фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
БАРОБАР БА 160
Ададҳои аз 1 то 40-ро ба доирачаҳо чунон ҷойгир намоед, ки ҷамъи ҳар як қатори ададҳо ба 160 баробар шавад.
Таҳияи Нуриддин ХАНҶАРОВ, омӯзгори МТМУ № 40-уми ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
РАҲМОНОВ ДАВРОНҶОН ВА ҶАҲОНГИР МАҲКАМОВ – ҒОЛИБОНИ РУБРИКА
Рубрикаи навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ +» - и саҳифаи «Шоми шанбе» ҷамъбаст гардид. Ҳамарӯза аз тамоми гӯшаву канори кишвар нафарони зиёде бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои худро пешниҳод менамуданд. Тибқи хулосаи ҳакамон миёни ширкаткунандагон Раҳмонов Давронҷон, сокини ноҳияи Данғара, барои пешниҳоди муаммову чайнвордҳо ва Ҷаҳонгир Махкамов, сокини шаҳри Истаравшан, ғолиби рубрика дониста шуданд.
Вайбер:
93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
НОБИНОӢ БА ХОТИРИ ЗАН
Ҷавоне бо духтаре, ки дер боз мафтуни зебоии ӯ шуда буд, издивоҷ мекунад. Зиндагии ширин доштанд, вале бо гузашти моҳҳо завҷааш бемории пӯст мешаваду оҳиста-оҳиста ҳуснаш иллат пайдо мекунад. Аз қазо шавҳар ҳам рӯзе ба садама дучор омада, нобино мегардад ва дида наметавонад, ки дигар ҳамсараш зебо нест. Зиндагии оилавии онҳо ба таври маъмулӣ идома меёбад. Ниҳоят бар асари ҳамин бемории ахс зан дунёро падруд мегӯяд. Бо анҷоми маросими дафн мард аз алам тарки шаҳр намуд.
Дар роҳ ногаҳон марде, ӯро садо карду гуфт: - "Танҳо чӣ гуна сафар мекунед? Завҷаатон буд, ки бо ин нобиноӣ шуморо як лаҳза танҳо намегузошт?"
Мард гирён ҷавоб медиҳад: - "Аслан ман нобино нестам. Баъди садама танҳо вонамуд мекардам, ки кӯрам, зеро, агар завҷаам медонист, ки ман зиштии ӯро мебинам, ин ба вай бештар аз бемориаш асар мекард. Чун зани бисёр хуб буд, ман танҳо мехостам вай ҳамчунон хушбахт бимонад".
Таҳияи Мунисаи РАҲИМ
Диққат! Рубрикаи нав:
«ЗЕБОТАРИН ВА ХАТАРНОКТАРИН МОРҲОИ САЙЁРА»
1. МАМБА – ОЛИҲАИ АФРИҚОӢ
Мамбаи сарборик аз зеботарин, вале хатарноктарин морҳои қитъаи Африқост. Бо вуҷуди он ки заҳри ин «олиҳа» барои инсон яқинан марг меорад, бояд қоил шуд, ки ба зебогии он мафтун нашудан имкон надорад. Пӯсти мамба ранги сабзи зумуррадгун дорад, ки бо назаррабоияш беназир аст.
Мамба то 250 см дарозӣ дошта, маъмулан рӯзона ба шикор мебарояд. Гузарондани шабро бошад, дар умқи ҷангалҳои боришдор, афзал медонад.
Таҳияи Шоҳид НАЗЗОРӢ
Асрори калимаҳо
МУҒЛАҚ
«Муғлақ» дар китобҳои луғат ва фарҳангҳо ба маънои баста, нокушода, норавшан, номафҳум, мубҳам, печидаву душворфаҳм омадааст. Калимаи мазкуро бештар ба маънои манфӣ истифода мекунанд ва ба ин васила мехоҳанд обрӯи шоир ва ё нависандаро коста бигардонанд. Имрӯз аз он фаровон ҳам набошад, дар доираҳои адабӣ, маҳфилу анҷуманҳо дар мавриди зарурӣ барои худ истифода мекунанд. Шоири муғлақбаён ҳолиё ба пиндори онҳо аз дарки мантиқ барканор аст ва суханаш бештар ба ҳазён мемонад.
Адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо мисоле дорад, ки ин пиндорро ба куллӣ рад мекунад ва сухани муғлақро беҳтарин сухан мешуморад. Анварӣ, ки яке аз паёмбарони шеъри тоҷикӣ шинохта шудааст, дар ин хусус байте дорад ва он ин аст:
Муҳаймино, чу ба тавҳиди ту кушодам лаб,
Шуд аз ҳидояти фазли ту гуфтаам муғлақ.
Абдулқодири РАҲИМ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АЗ АҚЛ ТО БЕАҚЛӢ
Боре атрофиён ба Линколн эътироз карданд, ки чаро пешниҳодеро, ки дирӯз мухолифаш буд, имрӯз ҷонибдорӣ мекунад?
Линколн гуфт:
- Вақте инсон наметавонад, ки аз дирӯз дида имрӯз боақлтар шавад, чӣ гуна метавонад сиёсатмадор бошад.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ДАВЛАТЕ, КИ ҚАРИБ ДУХТУР НАДОРАД
Ҷумҳурии Чад, мамлакат дар Африқои Марказӣ, қариб ки табибони маҳаллӣ надорад. Дошта бошад ҳам, ниҳоят кам.
Ба ин хотир, дар баъзе беморхонаҳои ин давлати африқоӣ кормандони хориҷии ташкилоти Салиби Сурх ва созмонҳои дигари байналмилалӣ фаъолият менамоянд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
АЗ ТАЪРИХИ КОРТИ БОНКӢ
Қаблан дар ҳама соҳаҳое, ки ба пул сарукор мегирифтанд, китобҳои қарзие буданд, ки бидуни онҳо ва дар ҳолати надоштани як варақи дахлдор кас наметавонист корашро анҷом диҳад. Ин китобҳои махсус на дар бонкҳо, балки дар мағозаҳо низ ба чашм мерасид. Ҳар як мағоза як китоби алоҳида бо навиштаҷоти номаш дошт, бинобар ин мардум маҷбур буданд, ки як ҷузвдони пурраи коғазҳоро бо худ баранд.
Боре соҳибкори маъруфи аврупоӣ Фрэнк Макнамара дар тарабхона пас аз фармоиши хӯрокҳо пул дода наметавонад, зеро ҳамёнашро дар хона фаромӯш карда буд. Пас аз он ӯ қарор кард, ки ҳамаи китобҳои қарзиро ба як ҳамакора муттаҳид кардан лозим аст, ки онро дар ҳама муассисаҳо истифода баранд. Пас аз як сол, ӯ ихтирооти худро санҷид, аммо имкон ба ӯ даст надод, зеро вай аз сактаи қалб фавтид. Чанде пас кортҳои кредитӣ расман аз ҷониби Бонки Франклин Нешнл соли 1951 ба роҳ монда шуд. Дар аввал, онҳо аз картон сохта мешуданд ва пас аз ҳашт сол «Амрикоии экспресс» як нусхаи пластикиро баровард, ки мо ҳоло онро истифода мебарем.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
8 МУЪҶИЗАИ СОЗМОНИ ШАНХАЙ
2. МАҶМААИ ҲАФРИЁТИИ «ТАМГАЛИ»
Солҳои 50 – уми асри гузашта дар минтақаи Танбали ё Тамгалии Қазоқистон қариб 2000 петроглифи рӯйисангӣ пайдо гардиданд, ки намунаҳои қадимтарини санъати ҳаккокӣ дар санг маҳсуб меёбанд. Аксари онҳо ба асри биринҷӣ тааллуқ доранд. Маҷмааи мавриди назар дар масофаи 170 км дар самти шимолу ғарбии шаҳри Алма – Ато, дар кӯҳҳои Анракай, ҷойгир аст.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
ГАП САРИ ОВОЗ НЕ!
Тони Гейри 21 – солаи лондониро садое буд басо гӯшхарош, вале сурудхониро бисёр дӯст медошт. Боре шабона, ҳангоми оббозӣ дар ванна, аз рӯи одат бону таронаи «Неlр!» - и гурӯҳи «Beatles»-ро ба тамоми овоз сурудан гирифт. Аз байни калимаҳои фиғономез танҳо вожаи «ёрӣ!» («help») фаҳмо ба гӯш мерасид ва ҳамсояҳои ҳайратзада гумон карданд, ки касе ба Тони дарафтодаву ӯро буғӣ намудан дорад. Аз ин рӯ, зуд ба пулис хабар доданд. Вақте ки нофаҳмӣ аз байн рафт, пулис бо писханд гуфт: «Воқеан, ҳеҷ бовариамон намеомад, ки ин бону суруд мехонад!».
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
ҚОНУНҲОИ АМАЛКУНАНДАИ ҒАЙРИОДӢ
Дар Канада агар шахси ба ҳабс маҳкум шуда одамеро ёбад, ки ба ҷои ӯ дар зиндон шинад, пас, муттаҳамро озод карда, ихтиёриро паси панҷа мекашанд.
***
Дар кӯчаҳои шаҳри Кембирҷ теннисбозӣ қатъиян манъ аст.
***
Дар қонунҳои Эстония навишта шудааст, ки пас аз боридани барф давоми 24 соат барои шаҳрвандон тоза кардани назди хонаи худ ҳатмист.
***
Оғоз аз соли 1603 дар муассисаҳои таълимии Япония дарси омӯзиши шиноварӣ ҳатмӣ гардидааст.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ГУЛҲОИ ХОНАГИИ ДАВОБАХШ
Геран. Яке аз маъмултарин гули хонагӣ буда, бӯйи он дарди сарро таскин мебахшад. Ба шахсони гирифтори бемории мигрен равғани эфирии он муфид аст. Хобро ором ва асабониятро рафъ месозад. Дар ҷое, ки ин гул парвариш меёбад, ҳашарот, ба мисли пашша ва хомӯшак, гурезонанд. Бисёр зебост. Агар рустанӣ пажмурда шавад, пас, барои бошандагони хона мушкилие пеш меояду баръакс, сарсабз гардад, хонадонро хуррамӣ интизор аст.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
ҒОРАТГАРИ ГУРЕЗПО Ё ДУЗДЕ, КИ 5 СОЛ ХУДРО ПАСИ ПАНҶАРА БУРД
Дузде дар Екатеринбург ҳеҷ бовар надоштааст, ки бо ду дасти адаб худро ба кормандони прокуратураи вилоятӣ месупорад. Вай ҳангоми амалиёти навбатӣ аз таъқиби ронандае, ки мошинашро ғорат менамуд, гурехта, ба бинои наздиктарин медарояд. Баробари ба бино даромадан милисаҳои зиёдеро дида аз ҳуш меравад.
Дузд ҳангоми пурсиш иброз медорад, ки дар ҳақиқат ғоратгар аст ва вақти ба бино даромадан фурсати хондани лавҳаи назди дарро надошт. Дузди бо пойи худ ба милисахона даромадаро ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум намуданд.
Таҳияи Ҳотами ҲОМИД
ФРАНЧЕСКО ВА МУНТАХАБИ ФУТБОЛИ ИТАЛИЯ
Франческои 101 - солаи итолиёвӣ нафарест, ки шоҳиди ҳама қаҳрамониҳои тими миллии Италия оид ба футбол дар мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ, яъне чор ғолибият дар Ҷоми ҷаҳон ва ду пирӯзӣ дар Чемпионати Аврупо мебошад.
Замоне, ки ӯ 14 сол дошт, кишвараш чемпиони Ҷоми ҷаҳон (1934) гардид. Баъд аз чор соли дигар, яъне соли 1938 итолиёвиҳо маротибаи дуюм қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон шуданд. Ҳамин тавр, Италия дар Чемпионати Аврупо – 1968 (48 - сола), Ҷоми ҷаҳон – 1982 (62 - сола), Ҷоми ҷаҳон – 2006 (86 - сола) ғолибият ба даст овард. Ва, ахиран соли 2021 дар синни 101 - солагӣ Франческо шоҳиди ғалабаи мунтахаби Италия дар Чемпионати Аврупо – 2020 гашт.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
БОНУИ «ҲАЗОРСОЛА»
Дар Қараганда (Қазоқистон) Екатерина С. шиносномаи нав гирифт. Дар сатри «Санаи таваллуд» рақами 948 сабт шуда буд, шахси масъули шиносномадиҳӣ навиштани рақами 1 – ро фаромӯш карда будааст. Екатерина аз ин ҳолат мушавваш гашт ва ба ҳуҷҷатгузор саҳвашро нишон дода гуфт: «Аз ин мебарояд, ки синни ман аз 1000 болост. Ана ёванависӣ!». Вале кормандони шиносномадиҳӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар гапи худ меистоданд: «Мо санҷидем, дар китоби қайди рӯзи таваллуд низ рақами 948 сабт гаштааст ҳамчун санаи рӯзи мавлуди Шумо. Мо наметавонем онро тағйир диҳем». Шикоят ба мақомоти шаҳри Қараганда низ масъаларо мусбат ҳал накард. Дар он ҷо низ тасдиқ намуданд: «Ҳамаи ҳуҷҷатҳо дурустанд». Ба хатое, ки дар вақти додани шаҳодатномаи таваллуд касе роҳ додааст, ислоҳ даровардан ғайриимкон буд. «Чизе, ки ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, дар қайди давлатист, наметавон ба он шубҳа кард», - гуфтанд ба бону. Хулас, Екатерина ба тақдир тан дод ва ҳоло зиёда аз 1000 сол умр дораду худро неруманд эҳсос месозад.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
3. НАПОЛЕОН ВА ТУГМАҲОИ ҚАЛЪАГӢ
Наполеонро ғайри худаш дигарон низ лашкаркаши бузург меҳисобиданд. Вале, бо вуҷуди ин, хатоҳое содир кардааст, ки ҳарчанд дар назари аввал содаву ночиз намоянд ҳам, дар асл тақдирсоз гардидаанд. Яке аз чунин хатоҳо нодида гирифтан ё ба қавле писанд накардани сармои русӣ буд, ки оқибаташ ба ҳама маълум аст.
Дар ҳамин радиф, хатои дигари Наполеон ин истифодаи тугмаи қалъагӣ дар либоси ҷангии аскарони франсуз ба ҳисоб меравад. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки дар авҷи муҳорибаҳо тугмаҳои қалъагӣ ба хунукӣ тоб наоварда, пора-пора мешуданд ва аскарони бечора чун шимашон аз миён меафтид, ба маънои аслиаш луч мемонданд.
Аз русӣ тарҷумаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
ИМДОД
Кӯдаке, ки ҳанӯз яксола нашуда буд, дар гаҳвора забонашро аз даҳон бароварда, ба атрофиён нишон медод. Ҳама шоду саргарм ба ин амал буданд. Ба ҳар нафари тозаворидшуда мегуфтанд, ки ба шӯхиҳои кӯдак таваҷҷуҳ зоҳир бикунанд. Онҳо низ ба ваҷд меомаданд ва ин ҳолатро аккосӣ ва ба наздиконашон ирсол менамуданд. Дар ин маврид пиразани рӯзгордидае вориди хона шуд. Ӯ бо дидани ҳолати мазкур на танҳо ба ваҷд наомад, балки ҳамаро сарзаниш карду гуфт: «Кӯдак аз ташнагӣ ранҷ бурда истодааст ва аз шумо бо ин ишора об мехоҳад».
Ба кӯдак об доданд ва ӯ пас аз нӯшидан ором шуду ба хоб рафт.
Абдулқодири РАҲИМ
ОЁ МЕДОНЕД?
1.Дурӯғи маъмулие, ки ҳар рӯз мегӯем, «Ман хубам» аст.
2.Кӯдаки чорсола дар як рӯз тақрибан чорсад суол медиҳад.
3.Кетчуп соли 1830 ҳамчун дору фурӯхта мешуд.
4.Дарозтарин бозии теннис дар таърих 11 соату 5 дақиқа тӯл кашидааст.
5.Кӯтоҳтарин ҷанг 38 дақиқа давом ёфтааст.
6.Ранге, ки дар қисми зиёди парчамҳои дунё дида мешавад, ранги сурх аст.
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ
ПОСУХИ ЛИНКОЛН БА ГЕНЕРАЛ
Яке аз генералҳои болоназари амрикоӣ ба президент Авраам Линколн номаи эътирозӣ навишта, дар охир таъкид мекунад: «Аз афташ шумо маро аблаҳ меҳисобед?»
- Не, аблаҳ намеҳисобам, вале шояд хато кунам,- ҷавоб медиҳад Линколн.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.08.2021 №: 161 Мутолиа карданд: 2239