logo

Хабарҳо

Президенти Афғонистон сабаби истеъфояшро шарҳ дод

 
Мир 24. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ изҳор дошт, ки барои пешгирӣ аз хунрезӣ маҷбур шудааст истеъфо диҳад ва ҷумҳуриро тарк  намояд. Вай дар ин бора дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст.
Ба гуфтаи Ғанӣ, «Толибон» ҳамла омода мекарданд. Бо мақсади пешгирӣ аз хунрезӣ ва ҳалокат, ӯ тасмим гирифт, то кишварро, ки «тамоми умри худро ба он бахшидааст» тарк кунад.
«Агар ҳанӯз ҳам ҳамватанони бешумор мебуданд ва онҳо бо харобшавии шаҳри Кобул рӯ ба рӯ мешуданд, он гоҳ шумораи зиёди қурбониён дар ин шаҳри шашмиллионнафара ба вуҷуд меомад. Барои роҳ надодан ба хунрезӣ, ман фикр кардам, ки тарк кардани Кобул беҳтар аст”, - гуфта мешавад дар паём.
Ғанӣ, ҳамчунин, таъкид кард, ки аз ин ба баъд «Толибон» барои "шараф, моликият ва ҳифз" - и мардуми Афғонистон масъуланд.
 
Теъдоди қурбониёни заминларзаи Ҳаити меафзояд 
Известия. Шумораи қурбониёни заминларзаи рӯзи шанбе дар Ҳаити баамаломада ба 1297 нафар расид. Дар ин бора  агентии  France - Presse   бо такя ба маълумоти шуъбаи мудофиаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ хабар дод.
Ҳадди ақал 5,7 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуд, ки 3,2 ҳазор нафари онҳо дар беморхона бистарӣ шуданд. Ҷустуҷӯи одамон аз зери харобаҳо идома дорад.
Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки аз талошҳои ҳукумати Ҳаити барои ёрӣ расондан ба осебдидагони зилзилаи ахир ҷонибдорӣ мекунад ва омода аст ёрии минбаъдаро расонад.
 
 
Россия ҳанӯз ҳукумати «Толибон»-ро эътироф намекунад, аммо…
Мир 24. Россия омода аст бо «Толибон» ҳамкорӣ намояд, аммо ҳоло ҳукумати онро эътироф намекунад. Дар ин бора ба «Вести» намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия дар Афғонистон, директори департаменти дуюми Осиё Замир Кобулов хабар дод.
Россия ният дорад бо роҳбари дафтари сиёсии «Толибон» Абдулғанӣ Бародар дар Доҳа мулоқот кунад. «Ҳоло мо бо Мулло Бародар дар Доҳа суҳбат хоҳем кард. Минбаъд хоҳем дид, ки ин чӣ гуна хоҳад буд», - гуфт Кобулов.
Ӯ зикр кард, ки Федератсияи Россия бо ҳар ду ҷониби мухолиф дар Афғонистон муносибатҳои хуб дорад.
«Аз ин рӯ, мо беташвишем», - хулоса кард ӯ.
 
 
Изҳороти сиёсатмадори олмонӣ оид ба «Маҷрои шимолӣ – 2»   
РТ. Агар Ҳукумати тозаинтихоби Олмон тасмим гирад, ки аз лоиҳаи «Маҷрои шимолӣ-2» даст мекашад, ин боиси марги Олмон ҳамчун як кишвари пешрафтаи саноатӣ мешавад, - гуфт раиси ҳизби «Алтернативӣ барои Олмон» Йорг Мойтен. 
Дар мусоҳиба бо «Известия» ӯ зикр кард, ки беасос рад кардани Канслери феълии Олмон Ангела Меркел бо мақсадҳои осоишта истифода бурдани энергияи атомӣ кишварро ба вазъи буҳрони соҳа оварда расонд.
«Ҳамин тариқ, ба андешаи ман, вазъияте ба вуҷуд омадааст, ки дар он  «Маҷрои шимолӣ-2» барои чунин як кишвари аз ҷиҳати саноатӣ пешрафта, ба монанди Олмон, ивазнашаванда шудааст», - таъкид кард сиёсатмадор.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 876
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед