои дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд бадастомада мусоидат кардааст, изҳори миннатдорӣ намуд. 
 
 
Ваколати сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон ба итмом расид
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэтю Лоусонро бинобар ба итмом расидани ваколати дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
Сироҷиддин Муҳриддин ба Мэтю Лоусон барои саҳмаш дар густариши ҳамкории судманд ва робитаҳои дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ изҳори сипос намуд.
 
 
Зиёда аз як тонна маводи мухаддир сӯзонда шуд
Дар шаҳри Душанбе тариқи сӯзондан 34 кг 390 гр героин, 214 кг 563 гр афюн, 605 кг 483 гр бангдона, 272 кг 504 гр ҳашиш ва дигар намуди моддаҳои нашъаовар несту нобуд карда шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.
Дар чорабинӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура, суд ва дигар ташкилоту идораҳои марбута дар ҳузури намояндагони ВАО зиёда аз як тонна навъҳои гуногуни ин бори марговарро тариқи сӯзондан нобуд карданд. Инчунин, ҳабҳои нашъаовари синтетикӣ, аз ҷумла 216 гр “Амфетамин”,  1 кг  971 гр “Метамфитамин”, 1 кг 946 гр “Метадон”, 1 кг 127 гр  “Алпразолам” низ сӯзонда шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1041
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед