logo

сиёсат

БАЪД АЗ ҲАЗОР СОЛ… НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Баъд аз ҳазор сол, бале, баъд аз ҳазор сол тоҷикон соҳиби давлат шуданд. Бори охир мардуми тамаддунофари тоҷик нашъаи давлатдориро дар аҳди Сомониён чашида буданд. Бори дигар соли 1991 имкони таърихӣ фароҳам омад, ки тоҷикон соҳиби давлат ва шаъну шарафи миллӣ гарданд. Муддате аз ин падида хурсанд будем, ки ногаҳон чанде аз ҷоҳталабон ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро оғоз намуда, мардумро қатлу ғорат карда, мавзеъҳои ободро ба харобазор табдил доданд. Дарё - дарё хуни тоҷик рехт, оилае набуд, ки ҷигарбандашро, сарпарасташро, ақрабои наздикашро, дӯсту ҳамсабақу ҳамкорашро аз даст надода бошад. Гуруснагӣ, саргардонӣ, тарсу ҳарос, ноумедӣ он замон ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Кишвар дар хатар буд, касе ба ояндаи нек бовар надошт. 
 
Хушбахтона, дар ҳамин лаҳзаҳои фоҷиабор Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гашт, Сарвари давлат интихоб шуда, бо дили пур аз меҳр ба ҳамватанон  муроҷиат карда, гуфтанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам!». Ва бо сарбаландӣ ба қавли худ вафо намуда, ба мардуми азиятдидаи тоҷик сулҳ, ваҳдат ва ободиву озодӣ оварданд. Дигар дар кӯчаҳо бо тарсу ваҳм қадам намезанем ва барои як бурда нон соатҳо навбат намеистем. Зеро Пешвои дилсӯзу ғамхор дорем, ки дасти хурду бузургро мегиранд. Ҳамин аст, ки ҳамагон нисбат ба Сарвари маҳбуби хеш бо меҳру муҳаббат сухан мегӯянд ва умри пурбаракат таманно мекунанд. 
Аз ҷумла, бонуи 71-солаи  деҳаи Гулистони деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара Орзугул Бобоева бо сидқу сафо арз медорад: «Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои хиради азалиянд. Маҳз ба шарофати хидматҳои шабонарӯзиву хастагинопазирашон имрӯзҳо мо дар Ватани ободу ором ба сар мебарем. Сарвари давлат ғамхори ҳамагонанд, махсусан пирону барҷомондагон, ятимону бепарасторон. Мо аз чунин Роҳбари мушфиқу меҳрубон ифтихор дорем».  
Сокини дигари деҳоти Сангтӯда Сангимоҳ Қурбонова бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат мегӯяд: «Зиҳӣ, модаре, ки чунин фарзанди накукору раиятпарвар, бунёдкору созанда, ташаббускору пешоҳанг, нотарсу далер, бараҳму хайрхоҳро ба дунё овардааст, ки дар лаҳзаҳои барои мамлакат ва халқи ҷафокашидааш душвор, сина сипар кардаву ба ҷумҳурӣ сулҳу суботи абадӣ овард».
Бале, ин ҳама ободӣ ва комёбиҳо натиҷаи талошу заҳматҳои фарзонафарзанди миллати тамаддунофари  тоҷик Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Тайи солҳои роҳбариашон мамлакат аз ҷанги хонумонсӯз раҳо ёфта, ба ояндаи неку дурахшон гомҳои устувор мегузорад. Ҳамагон шоҳидем, ки солҳои ахир мардуми тоҷик дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас комёб мегардад. Дар ин давра дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо километр роҳҳо, ки асоси пешрафти иқтисодиёт аст, бунёду навсозӣ шуданд. Иртиботи ҳамешагии нақлиётӣ миёни ҷанубу шимоли кишвар барқарор гардид, ки ин дар рушду нумӯи шаҳру ноҳияҳои мамлакат саҳми бориз мегузорад. Дар баробари ин, ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ бунёд ёфтанд, ки ба болоравии сатҳи маърифати толибилмон такони ҷиддӣ бахшиданд. Ҳамин аст, ки тайи ин солҳо муҳассилини тоҷик дар олимпиадаҳои гуногуни байналмилалӣ ширкат варзида, бо пирӯзиву комёбиҳои камназири хеш обруву нуфузи Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар мебардоранд. Чунин муваффақиятҳоро, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овард, метавон идома дод, вале дар доираи як матлаб ғайриимкон аст. Танҳо ҳаминро бояд таъкид сохт, ки ба заҳматҳои содиқонаи Сарвари давлат на танҳо дар кишвар, балки берун аз он низ арҷ мегузоранд.  Аз ҷумла, сиёсатмадорони барҷаста Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев, собиқ сарвари ҶМЧ Ху Сзинтао, аввалин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Беларус Александр Лукашенко ва даҳҳо симои ҷаҳонӣ ба хидматҳои  мондагори Пешвои муаззами миллат баҳои сазовору арзанда додаанд, ки дар саҳафоти таърих бо ҳарфҳои заррин барои абад сабт шудаанд.
 
Кароматулло АТО,  
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2021    №: 163    Мутолиа карданд: 1645
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед