logo

иқтисод

ЭНЕРГЕТИКА. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР МЕШАВАД

- Ҳаҷми умумии содироти неруи барқ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 917,14 миллион кВт - соатро ташкил дод, ки дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 4,7  миллион кВт – соат зиёд мебошад.  Ҳамзамон, корҳои таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» бомаром идома дошта, баъди пурра анҷом ёфтани корҳо тавоноии умумии ин се неругоҳ нисбат ба имрӯз 374 МВт афзоиш хоҳад ёфт, - гуфт Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.
 
Бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ, дар ин давра ШСХК «Барқи тоҷик» 2 миллиарду 378,7 миллион кВт - соат неруи барқро ба маблағи 887,5 миллион сомонӣ харид. Маблағи фурӯши неруи барқ дар ин давра 1 миллиарду 657 миллион сомониро ташкил дода, ҷамъоварии он 1 миллиарду 567 миллион сомонӣ мебошад. Нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 194,6 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ба гуфтаи вазир, тайи шаш моҳи соли равон ҷараёни ислоҳот дар соҳа идома ёфта, ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таъсис ва кори онҳо оғоз шуд. Дар асоси технологияи муосири (барномаи билингӣ) - и дар соҳа ҷоригардида, ирсоли СМС - паём ба муштариён оид ба маълумоти ҳисобкунак, сарфи энергияи барқ, маблағи барқи истифодашуда, пардохти он ва бақия баъди сабти электронӣ ё пас аз пардохти маблағ роҳандозӣ карда шуд. Ҳадаф аз ин иқдом шаффофият дар ҳисобу китоби дақиқи энергияи барқ мебошад. Дар натиҷа, сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён беҳбудӣ ёфта, вазорат якҷо бо ҷамъиятҳои шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ барои дар тамоми қаламрави кишвар ҷорӣ намудани системаҳои электронӣ тавассути истифодаи технологияи муосир, корҳоро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 284 НБО - и хурд буда, аз 5 то 4 300 кВт – иқтидор дошта, дар умум 24,8 МВт аст. Тибқи маълумот, дар нимсолаи якум дар неругоҳҳои хурд 9,2 миллион кВт - соат неруи барқ истеҳсол гардидааст.
Вазорат фаъолияташро дар самти тарҳрезӣ, идоракунӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои об беш аз пеш тақвият бахшид. Ҳоло дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз қабили «Марҳилаи якуми таҷдиди неругоҳи барқи обии Норак», «Таҷдиди НБО-и  Сарбанд», «Таҷдиди НБО-и Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA - 1000», «Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ», «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар), «Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика» (Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара), «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ», «Барномаи дастгирии ҷомеаҳо», «Электрофикатсияи деҳот» (қисмати вилояти Хатлон) ва «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ромит» дар марҳилаи татбиқ қарор доранд. Дар доираи лоиҳаҳо 1,3 миллиард доллари амрикоӣ ҷалб шудааст. 
Илова бар ин, татбиқи ҳафт лоиҳаи дигар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла «Сохтмони неругоҳи барқи обии Себзор», «Электрофикатсияи деҳот», «Бунёди хатти интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ - Шуғнон» – марҳилаи 1, «Бунёди хатти интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ - Шуғнон» – марҳилаи 2, «Марҳилаи ҳафтуми лоиҳаи Шуғнон ё худ ҷорӣ намудани низоми электронии пардохти ҳаққи неруи барқ», «Бунёди хатти интиқоли барқи 110 кВ барои пайвасткунии Дарвоз - Ванҷ ба шабакаҳои асосии ширкати «Помир Энерҷӣ» ва лоиҳаи  хусусии  энергетикии  Помир - марҳилаи 3  бо маблағи 96,9  миллион доллар идома дорад.
Ҳамчунин, оид ба ду лоиҳаи дигар - «Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе» (қисмати лоиҳаи рушди соҳаи энергетика) ва «Сохтмони хатти интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ - Қозидеҳ» бо шарикони рушд музокирот баргузор гардида, созишномаҳои дахлдор ба маблағи 35 миллион доллари ИМА (10 миллион маблағҳои грантӣ ва 25 миллион доллар маблағҳои қарзӣ) ба имзо расид.
Далер Ҷумъа иброз дошт, ки дар ин давра барои татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзали соҳа тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла, моҳи июни соли равон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишнома оид ба таъсиси ҷамъияти саҳомӣ, омодасозии арзёбии техникӣ - иқтисодии сохтмон ва истифодабарии ду неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори миёна дар ҳавзаи дарёи Зарафшон имзо шуд.
Таъкид гашт, ки дар шашмоҳаи аввал дар ҷумҳурӣ истихроҷи нафт беш аз 12 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки суръати афзоиш 100,4 дарсад аст. Истихроҷи гази табиӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда бештар буда, ба 384 ҳазор метри мукааб расонда шуд. Ба ҳисоби молӣ ба маблағи 90,9 ҳазор сомонӣ газ истихроҷ шуд, ки суръати афзоиш 101,9 дарсад аст. 
Аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ 517 ҳазору 685 тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва реактивӣ, битум, равғанҳои молиданӣ, кокси нафтӣ ва гази моеъ ворид гардидааст.
- Дар самти рушди қонунгузорӣ ва танзими соҳаи об чанд санади меъёри ҳуқуқие, ки аз тарафи вазорат таҳия гардида буд, мувофиқа ва қабул шуданд. Аз ҷумла, лоиҳаи Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд, - иброз дошт вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2021    №: 162    Мутолиа карданд: 3228
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед